14:50:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сироҷидин Аслов: «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин Даҳсола на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обии минтақавӣ, балки дар мушкилоти глобалии он низ пешсафии худро нишон хоҳад дод»

Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул кард.

Sirodzhidin-AslovВобаста ба ин иқдоми муҳим хабарнигори мо бо чанд савол ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов муроҷиат кард.

- Муҳтарам Сироҷиддин Аслов. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) аз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) чӣ тафовут дорад? Сабаб ва заминаҳои пешбарӣ кардани ин ташаббусро аз ҷониби Тоҷикистон ба СММ номбар карда метавонед?

-  Ғояи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардида буд, бо дарназардошти аҳамияти хоси об ҳамчун захираи стратегӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқ дарк гардидани моҳияти фазояндаи масъалаҳои об миёни кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории комил ёфт. Ҳадафи асосии эълони Даҳсола мусоидат ба саъю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири то соли 2015 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об буд.

Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, дигар таҳдиду хатарҳои муосир аз бисёр ҷиҳат ба комилан амалӣ гаштани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ монеъ шуданд.

Ин аст, ки дар рӯзномаи глобалии муосир масъалаи об, чун пештара, аз ҷумлаи масъалаҳои хеле мубрам боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки дар ҷодаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба оби нӯшокӣ натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст омадаанд, вале ҳадафҳо дар самти беҳдоштӣ иҷро нашудаанд. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Бар замми ин раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, урбанизатсия ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунанд.

Маҳз ба ҳамин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро иброз намуд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад ва он василаи муҳими мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад.

- Тавре ки маълум аст, баъзе барнома ва лоиҳаҳое, ки аз тарафи СММ қабул мегарданд, бо сабабҳои гуногун ҳангоми амалӣ шудан ба мушкилиҳои ғайричашмдошт дучор меоянд. Чӣ бояд кард, ки механизми амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, муваффақона сурат гирад ва ҳадафҳои гузошташуда аз худ карда шаванд?

- Ин ҷо, пеш аз ҳама, бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари он нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди СММ-Об (ё ин ки UN-Water) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. «СММ-Об» аз 31 узв ва 38 шарикони ҳамкор иборат буда, фаъолияти ниҳодҳои гуногуни сохтори СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлативу ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти мудирияти захираҳои об ҳамоҳанг месозад.

Илова бар ин, зикр кардан бамаврид аст, ки аз соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурӯҳи «Дӯстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви Созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рӯзномаи СММ нақши фаъол дорад. Ниҳодҳои болозикр дар татбиқи Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» нақши муҳим ва бориз доштаанд.

Аз ин лиҳоз, интизор меравад, ки ин ду ниҳоди номбурда дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» фаъолона мусоидат хоҳанд кард. Гузашта аз ин, қатъномаи болозикр механизмҳои дигари баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ-ро дар робита ба мудирияти захираҳои об муайян кардааст. Ба ин мақсад дар назар аст, ки арзёбиҳои миёнамуддат ва фарогири Даҳсола дар чорчӯбаи ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ баргузор карда шаванд; аз ҷумла, дар татбиқи Даҳсолаи нав мо бояд фаъолияти тамоми сохторҳои мавҷудаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии марбут ба обро фаъол гардонида, шарикӣ ва ҳамоҳангии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Даҳсола тақвият бахшем.

Барои муваффақона сурат гирифтани татбиқи даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи сатҳҳо мустаҳкам гардад ва пеш аз ҳама, масъалаҳои маблағгузорӣ, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҷойи муносиби худро ёбанд.

- Дар сурати муваффақона татбиқ шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом манфиатҳоро метавонад мунтазир бошад?

- Таври маълум, аз оғози асри 21 то кунун, ба шарофати се ташаббуси ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ҳама гуна ҳамоишҳои марбут ба об дар ҷаҳон ташаббуси байналмилалиро дар даст дорад. Акнун бо роҳандозӣ шудани ташаббуси нави Президенти мо, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ин раванд ҳамчунон идома ёфта, бо баргузории чандин нишасти ҷаҳонӣ ва амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои калонҳаҷм, назари ҷаҳониён ба мавзӯи об бештар ҷалб хоҳад шуд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки тарҳҳои обӣ ва гидроэнергетикии худро бо истифода аз майдонҳои васеи байналмилалӣ ба иҷро расонад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ нақш гузорад.

Бояд гуфт, дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.

Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳия гардидани созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад.

Тоҷикистон тариқи ин иқдомҳои глобалии худ ҷонибдори он аст, ки захираҳои обӣ барои ҳамаи ниёзмандон ҷавобгӯ бошанд ва мудирияти онҳо ҳамгироёна бошад. Ва ин усул дар татбиқи 3 ташаббуси қаблӣ ҷомаи амал пӯшида, аз ҷониби аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.

- Пешвои миллат 22 декабри соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст». Чӣ бояд кард, ки ин сатҳ ва эътибори баланд минбаъд низ нигоҳ дошта шавад?

- Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ин аст, ки имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо ҷалбу иштироки фаъоли кишвари мо сурат мегирад.

Ҳамин буд, ки Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ бо дарки нақши Президенти кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла дар пешниҳоди қатъномаҳои марбут ба оби Маҷмаи Умумии СММ, бахусус роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», инчунин таъсиси Гурӯҳи «Дӯстони об» даъват ба амал оварданд, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси узви Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об, ки моҳи январи соли ҷорӣ таъсис ёфт, фаъолият намуда, дар ҷаласаҳои он ширкат варзанд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ Ҳукумати кишвар, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷиро мебояд бо ҳисси ифтихор ва масъулият ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати татбиқи ибтикороти глобалии Тоҷикистон саъю талош варзанд. То имрӯз ҳайатҳои баландпояи кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ҳама ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба об, аз ҷумла дар тамоми Форумҳои ҷаҳонии об ширкати фаъолона варзидаанд. Кишвари мо низ тайи даҳсолаи гузашта якчанд ҳамоиши байналмилалиро бо иштироки кишварҳои узви СММ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷаҳонии молиявӣ, аҳли илму адаб аз тамоми гӯшаҳои олам мизбонӣ кардааст. Яъне, дар замони истиқлолият дар ин самт кишвари мо таҷрибаву малакаи зарурӣ андӯхтааст, ки онро барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ истифода бояд кард.

Дар татбиқи Даҳсолаи нав шояд садҳо чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ баргузор гарданд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин Даҳсола на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обии минтақавӣ, балки дар мушкилоти глобалии он низ ҳиссагузорӣ ва пешсафии худро нишон хоҳад дод.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА, «АМИТ Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi