00:40:48 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумат

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, ш. Душанбе, 21 январи соли 2016

zasedanie-Pravitelstva-Resp.jpg

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Рўзи гузашта дар Паёми Президент бо иштироки аъзои Маҷлиси Олӣ ва доираи васеи роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии тараққиёти кишвар баён карда шуданд.

Муҳокимаҳои имрўза нишон доданд, ки бо вуҷуди иҷрои нақшаҳои пешбинишуда имкониятҳои мавҷуда дар бисёр соҳаҳо ҳанўз ҳам пурра ва самаранок истифода нашудаанд.

Аз ин рў, ба Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар баёнгардида нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, татбиқи саривақтии онро таъмин созанд.

Аз ҳисоботи Сарвазири кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълум гардид, ки дар баробари пешравиҳо то ба ҳол дар фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиву норасоиҳо зиёданд.

Бинобар ин, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои зерин дода мешаванд:

Барои ноил шудан ба афзалиятҳои муайяншуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳаммияти махсус дода шавад.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди босуботи дарозмуддат аз ҳисоби пурра ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар сатҳи тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо, инчунин барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҷўӣ намояд.

Чунин иқдом дар шароити имрўзаи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа бисёр зарур мебошад.

Инчунин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки корҳоро дар самти бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, такмили сиёсати молиявию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои доимии корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот тақвият бахшанд.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои мутасаддӣ таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисоди миллиро мунтазам ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.

Ҳарчанд ки қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2015 таъмин карда шуд, вале баъзе намудҳои даромади буҷет иҷро нагардиданд.

Бо вуҷуди ин, маблағгузории соҳаҳо бо дарназардошти вазъи воқеии даромади буҷети давлатӣ дар давоми сол ва аз рўи афзалиятҳо амалӣ карда шуд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2016 ва ҷамъбасти натиҷаҳои соли молиявии 2015 зарур аст, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, такмили низоми андозбандӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани он дар тамоми манотиқи кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшуда тақвият дода шаванд.

Аз ин рў, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи соҳибкорон, бахусус дар самти таъсиси коргоҳу корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тамоми шароити заруриро муҳайё созанд.

Дар ин раванд, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки сиёсати молиявию қарзиро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар, таъмини рушд ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бахусус иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоиву байналмилалии давлат равона карда, ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 2016, истифодаи самараноки маблағҳо, худдорӣ намудан аз хароҷоти дуюмдараҷа ва маблағгузории саривақтии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Аз ҷониби дигар, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидор, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз истифодаи барномаву технологияҳои муосири баҳисобгирӣ ва мубодилаи иттилоот вобаста буда, чунин иқдом ба коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук зарур аст, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва мубодилаи маълумот тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Айни замон қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои сифатноки буҷет ва нақшаи даромади андозҳо таъмин нагардида, бақияпулиҳои андоз ба ҷойи кам шудан, баръакс, торафт зиёд шуда истодаанд, ки дар натиҷа чунин вазъ боиси сари вақт пардохт нашудани маошу нафақа гардида истодааст.

Дар ин ҷода, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд доир ба ҳалли масъалаи коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҷўӣ намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, роҳбарони ҳамаи субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки дар соли ҷорӣҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, махсусан иҷрои сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоӣ, хусусан маошу нафақа чораҳои судманд андешанд.

Инчунин, дар аксари шаҳру ноҳияҳо андози Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин нагардида истодааст.

Дар ин самт, сохтору мақомоти марбута, махсусан раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати ҳалли масъалаи кам кардани бақияпулиҳо ва пардохти саривақтии андози Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар риоя нагардидани маҳдудиятҳо ҷиҳати харидории маводҳои дуюмдараҷа ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо аз ҷониби мақомоту идораҳо мушоҳида мегардад.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин карда, аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа қатъиян худдорӣ намоянд.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон зарур аст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъори хориҷӣ, коҳиш додани таъсири фишори қурб ба пули миллӣ, истифодаи асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ дар муомилоти дуҷониба, зиёд кардан ва самаранок истифода намудани захираҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини низоми устувори бонкӣ, ҷалби захираҳои қарзӣ ва сармоягузорӣ аз хориҷи кишвар, беҳтар намудани ҳолати дастрасии қарзҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ барои аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ мунтазам корбарӣ намояд.

Зарур аст, ки бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ якҷо бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати дар соли 2016 дар доираи то 7 фоизи солона нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо вуҷуди таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ иқтидорҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода нашудаанд ва ҳоло ҳам қисми назарраси бозори истеъмолӣ аз ҳисоби молҳои воридотӣ таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, фаъолияти баъзе корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун 290 коргоҳу корхона фаъолият накардааст.

Аз ин хотир, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноат супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сабабҳои аз фаъолият боз мондани корхонаҳои истеҳсолиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, фаъолияти самараноки онҳоро ба роҳ монанд ва оид ба дарёфти бозорҳои нав дар хориҷи кишвар ҷиҳати содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ чораҷўӣ намоянд.

Илова бар ин, оид ба ҳалли масъалаҳои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия, ба монанди ноқилҳои гуногунқутр барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои энергетикӣ ва шабакаҳои барқӣ, маводи таъиноти саноату сохтмон ва ашёи рўзгори мардум чораҳои иловагӣ андешанд.

Вобаста ба ин, дар асоси ҳисобҳои асоснок номгўи маҳсулоти ивазкунандаи воридотро бо дарназардошти арзиши аслии паст, аз ҷумла ашёи хом, қувваи корӣ, нерўи барқ ва стандарту сифати баланд таҳия намуда, аз рўи номгўи мазкур дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ истеҳсол, фурўш ва содироти молу маҳсулотеро, ки дар бозори истеъмолии кишвар ва бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ рақобат карда метавонанд, ба роҳ монанд.

Бо мақсади дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, хусусан маблағҳои барои фармоишҳо ва хариди давлатӣ пешбинишуда ҳаҷми фармоишҳои давлатиро дар корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд намуда, хариди мол, кор ва хизматрасониро бо тариқи афзалият тавассути корхонаҳои ватанӣ анҷом диҳанд.

Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об ва нақлиёт бо мақсади таъмини фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатии ба истифодаи ангишт гузаронидашуда, марказҳои барқу гармидиҳии мавҷуда ва таъсисёбанда истихроҷи саноатии ангиштро васеъ ба роҳ монда, ба истифодабарандагон дастрас намудани онро таҳти назорат қарор диҳанд.

Ҳукумат бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи энергетика дар самти рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ҳарчи бештар истифода гардидани захираҳои энергетикии мамлакат пайваста чораҷўӣ менамояд. Вале дар ин самт то ҳанўз масъалаҳои ҳалталаби зиёд мавҷуд мебошанд.

Аз ин рў, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи сарфакорона ва самараноки захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани фаъолияти самараноки шабакаҳои барқӣ, инчунин татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи КАСА-1000 ва бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 чораҳои судманд андешанд.

Илова бар ин, оид ба ҳалли масъалаҳои кам намудани талафоти нерўи барқ, зиёд кардани ҷамъоварии маблағҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла низоми автоматии ҳисоб ва назорати нерўи барқ чораҳои қатъиро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ба Ширкати “Барқи Тоҷик” супориш дода мешавад, ки корҳои тарғиботиро бо аҳолӣҷиҳати сари вақт супоридани маблағи ҳаққи истифодаи барқ тавассути филиалҳои Бонки амонатгузории “Амонатбонк” ба роҳ монда, камбудиву норасоиҳоро дар самти пардохти истифодаи нерўи барқ бартараф намуда, якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади азхуд намудани захираҳои энергетикии кишвар, беҳсозии вазъи таъминот ба нерўи барқ, таҳияи асосноккунии лоиҳаҳои иншооти энергетикӣ, дарёфти манбаъҳои нави сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

Бояд гуфт, ки иқлими кишвар ва тадбирҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар самти таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, беҳдошти замин, бунёд ва барқарорсозии боғу токзор ва васеъ намудани масоҳати замини кишти сабзавот, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ гардиданд, имкониятҳои моро барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он ба маротиб зиёд намуданд.

Аз ҷониби дигар, вазъи пахтакорӣ дар саросари мамлакат ташвишовар буда, ба ҳар роҳу баҳона ин соҳаи муҳим ба нестӣ расида истодааст.

Ҳол он ки пахтакорӣҳамчун самти афзалиятноки рушди комплекси агросаноатии кишвар, хусусан саноати сабук омили фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва даромади мардум мебошад. Бинобар ин, мо сохтмони боз якчанд корхонахои нави бофандагиро ба нақша гирифтаем.

Ҳамзамон бо ин, зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои таъйиноти кишоварзӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмини намудани талаботи корхонаҳои мавҷуда ва таъсисёбандаи ватанӣ бо пахта бо роҳи зиёд намудани истеҳсоли пахта аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ҳавасмандгардонии хоҷагиҳо барои зиёд кардани кишти пахта, истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои нави агротехникӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди пахта вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати торафт зиёд кардани майдони кишти пахта ва коркарди пурраи он дар дохили мамлакат чораҳои судманд амалӣ намоянд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, инчунин, вобаста ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳифзи онҳо аз офатҳои табиӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва ба роҳ мондани истифодаи тухмиҳои хушсифат мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Тавре ки аз маълумотҳо бармеояд, то ҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин, бахусус ҳангоми тақсимот ва истифодаи он ба мушоҳида мерасад.

Аз ин рў, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣқарор дода, монеа ва қонуншиканиҳоро дар ин самт сари вақт бартараф намоянд.

Бо вуҷуди корҳои бунёдкориву созандагии анҷомдодашуда ҳанўз ҳам дар самти сохтмон ва тармими роҳҳо як қатор масъалаҳои муҳим боқӣ мондаанд.

Вобаста ба Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ супориш дода мешавад, ки корҳоро дар самти бунёд ва таҷдиди роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои аҳаммияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявидошта, сохтмони марказҳои логистикиву терминалҳои наздисарҳадӣ, инфрасохтори хизматрасонии нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва баҳисобгирии хизматрасониҳои нақлиётӣ беҳтар намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва дар сатҳи хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла нерўи созандаи соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Дар шароити рақобати шадиди кишварҳо вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ кишвари мо барои ҷалби маблағҳои иловагии сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, боло рафтани рейтинги байналмилалии мамлакат, ҷолибияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна амалӣ намудани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ зиёд шуда, 65 фоизи ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишварро бахши ғайридавлатӣ таъмин карда истодааст.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо субъектҳои соҳибкорӣ барои ба таври назаррас зиёд кардани саҳми соҳаҳои коркард ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бо афзоиш додани коркарди молу маҳсулот ва арзиши иловашудаи онҳо андешидани чораҳои иловагӣ зарур мебошад.

Истифодаи самараноки иқтидори корхонаҳо низ метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини рушди босуботи иқтисодӣ гардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои давлатӣ бо истифода аз мавқеи бартариятноки худ дар сурати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок метавонанд қарзҳои худро дар назди буҷети давлатӣ пурра ва сари вақт пардохт намоянд ва дар рушди иқтисодиёт саҳми аз ин бештар дошта бошанд.

Аз ин рў, Сарвазири мамлакат, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо бояд барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаву муассисаҳои давлатӣҷиҳати ба ҳадафҳои рушди иқтисодӣ мутобиқ намудани онҳо дар муҳлатҳои кўтоҳтарин чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар шароити ҷаҳони муосир воситаи асосии рушди бомароми иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад, омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии муосири техникиву технологӣ мебошад.

Дар ин раванд зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи марҳалаи кунунии рушд ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар самти идоракунии зиддибуҳронӣ, таҳлилгарони соҳавӣ, барномасозон ва мутахассисони идоракунии давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар низ диққати ҷиддиро талаб менамояд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои дохилӣ рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳоро дар доираи маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин, вобаста ба супоришҳои ҳангоми сафарҳои кории Роҳбари давлат ба минтақаҳои кишвар ва вохўриҳо бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо додашуда ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо бо дарназардошти захираву имкониятҳои воқеӣ, татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва барномаҳои сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, инчунин барои амалисозии барномаҳо ва чорабиниҳои алоҳида барои ҳар як вилоят ва шаҳру ноҳия чораҷўӣ карда шавад.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки масъулини сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи ҳалли мушкилоти ҷойдошта бояд боз ҳам ҷиддитар муносибат намоянд.

Соҳаи иҷтимоӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти ҳамин афзалият дар буҷети давлатии соли 2015 зиёда аз 50 фоизи хароҷот ба ин самт равона гардида буд.

Сарфи назар аз вазъи иқтисодӣ, сохта ва мавриди истифода қарор додани иншооти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, таъсис додани муассисаҳои муштараки таҳсилоти олӣ, ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилотӣ, таъсиси стипендияи махсуси дастгирии толибилмони болаёқат, ҳамасола ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ва маблағҳои махсус барои таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумат ба илму маориф мебошад.

Вале бо вуҷуди чораҷўиҳои зиёди Ҳукумат дар ин самт, сатҳ ва сифати таълим, истифодаи самараноки маблағҳо ва бурсияҳои ҷудогардида ҳанўз ҳам қонеъкунанда набуда, норасоии мутахассисон дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба назар мерасад.

Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани сифати омода кардани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани донишу малакаи хатмкунандагон ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки стандартҳои нави таълимиро таҳия намуда, ҷиҳати такмили робитаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат тадбирҳои доимӣ андешад.

Инчунин, якҷо бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки омодасозии кадрҳои муҳандисиву техникӣ, илмӣ ва илмиву педагогиро тибқи эҳтиёҷоти иқтисоди миллии кишвар ва бозори меҳнати он муайян намуда, барои татбиқи он чораҳои фаврӣ амалӣ намояд.

Ба Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, супориш дода мешавад, ки барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омўзгорони сатҳи баланди касбӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҷараёни татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2014- 2020 қонеъкунанда набуда, айни замон ҷалби кўдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ба талабот ҷавобгў нест. Доир ба ин масъала аз имкониятҳои бахши хусусӣ кам истифода мегардад ва фоизи фарогирии кўдакон ба чунин муассисаҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар баробари ин, вазъи таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои мазкур ба талаботи замон ҷавобгў намебошад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои ҳамаҷониба андешанд.

Солҳои охир дар мамлакат иншооти зиёди тандурустӣ бунёд гардида, онҳо бо технологияҳои муосири соҳа таъмин карда шудаанд. Вале то ҳол вазъи баъзе бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташвишовар ва дар ҳолати садамавӣқарор дорад.

Ҷиҳатиҳалли масъалаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббиро ба талаботи замон мутобиқ гардонад.

Дар доираи ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарар аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, пиронсолони бемор ва яккаву танҳо, инчунин дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣқарор доранд, тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаи «Барномаи расонидани кумаки иҷтимоии унвонӣ барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва дар давоми соли 2016 ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва омўзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт то ҳол маълумоти мақомоти шуғли аҳолии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо нишондиҳандаҳои Агентии омор мувофиқат намекунад.

Ин аст, ки доир ба тамоюли бекорӣ ва пасту баланд рафтани шиддати он маълумоти саҳеҳ мавҷуд намебошад.

Бахусус, кор дар самти ташкили корҳои хонагӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, косибӣ ва монанди инҳо, ки солҳои охир ба таври доимӣ таъкид мегардад, ғайриқаноатбахш буда, баъзе чорабинӣ ва тадбирҳои андешидашуда намоишкорона ба роҳ монда мешаванд. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки корҳои хонагӣ ба яке аз воситаҳои асосии даромад ва бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинони шаҳру ноҳияҳо табдил ёбанд.

Аз ин рў, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба раванди ташкили курсҳои бозомўзӣ, азхудкунии касбу кор ва корҳои хонагӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҷалби ҷавондухтарону занони бекорро ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардонад.

Умуман, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои рўзмараи фаъолияти ҳар як роҳбари сохтору мақомоти марбута, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба шумор меравад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб зиёд гардидани шумораи бекорон ва дарёфти роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани онҳо ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоюли раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз коҳиш ёфтааст.

Агар сабаби то андозае коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз як тараф пастравии сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии мо бошад, мавҷуд набудани созишнома ва шартномаҳои байнидавлатӣ бо дигари давлатҳои хориҷӣ, ки дар вазъияти имрўза ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ зарурат доранд, ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави корӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Тавре ки ҳамаи шумо дар хотир доред, соли гузашта дар чандин ноҳияҳои мамлакат офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза, омадани селу тарма ва сардии ҳаво рўй доданд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо дар муҳлати кўтоҳтарин барқарор ва зиндагии муқаррарии мардум таъмин карда шавад.

Бинобар ин, Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати пурра бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, бахусус пурра барқарор кардани манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, омода намудани тамоми муассисаву иншооти аҳаммияти иҷтимоидошта, дар навбати аввал, мактабу беморхонаҳо, роҳҳо, шабакаҳои барқ, инчунин дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Дар баробари ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаҳои вазъи таъминоти бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ назорати доимии нархи молҳои ниёзи аввал ва ҳалли мушкилоти мардум эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои таъмини фаъолияти мунтазами коргоҳу корхонаҳои мавҷуда, омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ, инчунин сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣҳамаҷониба чораҷўӣ карда шавад.

Бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ то ҳанўз риоя нагардидани талаботи қонунгузории мамлакат дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мазкур мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Илова ба корҳои созандагиву ободонӣ масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, риояи талаботи қонунҳои мамлакат доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд аз ҷумлаи вазифаҳои ҳамарўзаи сохтору мақомоти дахлдор, аҳли зиё, фаъолон ва кулли шаҳрвандон бошанд.

Гарчанде муҳлати компютеркунонии мактабҳо ба охир расида, нақшаи иҷрои он дар кишвар таъмин гардидааст, аммо то ҳол баъзе шаҳру ноҳияҳо нақшаро аз 80 то 90 фоиз иҷро кардаанд.

Аз ин рў, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршударо зарур аст, ки дар муддати кўтоҳтарин масъалаи мазкурро ҳал намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.

Вазъи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои санъат ва мусиқӣ, фаъолияти китобхонаҳо, ташкили қироатхонаҳо, қасру боғҳои фарҳангӣ ва театрҳо низ беҳбудиро талаб намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба пешрафт ва таҳкими заминаҳои моддӣ ва таъмиру тармими онҳо кам аҳаммият медиҳанд.

Тибқи таҳлилҳо 38 фоизи кормандони соҳаи фарҳанги кишвар бо таҳсилоти миёна фаъолият доранд, ки ин ҳолат ба таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рў, Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин камбудиҳои мазкурро баратараф намуда, ҷиҳати беҳтар шудани нигоҳдории муассисаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти доимии онҳо бахусус дар минтақаҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда масъалаи фарогирии аҳолии мамлакат бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣҳанўз ҷавобгўи талабот нест.

Дар бисёр манотиқи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мардум аз тамошои телевизиону шунидани барномаҳои радио маҳруманд.

Ин мушкилот боиси нигаронӣ буда, масъулон вазифадоранд, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин камбудӣ ва таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои радио ва телевизион тадбирҳои иловагӣ андешанд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳар се моҳ ба Ҳукумат гузориш манзур намоянд.

Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар мамлакат 54 фоизро ташкил намуда, татбиқи он мувофиқи мақсад намебошад. Ҳоло ҳам такрори зиёди барномаҳо ва сатҳи пасти касбияти рўзноманигорони телевизион ва радио ба назар мерасад.

Бо истифода аз ҳузури раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба яке аз масъалаҳои муҳимми рўз, яъне шомил гардидани шаҳрвандони мамлакат, хусусан ҷавонон, ба гурўҳҳои ифротгаро ва террористиву экстремистӣҷалб намоям.

Ҳамаи шумо аз вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа хуб огоҳҳастед. Солҳои охир раванди сиёсишавии ислом ва дар ин замина авҷ гирифтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ва амалҳои тахрибкорӣ боиси нооромии минтақаҳои гуногуни сайёра гардидааст.

Кишвари мо низ бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиаш зери таҳдиди ин хатарҳо қарор дорад.

Тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурўҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд.

Худатон қазоват кунед, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат, дар маҷмўъ, қариб 5400 масҷид, аз ҷумла 3 930 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият мекунад.

Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3 836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди умумии масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд.

Маҳз бо сабаби таъсири омили зикршуда, фаъолияти нокифояи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣҷараёни таъсиррасонии мафкуравии пайравони гурўҳҳои ифротӣ бештар дар байни ҷавонон рў ба афзоиш ниҳодааст.

Раванди мазкур бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кўлоб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Бохтар бамаротиб зиёд гардидааст.

Тибқи маълумот, айни замон беш аз ҳазор нафар сокинони кишвар ба сафи Давлати ба ном исломӣ пайваста, дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд.

Ҳамзамон бо ин, дар маҷмўъ 146 оила ба Сурия ва Ироқ кўч баста, 21 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба сафи созмони террористии Давлати исломӣ шомил шудаанд.

Сабаб ва омилҳои асосии гаравиши ҷавонону наврасон ба сафи равияҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, пеш аз ҳама, бемасъулиятии падару модарон нисбат ба тақдири фарзандони худ, мавҷуд набудани шароити ташкилӣ барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ, дар сатҳи зарурӣқарор надоштани корҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳудуди маҳалла, ҷамоат, шаҳрак, ноҳия ва шаҳру вилоят мавҷуд будани мушкилоту норасоиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ алоқаманд мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, тибқи маълумот солҳои охир шумораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон афзоиш ёфта истодааст.

Ҳолати мазкур низ шаҳодати он аст, ки масъулони таълиму тарбия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ин самт аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир накардаанд.

Бинобар ин, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор ба занон ва оила, Иттифоқи нависандагон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ бо роҳи ба маҳалҳо сафарбар намудани мутахассисон, дар муассисаҳои таълимӣ пурзўр намудани дарсҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои ватандўстӣ ва ташвиқи арзишҳои дунявӣ, таҳияи барномаҳо ва филмҳои талқинкунандаи андешаҳои меҳанпарастӣ, шеъру мақолаҳо, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Дар ин марҳалаи ҳассос яке аз вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар боз ҳам пурқувват намудани тадбирҳои амниятӣ ва назорати риояи қатъии қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Вобаста ба ин, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва сохторҳои низомӣ супориш дода мешавад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошанд ва дар самти пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо ҳамкории муштарак дошта бошанд.

Ҳукумати мамлакат бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣҳар сол барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣҳазорҳо гектар замин ҷудо мекунад.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъулон ҳангоми тақсимоти замин ба аҳолӣ барои бунёди хонаи фарҳанг, китобхона, нуқтаҳои тиббӣ ва майдонҳои варзишӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи қабул ва баррасии арзу шикоятҳои сокинон ва ҳалли мушкилоти зиндагии онҳо фориғболӣ зоҳир менамоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки чунин муносибат боиси нобоварии мардум нисбат ба сиёсати Ҳукумат мегардад ва аз ин вазъ гурўҳҳои ифротӣ ба манфиати худ истифода мебаранд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити мураккабу печидаи муосир ҳар яки шумо бояд зираку ҳушёр бошед, ҷиҳати халли мушкилот ва арзу шикояти сокинон тадбирҳои саривақтӣ андешед ва барои ободии диёр ва пешрафти кишварамон самимона азму талош намоед.

Соли 2016 барои кулли мардуми Тоҷикистон бояд соли созандагиву ободонӣ, пешрафт ва комёбиҳои беназир гардад. Зеро имсол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 — сола мешавад.

Аз ин лиҳоз, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, киҷиҳати иҷрои босифати корҳои ободонӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Дар охир, бори дигар хотирнишон месозам, ки танҳо бо меҳнати софдилонаи худ мо метавонем пешрафти иқтисодиётро таъмин ва сатҳи некўаҳволии мардуми кишварамонро баланд бардорем.

Ба ҳамаи шумо фаъолияти пурсамар ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломат бошед!

http://khovar.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi