11:39:45 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

АЗ РОҲ БА ТУРКИСТОН ҲАРОСЕ НАДОРАМ

Мӯҳтарам Акдоди Абӯмуслим! Миннатдорам, ки маро водор намудед, то фикру андешаҳои худро бори дигар саҳеҳтар ва равшантар алайҳи айбномаи Шумо коғаз оварам. Ман намехоҳам бовар кунам, ки дар таҳияи ин мақола ҳарифи асосии ман дар интихоботи парлумонӣ даст дошта бошад.

 

Мақола нажодпарастии тоҷикӣ (ки дар ягон давраи таърих хоси ин миллат набудааст), бадбинӣ нисбати аққалиятҳои миллӣ (асосан ӯзбекон), таъну лаън ба аҷнабиён (бихон ғайри тоҷикони аслӣ), тарафдорӣ аз «монолит»-и миллӣ ва фарҳангии аз «ихтилофот» покиза, муқобили асосҳои демократия ва тарафдори қурбон намудани асосҳои ҳуқуқи башар ва волоияти қонун ба хотири идеологияи фашистиро тарғибу ташвиқ мекунад.

 

Илова ба ин, «муаллиф» яке аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷик Сайёфи Мизробро ба миллатгароӣ муттаҳам намудааст. Чи хел метавонад нафаре дар як вақт ваҳдатофару миллатгаро бошад ё ваҳдати шумо бо як миллат, қавм, ноҳия ё деҳа хотима меёбад? Ман кӯшиш мекунам, ки дар ҷавоб «гуноҳҳо»-еро, ки муаллиф маро дар қатори дигарон ба онҳо маҳкум намудааст, иқрор ва инкор кунам.

 

Ман иқрорам, ки дар дохили ин кишвар ва ё берун аз он, мо на муқобили турку на муқобили ӯзбек ва на муқобили дигар халқияту миллатҳоем. Ман иқрорам, ки тарафдори чунин «идеяи миллӣ» нестем ва нахоҳем буд, ки он дигар гурӯҳҳои одамонро паст занад ва нисбати дигарон бадбин бошад. Ман ба «ҷурми ӯзбекдӯстӣ» иқрорам, гарчанде ки дахолат ва дастгирии ҳукумати феълии Ӯзбекистон як ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки омили асосии ғалабаи он ҷониб гардид, маҳкум намудаам ва менамоям.

 

Вале мо боз иқрорем, ки тоҷикон дар он кушторҳо на камтар аз «аҷнабиён» даст доштанд. Ва ман тарафдори он нестам, ки имрӯз иттифоқчиёни дирӯза Тоҷикистонро боз майдони набард ва бадбахтӣ гардонанд. Дар ҳақиқат ҳам ин иштибоҳи бузурги роҳбарияти Ӯзбекистон ва хиёнати он қисмати тоҷикон буд, ки чунин дахолатро тарафдорӣ намуданд ва онро ба манфиати хеш истифода карданд, на айби миллати ӯзбек, на айби мардуми тоҷик.

 

Вале агар мо имрӯз дар гирди ин мавзӯъ баҳс кунем, боз маҳз ба ҳамон ҷой бармегардем. Ман то дами охирини умрам он кушторҳо, хиёнатҳо, беномусиҳо, иштибоҳҳо, беинсофиҳо ва беадолатиҳоро фаромӯш нахоҳам кард. Бисёриҳо аз он «хунбаҳо»-и бадахшониён хеш, пайванд, дӯст ва шиносҳои ман буданд.

 

Имрӯз фарзандони ятиммондаи онҳо, занҳои бевамондаи онҳо, модарони ҷигарсӯхтаи онҳо ҳатто қалбҳои сангину мармариву пулодиро ҳам намемонанд, ки аз онҳо фаромӯш кунанд. Вале ман илтиҷо мекунам, ҳам аз дӯст ва ҳам аз душман, ки арвоҳи поки онҳоро боз як бори дигар қурбони бозиҳои сиёсии худ нагардонем. Ва «каҷ шинему рост гӯем», ки на ҳамаи онҳо аз тарафи «воҳидҳои низомии Ӯзбекистон» кушта шуда буданд. Вале фаҳмидан зарур аст, ки бе бахшиш мо ба ваҳдат намерасем.

 

Шумо сухан аз Самарқанду Бухоро мегӯед.  Шумо бояд иқрор шавед, ки қариб буд ҳатто Душанбеву дигар манотиқро бо ду дасти адаб ба «аҷнабиён» месупурдед. Ин матонат, истодагариҳо ва ҷонбозиҳои Мамадбоқировҳову Зиёевҳо буд, ки чунин нақша амалӣ нагашт.

 

Имрӯз бошад, он хушомадгӯёни «аҷнабиён», ки ба чунин иқдом даст зада буданд, ниқобҳои худро иваз намуда, онҳоеро, ки аз ин миллат, аз ин мардум, аз ин фарҳанг дифоъ намуда буданд, ҷинояткор эълон мекунанд. Мо ба фарқиятҳои дохили мардуми тоҷик иқрор ҳастем ва ҷурме дар он намебинем. Мо муштаракоти фарҳангии на танҳо тоҷикон, балки тоҷикистониён, мардуми минтақа ва аз ин ҳам фарохтарро мебинем ва эътироф мекунем.

 

Шумо маро ҳамзабон хондед. Мо ҳаргиз бо шумо баринҳо ҳамзабон нахоҳем шуд. Мо бо озодихоҳони ӯзбек, ки имрӯз дар зиндонҳои Каримов умр ба сар мебаранд, ҳамзабонем. Ҳамзабонҳои Шумо Каримовҳову Отатуркҳоянд. Иқрорам, ки ман шахсан ва ҳизби ман тарафдори ҳифзи забони модарии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як инсон мебошем ва дигар хусусиятҳои таърихии ин мардум ва ҳамаи дигар мардумонро эътирофу эҳтиром менамоем.

 

Мо бар он ақидаем, ки инҳо фарқиятҳоянд, на ихтилофот ва ин фарқиятҳо на танҳо мансуби бадахшониён, балки умуман мансуби дигар мардуми тоҷик ва тамоми мардуми ҷаҳон мебошанд. Мо бар онем, ки ин на танҳо ҳуқуқи мост, ки ин фарқиятҳоро эътирофу онҳоро дифоъ кунем, он асоси ору номуси мо ва вазифаи муқаддаси мо мебошад. Фарқият ихтилоф нест, онро тангназарӣ, шовинизм ва бадбинӣ нисбати дигарон ихтилоф мегардонад.

 

Шириншо Шотемур маҳз қурбони чунин фаҳмиш аз фарқиятҳо гардида буд. Ман ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки ба ягон роҳ забони модарии Шириншо Шотемур рахна ба ягонагии миллате занад, ки ӯ барои он ба қимати ҷони хеш давлат бунёд намуд. Ин хатар маҳсули тафаккури ашхосе мебошад, ки тарафдори якказабонӣ, яккамиллатӣ, яккаҳизбӣ, нажодпарастӣ, аслзодагӣ, яккамазҳабӣ мебошанд. Яккаву ягона танҳо Худованд аст, ки оламро офаридааст ва бо гуногунӣ, рангорангӣ ва бо фарқиятҳояш онро оро додааст.

 

Мо тарафдори ягонагии тоҷикон, тоҷикистониён ва ҷаҳониён мебошем. Мо фарқиятҳои байни афрод, фарқиятҳои дохилиоилавӣ, дохилиноҳиявӣ, дохилимиллӣ, дохилиминтақавӣ, умумиҷаҳонӣ ва умумибашариро медонем ва эътироф менамоем ва зараре дар он намебинем ва ба ҳеҷ ваҷҳ мо ин фарқиятҳоро қурбони ягон идеология нахоҳем кард.

 

Забони модарии ман, расму одатҳои мардуми ман, асосҳои фарҳангии мардуми ман чун шири модарам ба ман азизу ширину муқаддасанд ва ман онҳоро ба ягон забони дигар, ба ягон расму одоти дигар, ба ягон фарҳанги дигар иваз нахоҳам кард. Ҳамзамон, ҳамаи забонҳо, русумот ва фарҳангҳоро эътирофу эҳтиром менамоям.

 

Ман чунин ҳақро барои ҳамаи дигар шахсон ташвиқ мекунам, ки забон, расму одот ва фарҳанги худро ҳифз кунанд. Мо ҳаргиз инҳоро «арзишҳои хурд ва ночиз» намешуморем. Шумо тарғибгари яккаҳизбиед ва мансубият ба дигар аҳзоби ғайри ҳизби ҳукмронро хиёнат мехонед. Мо дар фарқият аз шумо тарафдори волоияти қонун ҳастем ва ин аҳзоб бар асоси қонуният ва Конститусияи Тоҷикистон ва бахусус меъёрҳои фалсафаи сиёсие, ки давлати ҳозираи ҳуқуқбунёди тоҷикон бар он асос ёфтааст, созмон дода шудаанд ва фаъолият мекунанд.

 

Шумо ин Конститусияро тамоман эътироф намекунед. Шумо дар таъну лаъни «аҷнабиён» ба монанди зиёда аз ду миллион шаҳрвандони ӯзбектабори Тоҷикистон ниҳоят беэҳтиётед, ки тибқи қавонини кишвар ҷурми сангин аст ва муҷозот дар пай дорад. Шумо Тоҷикистонро танҳо ватани тоҷикони аслӣ мебинед, ки маънои даъват ба фишор бар шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро дорад.

 

Ба дунё омадани онҳо чун миллати ӯзбек ё тотор ё русро «ҷурм» мешуморед ва маҳкум мекунед. Шумо аз фарзандони баору номуси Бадахшон дар Русия сухан мекунед, ки ҷасади садҳои онҳоро аз Русия бо сабаби густариши чунин идеологияи нажодпарастона ва миллатгароёна, ки шумо тарғиб мекунед, дар давоми сол ва солҳои сол дар тобут ба ватан бармегардонанд.

 

Шотемур ҳам аз тарафи муқобилони ташкили давлати тоҷикон ба дӯст будан ба кофирону аҷнабиён ва аз мансубият ба ҳизби «берешаи аҷнабӣ» ҳама вақт муҷрим дониста мешуд. Охири охирон, мо иқрорем, ки пайрави ҳуқуқи башар, аз ҷумла фидоиёни озодии сухан ва матбуот мебошем. Он тарафдориҳои бадахшониён ва дигар тоҷикон дар бунёди «Роғун», ки шумо аз он сухан мегӯед, на ҳама воқеият аст, балки натиҷаи адами озодии сухан ва матбуот ва натиҷаи фаъолияти машинаи пропогандистӣ мебошад.

 

Он натиҷаи адами волоияти қонун, принсипи озодии сухан ва матбуот аст. Волоияти қонун ва кафолати ҳуқуқҳои инсон афкореро, ки шумо дар мақола тарғиб мекунед, таъну лаъне, ки бе ягон асоси воқеӣ ва мамоният бар як қисмати умдаи шаҳрвандони кишвар рӯйи коғаз меоваред, идеологияи фашистиро тарафдорӣ мекунед, маҳкум мекунад ва ба ин иқдоми шумо баҳои қонунӣ ва ахлоқӣ медиҳад.

 

Ман иқрорам, ки сохтмонҳои азимро аз ҳисоби ситондани иҷбории пули мардуме, ки 80 фисади он гирифтори фақру нодорӣ аст, хилофи асосҳои ҳуқуқи башар мешуморам. Аз ҳама муҳимаш, ман ва ҳизби ман қотеъона муқобили ҷомеае мебошем, ки шумо дар мақолаи худ онро тасвиру тарғиб мекунед, яъне ҷомеае, ки биҳишт барои миллати «тоҷикони аслӣ» (хонда шавад: маҳале) ва дӯзах барои дигарон  бошад.

 

Ҳизби мо бар принсипи фалсафӣ ва ахлоқие бунёд ёфтааст, ки яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи инсониро маҳз дар дифои ҳуқуқи аққалиятҳо мебинад, ки дар Тоҷикистон онро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Ҳизби мо эълом медорад, ки ба ҳеҷ хотир мо муқобили ин принсип нестем, агарчи он дар интихобот сабаби мағлубияти мо гардад ҳам.

 

Ин принсипи бунёдии мост ва мо аз он ба хотири иваз шудани шахсият, ҷинсият ва миллияти роҳбарон, синну соли онҳо ва манфиатҳои рӯзгузари ҳизбу аъзои алоҳидаи он даст нахоҳем кашид. Мо тарафдори ҷомеае нестем ва мо эътимоди комил дорем, ки дар замони муосир ҳеҷ миллат ё давлат бе такя бар чунин принсип рушду нумӯъ карда наметавонад ва ҳаёти арзандаро барои шаҳрвандони худ ҳам сохта наметавонад.

 

Саҳеҳ аст, ки идеологияи шумо идеологияи фашистӣ мебошад ва ман умед дорам, ки ин идеологияи давлати кӯҳанбунёди тоҷикон ва ҳизбе, ки Шумо моро ба он гаравидан талқин мекунед, нест ва нахоҳад буд. Аз ҷумла умед дорам, ки он идеологияи ҳарифи ман дар интихоботи парлумонӣ ҳамчун намояндаи ин ҳизб муаллим Шаҳбозов Мирганд нест.

 

Бинобар ин, аз муаллим хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро нисбати ин мақола барои ҷомеа рӯшан намоянд. Ҳамчунин, фикр мекунам, ки Сайёфи Мизроб низ мӯҳр бар лаб намениҳад. Ман медонам, ки чунин тарафдорӣ аз ҳарифам ба манфиати ман хоҳад буд, вале ман хоҳони чунин пирӯзӣ нестам. Ба забони мардуми мо, на-куллуг, на-хайр!

 

Идеологияи миллии ҳизби мо - ин ҳурмату эҳтироми инсон, ҳуқуқҳои бунёдии инсон, озодии инсон, хушбахтии инсон сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ғайра мебошад. Имони мо он аст, ки дар ҷаҳони имрӯза бе чунин идеология ягон миллат наметавонад ба комёбӣ ноил гардад. Ягон комёбӣ бар асоси тангназарӣ, миллатпарастӣ ва аз ҳисоби инсонҳои дигар ба қавли Ҳофизи Шерозӣ «дар мазҳаби мо кофирӣ» дониста мешавад.

 

Дар охир ман муаллифи мӯҳтарам, кулли сиёсатмадорон, созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инсонҳои шарафманд ва дар маҷмӯъ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват мекунам, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва гурӯҳӣ ба густариши чунин идеологияи зидди инсонӣ роҳ надиҳем.

 

Яке аз омилҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ - ин шӯру ғавғо ба хотири манфиатҳои шахсӣ дар гирди мафҳуми «пантуркизм» буд, вале касе нишона, намуна ва таъсири онро на ба чашм дид ва на ба пӯст ҳис намуд. Имрӯз моро ба қисмате аз ҳамватанонамон метарсонанд. Вале ба машаққати зиёд ҳам бошад, мо аз гаҳвора баромадем. Тоҷикистон Ватани ҳамаи тоҷикистониён аст!

 

Бо эҳтироми том, Алим Шерзамонови тоҷикистонӣ

http://ruzgor.tj/siyosat/1722-2010-02-10-07-30-10.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi