10:24:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

МУҚАДДИМА

peshvo-fdfd555555555Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали  сиёсӣ нақши фавқулода муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро" тақозо мекунад.

Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола  баъзе аз паҳлуҳои назариявӣ ва амалии субъекти сиёсӣ дар чаҳорчӯби манфиатҳои амнияти миллӣ  мебошад.

ШАХС ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

Тамоми даъвоҳое,  ки    фард, шахс, шаҳрванд метавонад берун аз сиёсат  бошад, на танҳо имрӯз, балки дар тамоми давру замон асоси воқеӣ надошт. "Давлат мансуб ба зуҳуроти моҳиятӣ (инсонӣ - С.Я.) аст. Инсон, табиатан, мавҷуди сиёсӣ мебошад. Касе, ки аз рӯи  хислат, на аз рӯи ягон ҳодисаи фавқулода, "берун аз давлат" зиндагӣ мекунад, аз ҷиҳати рӯҳӣ солим  нест.... Гомер онро беасл, берун аз қонун ва ломакон номидааст. Ин гуна шахс фақат ташнаи низоъ мебошад"  (Аристотель. Сочинение в четырех томах. Т.4. -М.: 1983. -С. 378). Аввалин эҳсос ва кӯшишҳои зарурати сохтани давлат, оғоз аз дунёи қадим, фардро сиёсӣ мегардонад. "Сиёсат - иштирок дар корҳои давлатӣ, муайянкунии мақсад,  функсия ва вазифаҳои давлатиро дар назар дорад".

Ҳуқуқи конститутсионии ширкат дар идораи давлатӣ ва тамоми шаклҳои интихобот ва раъйпурсӣ далели қотеи мансубият ба субъекти ҳуқуқ, аз ҷумла, истифода бурдан аз ҳуқуқҳои сиёсиро дорад.

Бидуни шак,  байни субъекти ҳуқуқ (шахси ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ) ва субъекти сиёсӣ фарқ ҳаст. Субъекти ҳуқуқӣ, тибқи қонун, мавҷудест, ки худ ва ё тавассути намояндааш имконоти амалӣ кардани ҳуқуқ ва уҳдадориашро доро мебошад. Вақте ки давлат шахсро ҳамчун субъекти ҳуқуқ эътироф менамояд, ҳамзамон манзалати сиёсии ӯро дар назди худи давлат ва муассисаҳои он муайян месозад. 

Гузоштани сарҳади қатъӣ байни субъекти ҳуқуқ (дар назар аст, пеш аз ҳама, субъекти воқеӣ)  ва субъекти сиёсӣ  маҳз аз ҳамин хотир чандон воқеият надорад. Ҳадди ақал ба хотири он, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ мансуби маҳсули фаъолияти бузургтарин муассисаи ҷомеа ва ташкилоти сиёсӣ - давлат мебошад. Ҳамин тариқ, истилоҳоти субъекти ҳуқуқӣ ва субъекти сиёсӣ ба ҳам наздиканд. Аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Якдигарро пурра мегардонанд.

Муҳимтарин нишонаи субъекти сиёсӣ гаштани инсон, ки ба тарзи табиӣ рӯй медиҳад, дар сарзамини муайян, бо номи ҷуғрофиёии мушаххас ба дунё омадани ӯст. Мақоми аслии охирин аз лиҳози ҳуқуқӣ тибқи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои одӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии кишвар муайян карда шудааст. Ба ибораи дигар, ин ҳолат бидуни ихтиёр доро гаштан ба статуси субъекти ҳуқуқӣ ва асос барои минбаъд соҳиб шудан ба мақоми сиёсиро  дар назар дорад. Вобаста ба макони таваллуд ва дар алоқамандӣ бо оила,  дар шуури инсон манзалати ватандорӣ ва мансубият ба миллати муайян тавлид мешавад.

Ин ҷузъиётро омилҳои табиӣ, воқеӣ ва асосӣ - фундаменталӣ номидан   мумкин аст.

Пояҳои ҳуқуқии зикргардида, асос барои мавқеъгирии иҷтимоӣ-сиёсии  шахс дар ҷомеа мебошанд.

Таърихи ба ҳаёти конститутсионӣ ворид гаштани ҷомеа таҷрибаи чандҳазорсола дорад. Ба тарзи ғайричашмдошт арзи ҳастӣ накардааст. Он натиҷаи рушди шахс, ҷомеа ва аз як давра ба давраи дигари таърихӣ ҳаракат кардани инсон аст.

РОҲНАМОИ СИЁСӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

 Созандаи таърих табиат нест. Худи Инсон аст. "Воқеоти сиёсӣ дар доираи маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва фактори ҷуғрофиёӣ дар раванди сиёсат... муассир бошад ҳам, инсон, на омили ҷуғрофиёӣ воқеоти сиёсиро  муайян мекунад" (Plano J., Оlton R. The unternational Relation Dictionary. -New York.: 1982. -Р. 99). 

Давлат - ҳамчун муассисаи пешбарандаи ҷамъият ва масъултарин субъекти мавҷудияти арзандаи аъзои он, мураккабтарин, муҳимтарин ва бузургтарин кашфиёти Инсон аст. То ҳол таърифи пурраи ин падидаи ҷамъиятӣ (сарфи назар аз панҷ аломати аслӣ – классикӣ  ва маъмули он)  вуҷуд надорад.

Шахсият ҳаст, ки давлатро (хонда шавад миллатро) дар баҳри пурталотуми ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, ҳуҷумҳои  фарҳангии бегонагон ба соҳили мурод мебарад.  

Шахсиятҳо ва симоҳои абарқудрат мухталифанд ва албатта, миёни онҳо  шахсиятҳои сиёсӣ нақши меҳварӣ доранд, зеро дар байни шаклҳои шуури ҷамъиятӣ сиёсат аз лиҳози мақом ва моҳият қавитарин маҳсуб меёбад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар тамоми давру замон, дар маркази сиёсати ҷаҳон Шахсият ҳамчун субъекти сиёсӣ - ташаббускор, ташкилотчӣ ва амалкунанда дар назар дошта мешавад. "Таърихи дунё тарҷумаи ҳоли одамони бузург аст" (Томас Карлейл. Энциклопедия ума. -М.: 2012. -С.276). Тақдири давлатҳо ва миллатҳо бо номи  Шахсият дар вобастагии зич  қарор дорад.

Бешубҳа, масъалаи шахс (раҳбар) ҳамчун субъекти сиёсӣ,  мисли дигар паҳлуҳои воқеияти ҷамъиятӣ, ҷанбаҳои таҳқиқи публитсистӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва ҳамзамон мардумӣ дорад. Аммо таъкид бояд кард, ки дар илми давлатшиносӣ раҳбарии сиёсӣ аз муҳимтарин масъалаи илмӣ, объекти омӯзиш ва арзёбӣ ба ҳисоб меравад. Муносиботи сиёсӣ маҷмӯи муносибатҳои ниҳоят мураккаби субъектҳои сиёсӣ дар доираи система, структура ва функсияҳои сиёсӣ мебошад.

Масъалаи раҳбарии сиёсӣ дар муддати зиёда аз панҷ ҳазор сол ва зиёдтар аз он, яъне аз замоне ки эҳсоси зарурати ҳатмии сохтани муассисаи барои ҷомеа ҳаётан муҳим, таҳти номи давлат (state) дар майнаи Homo Sapience (зуҳуроти соҳиби шуур) ба вуҷуд омад, пайдо гаштааст. Ин ангеза (лидери сиёсӣ) масъалаи (талаботи) шахсӣ, фардӣ, танҳо тамоюли марбути як нафар набуд ва нест. Он тақозои ҳаётан муҳимми давлат, миллат, аз умдатарин қонуният ва омили рушди ҷомеаи маданӣ мебошад.

Сулҳ, Субот, Оромӣ,  Осудагӣ ва ҳамзамон тарзи ҳаёти шоиста, рӯ ба беҳбудӣ, умеди устувор ба зиндагии имрӯз ва оянда аз орзуҳои  аслӣ ва ҳамешагии инсон ба ҳисоб мераванд. Ба исм, сифат ва ибораҳои номие, ки ҳамчун воқеият ва ормон хотирнишон гардиданд, мудом таҳдидҳои рӯзмарраи ба онҳо баробар ва ҳатто бамаротиб зиёд вуҷуд доранд. Ҳамин тариқ, дар "саҳнаи театр"-и субъектҳои сиёсӣ, дар муносибат  бо ҷомеа, даҳҳо актёрҳо дар нақшҳои гуногун ба бозӣ медароянд. Худро дар ҳар ранг, дар ҳар либос ба намоиш мегузоранд. Ҳар кадоми онҳо ҳам манфиат ва ҳам имконоти муайян доранд. Маҳз аз ҳамин хотир, тақозои ҷомеа аст, ки дар майдон Раҳбари оқил, хирадманд,  соҳибтаҷриба,  ҷавонмард, ғаюр рӯи саҳнаи сиёсӣ бошад. Қобилияти сарҷамъ кардан ва ба як мақсади барои худи миллат ниҳоят муфид сафарбар кардани оммаро дошта бошад.  Ин кори одами одӣ нест. Зеро дар ин ҷараён, тавре хотирнишон гардид, манфиат, фикру андешаи даҳҳо қувваҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ рӯи саҳна мебароянд. Хирадмандона ба ҳам овардан ва ба манфиати миллат раҳнамун сохтани тамоми қувваҳои ҷомеаро фақат Шахсияти фавқулода метавонад.

Ба хотири ҳаётан муҳим будани масъала, бузургтарин олимони дунё дар мавзӯи Роҳбари сиёсӣ омӯзиш, таҳқиқ ва хулосабарорӣ кардаанд.

Афлотун (428/27 - 347/48) раҳбарро ҳамчун шахсияте ба қалам додааст, ки  аз азал илму хирадро парастиш мекунад, ба мардум рӯзгори нек меорад. Созанда ва таҷассумгари ҳақиқии таърихи миллати хеш мебошад.

Таърихшиноси маъруфи фаронсавӣ Т. Карлейл (1795 - 1881)  бо такя ба таҳлили ҳаёти гузаштаи мардумони олам ва диди воқеии худ, ба хулосае омадааст, ки "оммаи  мардум  наметавонанд бе чунин қувваи сафарбаркунандаи  муассир  вуҷуди шоиста дошта бошад".

Дар бораи роҳбари сиёсӣ назарияи қобили таваҷҷуҳи  маҳзро файласуфи немис Ф. Нитсше (1844 - 1890) иброз доштааст. Ӯ дар асараш "Чунин гуфт Зардушт" (1883) таъкид кардааст: "фақат шахсиятҳои бузург, фавқулинсонҳо, ҳамчун намояндагони олии инсоният таърихро меофаранд".  Ба ақидаи ӯ, "фавқулинсонҳо одамони  пурқудрат,  аз лиҳози шахсият дилнишин ва  моил ба пешво будан ҳастанд".

Садсолаҳо қабл аз Нитсше дар бораи шахсиятҳое, ки бо Ақл, Заковат ва Дониши азалӣ ба куллӣ аз дигарон фарқ мекунанд, Абуалӣ ибни Сино таъкид кардааст:  "... ин гуна инсон бояд сарчашмаи таълимот барои инсоният бошад. Ва ин ҷои тааҷҷуб нест. Мо ин қабил инсонро дидем, ки маводро бо тарзи тафаккур ва заҳмати фитрӣ аз бар мекунад" (Ибни Сино. Избранные философские произведения. -М.: 1980. -С. 228).

Олимони дигар Роҳбари сиёсиро хамчун шахсияти таҳлилгари воқеъбин, дурандеш, содиқ  ба қавлу амал барои миллати хеш тасвир кардаанд.

В.Ф. Гегел (1770-1831) аз бузургтарин  олимонест, ки омилҳои шаклгирӣ, рушд ва  сифати  инсонро таҳқиқ ва баҳогузорӣ кардааст. Ӯ дар асари машҳураш  "Фалсафаи рӯҳ" (1821) дар боби тафсири хислатҳои шахсиятҳои таърихӣ таъкид месозад: "Ба сифати шахсият (характер - С.Я.) он қисмати неруи инсон мансуб аст, ки   намегузорад касе ӯро аз роҳи интихобкардааш берун барорад, мақсади худро то ба охир пеш мебарад" (В.Ф. Гегель. Философии духа. -М.: 1977. -С. 77). Дар идомаи сухан оид ба инсонҳое, ки олими бузург эҳтироми худро нисбати онон пинҳон карда наметавонад,  бо қаноатмандӣ иброз медорад: "Инсоне, ки характер дорад,  эътиқод ва эҳтироми дигаронро соҳиб мешавад. Одамон медонанд, дар шахсияти ӯ бо  кӣ сару кор доранд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 77). Файласуфи собитқадам,  ба арзишмандӣ  ва дараҷаҳои амали инсон, ки маҳз аз рӯи он характери ӯро муайян ва баҳогузорӣ кардан мумкин аст, таъкид  мекунад: "Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худ сифати шахсияти бузургро ошкор месозад. Ва маҳз ҳамин хислат ӯро барои дигарон машъал менамояд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 77). 

Ба ақидаи ин олими бузург, "ҳақиқатро танҳо тавассути таҷриба (озмоиш, санҷиш, бозбинӣ - С.Я.) фаҳмидан, дарк кардан, итминон ҳосил кардан мумкин аст" (В.Ф. Гегель. Наука логики. - М.: 1974. -С. 127). Аммо ба ақидаи Гегел, на ҳар кас аз таҷрибаи рӯзгор метавонад баҳра бигирад. Барои дарки воқеият ба воситаи таҷриба, олими немис нақши Ақлу Хирадро муҳимтарин омил мешуморад: "Барои шинохти таҷриба муҳим аст, донист, ки чӣ гуна ақл ба омӯзиши воқеият (ҳақиқат) сару кор  дорад. Ақлу хиради бузург аз таҷриба натиҷаи бузург бар меорад. Дар зуҳуроти рангоранг фақат он чизеро мебинад, ки аҳаммият дорад. Ақида, назария дар зуҳурот воқеият пайдо мекунад. На дар ҷои дигар" (Ҳамон ҷо, саҳ. 127).      

Гегел ба тарзи мушаххас ақидаи "фавқулинсон"-и Нитсшеро тасдиқ мекунад: "дуруст аст, ки баъзе инсонҳо назар ба дигарон, табиатан (аз азал - С.Я.)  моил ба доштани сифати шахсияти қудратманд ҳастанд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 78).

Шахсиятҳои бузурги миллӣ на танҳо бисёре аз иштибоҳоти дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд, аз замони худ беҳтарин дастовардҳо ва шоистагиҳо (эътибор, шаън, қадру қимат, манзалат) - и умумимиллиро ба мерос мегузоранд, балки барои на кам аз сад соли оянда шароити муфиди рушди миллиро   муҳайё месозанд.

Шахсияти бузурги миллӣ дастоварди бузурги  миллат аст.

Таҷрибаи инсонӣ ва таҳлили он шаҳодат медиҳад, ки тақдири одамизод (ҷамъият) ҳам, мисли раванди зуҳуроти табиат, дар маҷмӯъ, ниҳоят мушкилфаҳм ва баъзан пешгӯинашаванда аст. Шахсиятҳои бузурге, ки барои миллати хеш таърихофарин ҳастанд, дар сад, дусад, панҷсад сол ва ё зиёда аз он, як маротиба рӯи саҳна меоянд. Онҳо кореро анҷом медиҳанд, ки каси дигар даҳсолаҳо, садсолаҳо ба субут расонида наметавонист. Номи онҳоро, албатта, метавон ба забон гирифт. Аммо ҳоҷат нест. Онҳо маълум ва машҳуранд.

Барои миллати тоҷик чунин Шахсият баъд аз ҳазор сол насиб гаштааст. Аз ин фурсати таърихӣ бо Сухан, бо Қалам, муҳимтар аз ҳама, бо Қадам, огоҳона, дастҷамъона истифода бояд кард.

КЛАССИФИКАТСИЯИ СУБЪЕКТҲОИ СИЁСӢ

"Давлат тимсоли ҳақиқии воқеият мебошад; дар он иродаи аслии маънавиёт ба айният мубаддал мегардад. Рӯҳ дар давлат дар шакли объективӣ  зиндагӣ мекунад" (В.Ф. Гегель. Философия религии. Т.1. -М.: 1975. -С. 400). Новобаста ба чунин арҷгузорӣ ва эътибор, шароит ва дараҷаи муносибати шаҳрванд ба давлат (сиёсат), бешубҳа, гуногун аст.

Дар миқёси олам давлат ҳамчун муассисаи ягонаи конститутсионӣ, масъули асосии на танҳо сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, амният ва мудофиа, балки рушду тараққии маҷмӯии ҷомеа мебошад. Ташкилкунанда ва мутасаддии фаъолият дар самти маориф, фарҳанг, адабиёт, санъат, маънавиёт ва дигар рукнҳои муҳимми давлатдорӣ маҳсуб мегардад. Таъйин кардани идеологияи сиёсӣ аз муҳимтарин вазифаҳои субъекти асосии ҳуқуқӣ - давлат ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти субъектҳои сиёсӣ, оммаи васеи мардум, асосан,  дар доираи муносибат ба идеологияи сиёсӣ сурат мегирад. Солҳост, ки дар ин мавзӯъ мулоҳизарониҳои гуногун, баъзан мухталиф вуҷуд дорад. 

Андешаи ғолиб он аст, ҳар нафаре, ки дар ҷустуҷӯи идеологияи давлатӣ (сиёсӣ) аст, асос барои дарёфт намудани самтҳои аслии фаъолият дар ин ҷода кори чандон мушкил нест. Ба эътиқоди ин ҷониб, моддаи якуми боби аввали Конститутсия онро равшан ва ба тарзи мушаххас ифода кардааст:

"Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад".

Маълум аст, ки меъёрҳои конститутсионӣ вазъияти ҳуқуқиро ба таври императивӣ, муайянкардашуда барои давраи ҳаётан муҳимми таърихи миллат эълон мекунанд. Моддаи аввали Конститутсия ҳамзамон, мақсад, ният, самти ҳаракат ва қутбнамои миллатро дақиқ, возеҳ, равшан ва аз ҳама муҳим, қотеона беалтернативӣ ва ивазнашаванда таъйид кардааст. Ин кафолати худро дар моддаи 100-уми Конститутсия пайдо менамояд. Тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Бинобар ин, моддаҳои мазкур ҳамчун сарчашмаи доимии омӯзиш, тафсир, истифодаи илмӣ ва амалӣ дар доираи принсипҳои системавӣ мебошанд.

Албатта, шарҳи моддаҳои Конститутсия фақат дар доираи меъёрҳои тафсири расмии ин санади олии ҳуқуқӣ  сурат мегирад. Чунин талабот барои тамоми давлатҳо ҳақиқати юридикии эътирофшуда мебошад.

Дар доираи он, мазмуни муқаррароти Конститутсия равшан гардида, татбиқи дурусташ таъмин мегардад. Ин тартиб ҳангоми муайян шудани доираи салоҳияти субъектҳои сиёсӣ дар арсаи идоракунии давлатӣ, амнияти конститутсионӣ ва билохира барои оромии ҷомеа бағоят муҳим аст. Субъектҳои сиёсӣ дар Конститутсия бо истифода аз истилоҳоти қонунгузорӣ муайян, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо возеҳу равшан эълон гаштаанд.

Яке аз бузургтарин файласуфони асри XVIII-XIX - и немис таъкид мекунад: "майнаи инсон дорои мундариҷаи ҳақиқати воқеӣ ҳаст ё не, масъалаи назариявӣ нест. Масъалаи амалӣ аст.  Инсон дар амал бояд муносибати худро ба ҳақиқат дар намоиш гузорад, воқеият ва иқтидорашро нишон диҳад."

Барои пурра амалӣ гаштани идеяҳои конститутсионӣ зарур аст, ки чанд насл заҳматҳои ҷонкоҳона кашад. Наслҳои минбаъда, чизи некеро, ки ба мерос мегиранд, набояд нисбаташ фориғбол бошанд. Дар акси ҳол, ин машъалест, ки метавонанд дар як лаҳза аз дасти ватандорон  бигиранд. Он тарзе, ки дар иқтибоси боло намояндаи миллати бо дақиқкорӣ машҳур, амалро аз сухан боло мешуморад, таъмини давлатдорӣ ниёз ба кӯшишҳои силсилавӣ, мақсаднок ва пеш аз ҳама, муттасил дорад.

Дар ин раванд зарур аст, ки омилҳои объективӣ ва воқеияти амалӣ дар таносуб бо равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд.

Айни замон, ба таъбири олими барҷастаи нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX-и рус, воқеият маънои "таҷассум ёфтани реалияти объективӣ дар шуури субъективӣ мебошад".

Ин гуна муносибат бо пуррагӣ ба таснифи амалияи субъектҳои воқеии сиёсӣ низ марбут аст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз кӯшишҳои субъекти аслии сиёсӣ (давлат), дар ҳама давру замон субъектҳои сиёсии воқеӣ аз рӯи ҷаҳонбинӣ, мундариҷа ва муҳтавои амал якранг буда наметавонанд.

Дар ҳамин асос, бештар се гурӯҳи субъектҳои сиёсиро метавон ном бурд:

1. Субъектҳои сиёсие, ки талабот ва манфиатҳои дарозмуддати миллиро бошуурона, аниқ тасаввур мекунанд. Онҳоро мудом бо таҷрибаи таърихӣ ва муосир дар муқоиса мегузоранд. Аз он хулоса мебароранд. Ояндаи миллатро ҳамчун нақша, идея ва арзишу ормонҳо дар амал пайгирӣ мекунанд. Миллат ва давлати хешро, сарфи назар аз мушкилот, мансаб, макони зист, такягоҳи ягона дар роҳи расидан ба мақсади аслӣ мешуморанд. Бо амали хеш садоқатро нисбат ба миллат ва сарзамине, ки аз он рӯидаанд, исбот мекунанд. Роҳи дигареро мадди назар надоранд.

2. Субъектҳои сиёсие, ки функсия ва вазифаҳои худро мефаҳманд. Иқтидори тахассусӣ ва зеҳнии амалӣ кардани онҳоро доранд. Аммо дар таъмини талабот ва манфиатҳое, ки аз онҳо интизорӣ меравад, "шамъи дилро сарфа" мекунанд. "Парвои қавли носиху панди адиб" (Саъдӣ) надоранд. Дампо ҳастанд. Рӯзгор мебаранд.  

3. Субъектҳои сиёсие, ки манфиатҳои фундаменталии сиёсӣ ва дурнамои онро барои дарозмуддат сарфи назар мекунанд. Ба хотири имконоти сиёсии лаҳзагӣ, аз ҷиҳати стратегӣ суолбарангез, ба аъмоли барои манфиатҳои миллӣ (давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ) хатарнок даст мезананд. Бошуурона, фаҳмида, вориди системаи геополитикии мубориза бар зидди осудагӣ ва амнияти сарзамини аҷдодии хеш гаштаанд.  Дар ин система, тавассути пул, мол на ҳамчун субъект-  шахсият, балки ба ҳайси абзор (инструмент), бозича кор мекунанд. Манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои фарҳанги миллиро ба манфиатҳои ғаразнок (асосан молӣ) иваз мекунанд. Барои оқибатҳои фаъолияти хеш аз андешаи амиқ, пойдор ва масъулиятнок канораҷӯӣ менамоянд. Таҷрибаи таърихӣ ва муосири миллати хеш, кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистонро  бошуурона нодида мегиранд.

Тавре дида мешавад, дар байни се гурӯҳи субъектҳои сиёсӣ тафовути ҷиддии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, самтгирии сиёсиву ақидатӣ ва мавзеъгирӣ  мушоҳида мегардад.

Вуҷуд доштани ин унсурҳо мансуб ба кулли миллатҳои дунёст. Фақат гап сари шумора ва муҳимтар аз ҳама, сифати ин сегонаи сиёсӣ дар дохил ва беруни ҳар давлат меравад. Бо заиф, нотавон, беранг гаштани гурӯҳи аввал, он бештар ба гурӯҳи дуюми субъектҳои сиёсӣ мубаддал мегардад. Ва ҳамчун натиҷа, истодагарии давлат дар муқобили таҳдидҳои ниҳоят хатарнок, ошкору ниҳон, ба намоиш гузоштани қувваҳои ақлонӣ - ҷисмонӣ ва баръакс ҷисмонӣ - ақлонӣ номумкин мегардад. Муассисаи асосии миллат - давлат таназзул меёбад. Оқибат ба шикаст мувоҷеҳ  мегардад.

Тамоми кӯшиши душман ҳам, маҳз ба муқобили қисмати аввали субъектҳои сиёсӣ равона карда шудааст.

Муносибати рақибони сиёсии давлати миллӣ ба қисмати дуюми субъектҳои сиёсӣ - бо омӯзиши маҳз, зиракӣ, дилсӯзии авомфиребона ва "шонагӣ" сурат мегирад. Маккорона, мақсаднок барои онҳо "доми роҳу ғамза" (Ҳофиз) мегузорад.

Тавре хотирнишон гардид, қисмати сеюм хусусияти абзорӣ – инструменталӣ дорад, ба қавли британиягиҳо «Hand made facility» мебошад. 

Новобаста аз дараҷаи тафовути куллӣ байни се қисмати субъектҳои сиёсӣ, як умумият ва алоқамандии хос ҳаст. Онро ҷузъиёти табиӣ меноманд: а) умумияти макони таваллуд ва б) миллат. Ҳолати номбаршуда бо амри тақдир рух медиҳад. Аз одам вобастагӣ надорад. Дигар кардани натиҷаи ин таҳкурсӣ аз имкон берун аст: макон ва сарзамини чашм ба дунё кушоданро -  Ватан ном мебаранд. Падару модар - ҳамчун сабаб ва натиҷаи ҳастӣ миллатро муайян менамоянд. Мансубият ба Сарзамин ва Миллатро ҳамин ду далели баҳснопазир тасдиқ мекунанд.

Ин муҳимтарин, асоситарин, умдатарин умумияте ҳаст байни се дараҷаи субъектҳои сиёсии номбаршуда. Таҷрибаи таърихии миллатҳои номдор, устувор ва аз имтиҳоноти ҷиддии таърих шарафмандона гузашта, ҳаминро нишон медиҳад. Омилҳои Ватандорӣ ва мансубият ба Миллат риштаи ногусастании умумӣ, ягонагӣ, қавмият, урфу одат ва маънавиёти  (идеологияи) миллӣ мебошад.

Намояндаи миллат ва сарзаминро дар кулли атрофу акноф ҳамин арзишҳо ба андеша раҳнамун месозад. Водори амал менамояд.  Дараҷа, сифат ва тавони ин ҳиссиёт душманони миллатро дар дохил ва берун дасткӯтоҳ мегардонад. Устувории миллиро дар ҷараёни бадалшавии наслҳо ба хотири пойдорӣ, дахлнопазирии сарзамини аҷдодии ҳамагон ва миллат таъмин мекунад.

Бояд ба инобат гирифт, ки шадидтарин зиддиятҳо, муборизаҳо, низоъҳо дар муносиботи дуҷониба, бисёрҷонибаи давлатҳо ва арсаи геополитикӣ, фақат дар  доираи манфиатҳои миллии давлатҳо сурат мегиранд, зуҳур меёбанд. На дар атрофи чизи дигар. Асоси рақобатро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғайра, манфиатҳои миллӣ - аслӣ, фундаменталӣ, тағйирнаёбанда, мантиқӣ ва хусусияти қонунмандидошта, табиӣ муайян мекунанд.

Фосила гирифтани субъектҳои сиёсии хориҷӣ, сохторҳое, ки барои таъмини ин манфиатҳо сафарбар карда шудаанд, аз воқеияти  манфиатҳои миллӣ ба ҳар шиору баҳона (манфиатҳои бо ном диниву мазҳабӣ, фарҳангӣ, умумиятҳои забонӣ, таърихӣ, аҷдодӣ ва ғайра, ки забонзада шудаанд), авомфиребии содалавҳона ва аз гардишҳои лафзии номуваффақи дипломатӣ беш нест. Амалест, ки ҳадафмандона ба авом равона шудааст. На болотар аз он. Бо мақсади зудудан, беранг кардани эҳсоси мансубият ба Сарзамин ва Миллат. Ба хотири дар ғафлат монондани миллати мавриди ҳадаф қароргирифта.

МАДАНИЯТИ СИЁСӢ  ВА СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

Таҳлили фаъолияти субъектҳои сиёсии давлатҳои мутамаддин, ки онро маҳз "Дунёи куҳан" (қадимӣ, собиқадор, ҳаётдида, устувор) ном мебаранд, нишон медиҳад, ки онон ҳатто дар истифодаи калимаи "оппозитсия" низ хеле андешамандона, эҳтиёткорона ва ҳадафмандона муносибат мекунанд. Дар Британияи Кабир, ки садсолаҳо қисми дунёро таҳти тасарруф дошт, дар робита бо ақл, хирад, андеша ва қудрату манзалати геополитикии он айни замон ҳам ҷой барои баҳс намемонад, системаи сиёсиаш, асосан, ҳолати дуҳизбиро ба ҳукми анъана даровардааст. Парламенти кишварро аслан ду ҳизб намояндагӣ мекунанд. Онҳо ҳукуматро ташкил ва раҳбарӣ менамоянд.

Албатта, тафсирҳо дар ин маврид гуногунанд. Аммо ба ҳукми анъана, оппозитсияи мавҷударо ба хотири нигоҳ доштани ягонагии давлат, мақсаду маром ва пойдории давлатдорӣ барои мардумони "ҷазираҳои муассир" "No oposition to the Majesty", балки "Her Majesty's opposition" (на "оппозитсияи муқобили Шоҳ", балки "оппозитсияи Шоҳ"), мегӯянд (Javapalan N. Modern Government sandoppositions. 2 volume. 2002. -Р. 109). Ин таъбир яке аз истилоҳоти мантиқии муайяншудаи илми давлатшиносии Ғарби имрӯза аст. Ҷавҳари ифода - вобаста кардани тамоми имконот - потенсиали сиёсӣ, идеологӣ, маънавии ҷомеа, ҳатто ҳизбу ҳаракатҳое, ки оппозитсия номида мешаванд, ба хотири безавол мондани давлати миллии британиягиҳо - муқаддасоти миллии онон мебошад. Ҳамчунон, ишора, даъват ба самтгирӣ ва қутбнамои стратегияи  сиёсии миллӣ аст.

Таҳлили назария ва амалияи фаъолияти субъектҳои сиёсии давлатҳои мутамаддини дунё (дар назар дошта мешавад, пеш аз ҳама, кишварҳои Ғарб) аз он шаҳодат медиҳад, ки тафаккури илмӣ, таҷриба ва амалияи сиёсии ин кишварҳо ба аҳаммияти субот,  ягонагӣ ва қудратманд будани давлати миллӣ нигаронида шудаанд. В.Ф. Гегел муҳиммияти масъалаи зикргардидаро қотеона таъкид мекунад: "Мавҷудияти маънавӣ ва бохирадонаи инсон фақат дар чаҳорчӯби давлат имкон дорад" (В.Ф. Гегель. Лекции по философии всемирной истории. -М.: 1977. -С. 64). Олими бузург дар давоми сухан аз оҳанги олимонаи фалсафаи баён фосила гирифта, омирона фикрашро идома медиҳад: "Бо тамоми ҳастӣ инсон бояд худашро дар назди давлат масъул шуморад.  Кулли арзишмандии инсон, рӯҳ ва маънавиёти ҳақиқии он - натиҷаи ҳастӣ ва фаъолияти ӯ дар доираи Давлат аст" (Ҳамон ҷо, саҳ. 64). Сиёсатшиноси маъруфи немис таъкид менамояд, ки яке аз вазифаҳои муҳимми давлат  андухтани маърифат аст. Зеро "мақсади ҳама гуна донишомӯзӣ иборат аз он аст, ки ба инсон кумак кунад, то ӯ табиати маҳзи субъективиашро пушти сар карда, воқеияти ба тарзи объективона, дар чаҳорчӯби давлат зистанро омӯзад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 64). Ҳамин  тариқ, илми давлатшиносии Ғарб таъкид бар он мекунад, ки шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибат бо манфиатҳои давлатӣ (хонда шавад миллӣ) аз диди номутаносиби шахсии хеш болотар истад, манфиати давлатиро волотар бинад. Мутаассифона, ноил гаштан ба чунин эҳсос, тасаввурот, муносибат,  бидуни омӯзиши илм, андухти маърифат мувоҷеҳ ба мушкилот аст.

ГЕОПОЛИТИКА: "МАНТИҚИ ВОҚЕИЯТ" ВА СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

Дар доираи илмҳое, ки қонуният ва шаклҳои тафаккурро меомӯзанд, мафҳуми "мантиқи воқеият" вуҷуд дорад. Он   қонунмандиҳои  хақиқати объективиро дар  чаҳорчӯби ифодаи мантиқӣ инъикос мекунад.

Субъектҳои сиёсӣ, ки дар фазо ва вақт амал мекунанд, ба тарзи диалектикӣ наметавонанд аз "мантиқи воқеият" берун бошанд. Онро сарфи назар кунанд.  "Her Majesty's opposition" маҳсули ана ҳамин воқеият аст. Ин шиор барои мардуми Британияи Кабир хуб хизмат мекунад. Субъектҳои сиёсиро дар системаи сиёсии давлатдории Англия, то ҳадди имкон, дар доираи талаботи  маъмули дипломатии "oiling relationship" (мулоим кардани муносибатҳо) нигоҳ медорад. Гумон намеравад, ки он  бар зарари дигар субъектҳои байналмилалӣ бошад.

Яъне, вобаста ба зинаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, маданият ва маърифати сиёсӣ, шароити таърихӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, урфу одати миллии ҳар давлат, "мантиқи воқеият" зарурати истифодаи  роҳ, усул ва шаклҳои муайяни фаъолияти система, структура,  аз ҷумла субъектҳои  сиёсии хешро дорад.  Дар асоси он амал мекунад.

Аммо таҷриба ва аёнияти сиёсати геополитикӣ иборат аз он аст, ки давлатҳои абарқудрат ва мамлакатҳое, ки аз худ қувваи хоси геополитикӣ метарошанд,  ё дар орзуи чунин қудрат ҳастанд, барои худ аз ин намуди мантиқ сахт истифода мекунанд. Барои мисол, онҳо дар қаламрави худ ба сохтани ҳизбҳои сиёсие, ки оқибат ба илмситезӣ, нооромӣ, бесуботӣ, ифротгароӣ, парокандагӣ, шикаст ва нобуд гаштани сохти  давлатдории худашон оварда мерасонанд, ҳаргиз иҷозат намедиҳанд. Аммо барои созмон додан, пурқувват кардан, ба субъекти муассири паҳн кардани фанатизм, хурофотпарастии ҷомеа дар кишварҳое, ки қисмате аз мардуми онҳо сода, гумроҳ, аз ҷиҳати маърифати илмӣ дар зинаи поини тараққӣ ҷойгаҳ доранд ва аз ҷиҳати молӣ онҳоро ҳарис, дастнигар ва тамаъҷӯй дар меёбанд, садҳо миллион доллар сарф мекунанд. Барои ин кор ҳазорҳо баҳона, шиор, даъватҳо, барномаҳо, консепсияҳои авомфиребона коркард ва тарҳрезӣ менамоянд. Онҳоро "арзишҳо" ном  мебаранд.  Аъмоли хешро, дар ҳар сурат ҳамчун раванди таъмини манфиатҳои миллии хеш маънидод  мекунанд.  Аз он рӯҳ мегиранд. Қаноатманд мешаванд. Аммо дар доираи "мантиқи воқеӣ" амалкарди нафаре, ашхосе, гурӯҳаке, ки ҳамчун "абзор", "асбоб", олати иҷрои амал, тавассути касе, чизе истифода мешавад,  на дар доираи "мантиқи воқеӣ" ва умуман илми мантиқ, ки асоси онро  дарки алоқамандии тафаккур ба олами объективӣ ташкил мекунад, рост намегирад.  Агар аз истифодаи "артиллерияи вазнини суханҳои илмӣ" худдорӣ кунем, амали онҳо маънӣ ва мантиқ надорад.  Ҳар коре, ба ҳар навъе, зери кадом шиоре анҷом медиҳанд, дар муқобили манфиатҳои миллат ва Ватани аҷдодии хеш анҷом медиҳанд.

"Созишномаҳо" байни ашхосе, ки дар шакли кӯшиши сохтани субъекти сиёсӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо аҷнабиён  бар зидди манфиатҳои миллӣ сурат мегирад, созишномаҳои техникӣ (сохта, муваққатӣ, тактикӣ), ҳамчун никоҳи сиға байни субъект ва объект мебошад. Охирин мавриди таъсир ва истифодаи аввалӣ аст. Асоси муносиботро ғараз ташкил мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин гуна  мантиқи бофта дар аввалин озмоиш, рӯ ба рӯ гаштан бо воқеият ва ҳақиқат, ки онро манфиатҳои Миллат ва Ватан мегӯянд, фош мегардад.

Мутаассифона, тавре ки таъкид гардид, дар амали аҷнабиёне, ки зидди манфиатҳои миллии мо мубориза мебаранд, мантиқ  ҳаст. Он чизе, ки дар амали ашхос ва гурӯҳаке, ки бо кумаки онон манфиатҳои Ватани худро зери суол мебаранд, мавҷуд нест.

Мантиқи ҳаёт, мантиқи воқеият, зӯртар, пурқувваттар  аз мантиқи  ваъдаи фардои аҷнабиён  аст.  Ҳамин тариқ "мантиқи  воқеӣ", ҳақиқӣ, дар шароити давлатдорӣ доимо дар ҷои аввал меистад.

ҶАНБАИ ТАЪРИХИИ СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

Маълум аст, ки бисёри миллатҳо, аз ҷумла миллати тоҷик, давраи таърихии токонститутсиониро аз сар гузаронидаанд.  Истилоҳи субъекти сиёсӣ мансуби таърихи нав аст. Гарчанде зуҳуроти   субъекти сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин ҷузъи системаи сиёсӣ сабаб ва боиси пайдо гаштани умдатарин қисмати системаи сиёсӣ - давлат гаштааст.

Субъект ҳамчун категорияи фалсафӣ, барои тафсири  фаъолияти инсон, ба хотири дарки амалия ва назарияи ӯ истифода карда мешавад. Аниқтараш, ҳарф сари муносиботи субъектӣ - объектӣ (инсон ва ҳадафи ӯ) меравад.  Сарчашмаи илми шинохти сиёсат низ аз ҳамин мафҳум ва мантиқи фалсафӣ манша мегирад.

Дар маҷмӯи ҷузъиёти биологӣ мавқеи Инсон ҷойгоҳи махсус  дорад.  Ӯ на танҳо сабабгори тағйири муҳит, атроф, табиат ба хотири дар доираи фаҳм ва зеҳни худ мувофиқ кунонидани он ба манфиати хеш аст, балки созандаи тафаккур, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ мебошад. Яъне, Инсон ягона ҷузъи созанда ва худкифои зуҳуроти табиӣ  аст, ки барои имрӯз ва ояндаи худ, назари мантиқӣ ба хотири пешрафти онро дорад. Ҳамин тариқ, агар сухан дар бораи субъект равад, ҳатман объект дар назар дошта мешавад.

Ҳарф сари он аст, ки муносибати субъект ба объект  ба хотири таъсир расонидан,  коркард  ва аз  он чизе сохтан барои манфиати худи Инсон,  дар вобастагии кулл ба  дараҷаи Дониш, Илм, Маърифат ва Ҷаҳонбинии худи Инсон аст. Ба ибораи дигар, вазни субъекти сиёсӣ баробар ба дараҷа, сифат ва самараи донишҳои он дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, инкишофи табиат ва ҷамъият мебошад. Ҳамзамон ченаки арзишмандӣ  ва воқеияти ин гуна донишҳо дар амалияи инсон, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа,  самара ва пешрафти он барои зиндагии воқеӣ (на ваъдагӣ) ифода меёбад.

Воқеияти таърихии дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кардани  давлати мустақили миллӣ бо номи  Тоҷикистон, самараи фаъолияти субъектҳои воқеии сиёсии миллати тоҷик дар тӯли таърих аст.

Давлатмардон, лашкаркашон, олимон, аҳли адаб сабаби (субъекти) аслии ворисӣ кардан ва ба Истиқлолияти миллӣ расонидани миллати тоҷик мебошанд. Се ранг доштани Парчами Миллӣ инъикоси рамзии амали қаҳрамонии субъектҳои сиёсии миллати тоҷик аст. Онҳо бо эҳсос ва муносибати воқеӣ (амалӣ, ҳақиқӣ, материалӣ)  манзалати миллати тоҷикро ба ин сатҳ расонданд.

Корномаи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ дар пойдор, устувор ва шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидани забони тоҷикӣ, қаҳрамонии Фирдавсӣ дар зинда кардани Аҷам, на барои инъом, тавре ки дар фарзияҳои нақди адабӣ омадааст - ба хотири туҳфа пешкаш кардани "Шоҳнома" ба Султон Маҳмуди зобит, хурофотӣ ва мутаассиб, балки ба мақсади  ба ӯ ва дигар аҷнабиёни ғосиб фаҳмонидани таърих, аслият ва ҳувияти миллати тоҷик, эълом ва таъкиди мансубияти аҷдодии мулки Аҷам, фидокории Ибни Сино дар муаррифӣ кардани ақл, хирад ва тавони маънавии миллии тоҷикон ва ҳазорҳо нафар дигар фарзандони фарзонаи мардуми мо ҳамчун субъекти сиёсии муқтадир, дар роҳи ташаккулёбӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, хизмати ҷовидона кардаанд. 

Худшиносӣ ҳамчун муҳимтарин қисмати структуравии субъекти сиёсӣ, фақат дар натиҷаи аз худ кардани донишҳои мукаммали илмӣ сурат мегирад. Маҳз дар ҳамин асос, инсон мавқеи худро дар ҷамъият муайян мекунад. Ба атроф - табиат ва ҷамъият муносибати хешро дақиқ месозад. 

Хотираи таърихӣ нишонгари он аст, ки бузургони миллат дар муддати зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд бо имконоти кӯтоҳи дастрасии сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ҳувияти миллии тоҷиконро то ба Истиқлолияти давлатӣ  расонанд.  Сарфи назар аз фишор, таъқиб, таҳдидҳои аҷнабиён манфиатҳои миллии хешро нигоҳ доштанд, ҳимоят карданд. Истодагарӣ намуданд. "Агар рӯҳи Инсон қавӣ бошад, эҳсоси беруна имкони таъсир кардан ба онро надорад" (Ибни Сино. Мунтахаби осори фалсафӣ. -М.: 1980. -С. 226). Дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат ӯ манфиати миллиро аз манфиати аҷнабиён фарқ карда метавонад.

Воқеият зуҳуроти объективӣ, диалектикӣ аст.  Аммо дарки он хосияти сирф субъективӣ дорад. Ба дониш, ҷаҳонбинӣ, тавони шинохти таҷриба,  таҳлил, арзёбӣ ва шакли муносибат ба предмети мавриди назар вобаста аст.

Дар масири пурпечутоби шинохти зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ, аслан, сухан дар атрофи Ақл ва Дониш меравад. Нақши аввалӣ муҳимтар аз ҳама аст. Мутаассифона, "агар ақл кӯтоҳӣ кунад... дар хотира чизе боқӣ намемонад. Ӯ ҳама  нақшро дар шакли умумӣ мебинад. Маҳз ба хотири ҳамин, касе, ки аз ақл фосила дорад, вай бисёр чизҳоро дар шакли нодуруст тасаввур мекунад" (Ибни Сино. Мунтахаби осори фалсафӣ. -М.: 1980. -С. 226).

Донистан,  фаҳмида гирифтан ва сарфаҳм рафтани ҷанбаҳои таърихии  субъекти сиёсӣ аз муҳимтарин омили пойдор гаштани худи субъекти сиёсӣ барои манфиатҳои миллӣ маҳсуб мегардад. 

Маълум аст, ки мантиқи таърихи гузаштаи миллатро нахуст аз рӯи натиҷаи он меомӯзанд. Ҷараёни чунин омӯзиш аз натиҷа ба сабабҳо, омилҳои он самтгирӣ мекунад. Бе ин, дарки воқеияти имрӯза ва сохтани оянда номумкин аст.

Таърих хусусияти объективии устувор дорад. Амали иҷрошуда аст. Аз далелҳо иборат мебошад.  Ин  далелҳо дар фазо ва вақт ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳатто, "олимони Юнони Қадим муътақид буданд, ки донистани ягон чиз на тавассути баҳс, балки тавассути омӯзиши таҷриба ҳаллу фасл мегардад" (Ф. Бекон. Сочинение в двух томах. Т.2. -М.: 1978. -С. 7).  Таърих таҷриба аст.

Илми мантиқ тақозо мекунад, ки  дар тамоми ҳолат қонуният ва шаклҳои тафаккур, ба умеди ноил гаштан ба донишҳои илмӣ, дар вобастагӣ ба воқеият истифода   шавад. Маҳз ҳамин ҳолатро фаҳми таърихӣ - мантиқӣ меноманд. Қувваҳое, ки бо кумаки бегонагон мехоҳанд аз худ нишонаи субъекти сиёсии сохтакоронаро намоиш диҳанд,  умед аст, ин ҳақиқатро ба инобат  мегиранд.  Агар фаҳм ба ҳақиқати имрӯз мушкил дошта бошад, ҳақиқати таърихро дар чаҳорчӯби мантиқ омӯзанд. «Роҳи расидан ба ҳақиқат,  худ бояд ҳақиқӣ бошад».

ХУЛОСА

Субъекти сиёсӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳои тадқиқоти илми давлатшиносӣ  аст. Он, пеш аз ҳама, масъалаҳои умдаи сиёсати амалиро дар  бар мегирад.  Ташаббускор, пешбаранда, ташкилотчӣ ва иҷрокунандаи фаъолияти сиёсӣ мебошад. Дар амалӣ кардани нақшаҳои сиёсӣ сидқан манфиатдор аст. Роҳ, усул ва методҳои амалӣ кардани мақсадҳои дар пеш гузоштаашро медонад.  Дар ин самт кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.

Масъалаи ҳаётан муҳим дар чаҳорчӯби таъйиноти  субъектҳои сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ - сулҳу субот, амнияти системавӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди давлати миллӣ мебошад.  Дар муқобили чунин таъйинот ҳама гуна барнома,  шиор ва ваъдаҳои дигари шахс, гурӯҳ, созмон ва ташкилоте, ки сарфи назар таҳти пӯшиши кадом ақида, назария ва ҷаҳонбинӣ баромад карда, кӯшиши эътироф карданро ҳамчун субъекти сиёсӣ доранд, бо ҳақиқати илмӣ  дар ихтилофи маҳз аст.

Муҳимтарин субъекти сиёсӣ дар баробари Давлат ва Миллат, Раҳбари сиёсии давлати миллӣ, ҳамчун падидаи аз ҷиҳати илмӣ - назариявӣ, сиёсӣ - амалӣ  ва ҳуқуқӣ муайяншуда, исботгардида ва тасдиқшудаи таҷрибаи таърихии миллатҳои пешқадами дунё мебошад. Он барои раҳнамун ва ба мақсадҳои олӣ расонидани Давлат ва Миллат нақши ҳалкунанда дорад. Таҷрибаи таърихии Миллати тоҷик ин назарияро бори дигар бо далелҳои оламшумул, равшан ва муътамад тасдиқ кард.

Классификатсияи сифатии субъектҳои сиёсӣ сарфи назар аз ақида ва мавқеъгирии сиёсӣ, макони зист, исботи он аст, ки байни тамоми қишрҳои аҳолии мардуми Тоҷикистон умумиятҳои бузурги таърихӣ, ирқӣ, нажодӣ вуҷуд дорад: а) тибқи макони таваллуд мо ҳамватанем, фарзанди як сарзамин – Тоҷикистонем;  б) аз рӯи мансубият ва давоми падару модари худ тоҷик ҳастем. Ин умдатарин, муҳимтарин, асоситарин,  бузургтарин  аломате аст, ки таҳти Парчами Пешвои Муаззами Миллат, бо одитарин имконот, сарҷамъ, як субъекти бузурги сиёсиро барои сохтани Ватани азиз  созмон диҳем, сафарбар намоем. Ҷанбаи таърихии таҷрибаи субъектҳои сиёсӣ ва мантиқи воқеияти олами имрӯз моро ба ин амал беш аз пеш водор мекунад.

 С. ЯТИМОВ,

доктори илмҳои сиёсӣ,

узви вобастаи Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа», №1 (9) 2018

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi