22:11:11 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Ҳамватанони гиромӣ!

Рӯзи дуюм аст, ки мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастоварду пешравиҳо бо сокинон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, итминон ҳосил намудем, ки ба туфайли сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллӣ ва заҳмати аҳлонаву софдилонаи аҳолӣҳар як гӯшаи Ватани муқаддасамон сол ба сол ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум торафт беҳтар шуда истодааст.

000012.jpgДар ин раванд саҳми сокинони шаҳри Исфара низ шоёни таҳсин аст ва аз ин хотир ба кулли сокинони ватандӯсту заҳматпешаи шаҳр ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, барои талошҳои созанда дар ҷодаи ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамчунин барои пазироии самимона арзи сипос менамоям.

Ҳамзамон бо ин, ҳамаи сокинони шаҳри Исфараро, ки дар ин рӯзҳои пурфайзу баракати баҳорӣҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалиро бо риояи ойину суннатҳои миллӣ таҷлил менамоянд, ба ифтихори ин ҷашни фархунда шодбош мегӯям.

Хотирнишон месозам, ки дар раванди ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пешрафти соҳаҳои мухталифи он дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон саҳми сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Исфара хеле назаррас мебошад.

Ҳукумати мамлакат хусусан солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти миллии мо, тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ба ҳамин васила, тадриҷан ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як сокини кишвар равона карда истодааст.

Дирӯз мо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи бузурги истеҳсоли сементро бо иқтидори истеҳсоли як миллион тонна маҳсулот дар як сол ба истифода супоридем, ки иқдоми мазкур боиси бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шудани 1000 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ, василаи муҳимми ғанигардонии буҷет ва тавассути бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон ҳаллу фасл шудани як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Бар замми ин, дар ояндаи наздик эҳтиёҷоти вилоят бо ин намуди масолеҳи сохтмон пурра таъмин гардида, имконияти содироти он ба  хориҷи кишвар  афзоиш меёбад.

Тавре ки соли гузашта ҳангоми сафари кории худ ба вилоят изҳор дошта будам, мо имрӯз дар идомаи амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба татбиқи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара, ки барои вилоят дорои аҳаммияти  калони иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, оғоз мекунем.

Дӯстони азиз!

Боиси қаноатмандист, ки заҳматкашони шаҳри Исфара ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил раванди рушди иқтисодиву иҷтимоиро вусъат бахшида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум муваффақ гардида истодаанд.

Агар дар давоми солҳои 1995-2011 барои рушди шаҳри Исфара аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ  беш аз 160 миллион сомонӣҷудо шуда бошад, пас танҳо барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 муайяншуда қариб якуним миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷараёни иҷрои барномаи зикршуда нишон медиҳад, ки дар зарфи ду сол, яъне солҳои 2013-2015 дар шаҳри Исфара тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 74 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро зарур аст, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳои пурсамар бо бахши хусусӣҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои пешбинишуда мунтазам тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва тадриҷан баланд гардидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сатҳи зиндагии сокинон беҳтар шуда, даромади буҷети шаҳр торафт афзоиш ёфта истодааст.

Масалан, агар соли 2006 ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети шаҳр ҳамагӣ ба 11 миллион сомонӣ баробар шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир қариб 7 баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 72 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳамзамон бо ин, маблағгузории соҳаи маорифи шаҳр дар даҳ соли охир  қариб 8 баробар афзуда, соли гузашта 55 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 35 бинову синфхонаҳои иловагии таълимӣ барои 5600 хонанда сохта,  ба истифода супорида шуданд.

Дар баробари ин, дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлативу саҳми соҳибкорони ҳимматбаланд соҳаҳои мухталифи саноати шаҳри Исфара бомаром рушд намуда, дар замони истиқлолият 37 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд карда шудааст, ки қобили таҳсин мебошад.

Бояд хотиррасон намоям, ки саноати шаҳр дорои имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самтҳои истифодаи захираҳои сӯзишвориву энергетикӣ, кимиёву коркарди маъдан, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон бо мақсади истифодаи васеи имконияту иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳои муосир тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Афзудани шумораи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк, зиёд шудани ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар, инчунин бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ самараи иқдомоти созандаи мардуми сарбаланди шаҳр мебошад.

Мувофиқи маълумот ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара дар зарфи даҳ соли охир беш аз 223 миллион ё қариб 6 баробар афзудааст.

Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкорону сармоягузороне, ки дар ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасониву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амалисозии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати мамлакат саҳми сазовор мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, ки бешубҳа, омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, манбаи таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Мардуми заҳматкашу соҳибтаҷрибаи шаҳри Исфара дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ имконият доранд, ки боғдориро чун яке аз соҳаҳои асосӣ ва сердаромад боз ҳам инкишоф дода, содироти онро  дар намудҳои бандубасти муосир ба хориҷи кишвар афзоиш диҳанд.

Кишоварзони саховатпешаи Исфара дар соҳаи растанипарварӣ, боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ соҳибмактаб ва шуҳратманд буда, таҷрибаи ғании онҳо дар парвариши зироатҳо мавриди омӯзишу баҳрабардории зироаткорони дигар шаҳру навоҳии мамлакат қарор гирифтааст.

Бо изҳори қаноатмандӣ зикр менамоям, ки заҳматкашони деҳоти Хонобод, Навгилем, Чилгазӣ, Кӯлканд воқеан исбот карданд, ки дар иқлими Исфара аз як замин се ҳосил гирифтан мумкин аст.

Соли гузашта дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣқариб ба 350 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчанд иҷрои дурнамои бунёди боғҳои нав соли 2014 ба итмом расидааст, кишоварзони соҳибтаҷрибаи шаҳри Исфара соли 2015 илова ба нақша дар майдони 60 гектар боғҳои замонавӣ бунёд кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аввали баҳори соли гузашта дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Исфара ҳаво сард омада, ба ҳосили боғот зарари ҷиддӣ расонид ва кишоварзон аз боғи зардолу умуман ҳосил нагирифтанд.

Бо вуҷуди ин, соҳибкорону кишоварзони шаҳр тавонистанд, ки аз дигар минтақаҳои кишвар меваро харидорӣ ва коркард намуда, ба хориҷи кишвар беш аз 57 ҳазор тонна меваи хушк содир намоянд.

Дар маҷмӯъ, соли 2015 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 103 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар чунин сатҳ рушд кардани соҳаи кишоварзии шаҳри Исфара далели он аст, ки дар қаламрави он имкониятҳои афзоиши боз ҳам бештари маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мавҷуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз сафари охирини мо ба шаҳри Исфара се сол сипарӣ шудааст, вале дар ин муддати хеле кӯтоҳ ба туфайли дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳмати шабонарӯзии мардуми шаҳр корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, шароити зиндагии сокинон хеле беҳтар гардидааст.

Ҳаллу фасли  яке аз мушкилоти асосии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ таъмин кардани сокинон бо заминҳои наздиҳавлигӣ тадриҷан роҳи ҳалли худро пайдо карда истодааст.

Дар доираи қарорҳои Ҳукумати мамлакат давоми панҷ соли охир дар вилояти Суғд ба 78 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд, яъне қариб ба 500 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуда, ҳамзамон бо ин, як қатор шаҳраку маҳалҳои нави аҳолинишин бунёд гардида истодаанд.

Чанд сол муқаддам мо дар шаҳри Исфара ба бунёди шаҳраки Моҳпарӣ санги асос гузошта,  ба ин маҳалли навбунёд об бароварда будем.

Баробари пурра бунёд шудани шаҳрак беш аз 5 ҳазор оила ё зиёда аз 25 ҳазор  нафар сокинони шаҳри Исфара бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда, шароити зиндагиашон беҳтар мегардад.

Умуман, бунёди шаҳракҳои нав имконият медиҳад, ки садҳо гектар заминҳои бекорхобида азхуд карда шуда, ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ, инчунин заминҳои корам ва боғу токзор гарданд ва бо шуғли доимиву даромади хуб таъмин карда шаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Исфара низ ба муносибати истиқболи 25-солагии истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони як силсила иншооти муҳим  идома дорад.

Имрӯз мо бинои нави прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ карда, инчунин  маҷмааи муосири хизматрасониро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода супоридем.

Аз ҷумла чор бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки дар ошёнаи якуми ҳамаи онҳо марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ, коргоҳи таълимиву дӯзандагӣ  ва ташхисгоҳи тибби оилавӣ ва гиёҳдармонӣҷойгир шудаанд, мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуданд.

Дар биноҳои навбунёд беш аз 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара вазифадоранд, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати вусъат додани корҳои созандагӣ ва то ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти ба нақша гирифташуда, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии нав тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар хотир бояд дошт, ки Исфара яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии кишварамон мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо доир ба рушди боз ҳам бештари саноат ва зиёд кардани маҳсулоти саноатӣ ва пеш аз ҳама, молу маҳсулоти содиротӣ чораҳои доимӣ андешида шаванд.

Дӯстони гиромӣ!

Бо дарназардошти вазъи ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар яки мову шумо бояд масъалаи зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтиром кардану ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем.

Вале тавре ки аз маълумоти мавҷуда бармеояд, гумроҳсозии ҷавонону наврасон ва далелҳои гаравидани бархе аз ҷавонони Исфара ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Ин амалҳои нангин ба шаъну шарафи зодагони шаҳри бостонии Исфара иснод меоранд ва бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи чунин тамоюли номатлуб гирифта шавад.

Дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки аҳли ҷомеа ба ин масъала бояд бетараф набошад.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани насли наврас аз таъсири ҳама гуна ғояҳои бегона ва гурӯҳҳои ифротгаро, пеш аз ҳама, ҳамбастагии оила, мактаб, сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла шахсони обрӯманду рӯзгордида ва фаъолон зарур мебошад.

Ман ба падару модарон муроҷиат карда, бори дигар таъкид месозам, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва нагузоред, ки онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил шуда, боиси бадбахтии худашон, хиҷолату сархамии волидайну хешу таборашон ва коҳиш ёфтани нуфузу обрӯи миллату давлат гарданд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои марбутаи давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ноҳияро зарур аст, ки дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои нерӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду шарафманди шаҳри Исфара  дар оянда низ ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саъю талоши бештар мекунанд.

Шубҳае нест, ки сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Исфара ба шукронаи соҳибватаниву соҳибихтиёрӣҷашни мубораку муқаддаси 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои созандаву амалҳои ободгарона истиқбол мекунанд.

Бори дигар ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барои ҳамаи шумо табрик гуфта, ба кулли мардуми шарифи Исфара хонаи обод, баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям!

Ҳамеша сарбаланду хушрӯз бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi