00:59:49 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вазифаҳои нави Руқия Қурбонова, Амиршо Миралиев ва дигар собиқадорони ҲХДТ

Дирўз таҳти раёсати муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода маҷлиси тадорукотии Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид.

HHDT.jpgМавсуф зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад, то ки ҳадафу  ғояҳои созандаи ҳизб ва давлату ҳукуматро ба қишрҳои мухталифи ҷомеа фаҳмонад ва ҷиҳати татбиқи онҳо иқдом намояд.

Дар ин росто, Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб таъсис дода шудааст, метавонад нақши муассир ва арзишманд дошта бошад.

Усмон Солеҳ, сухангўи ҲХДТ ба мо иттилоъ дод, ки собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи гурўҳҳои фаъолу содиқ ва устувору собитқадами ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ҳолатҳои барои миллат ва давлат  душвору сарнавиштсоз зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби роҳбари муаззами мамлакат муайяну мушаххас гардидаанд, саҳми худро гузоштаанд. Мо эътимод бар он дорем, ки ташкилотҳои ҳизбӣ маҳорату таҷрибаи собиқадорони ҳизбро минбаъд низ дар корҳои рўзмарраашон ба таври самарабахш истифода мебаранд.

Чуноне ки пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ба таърихи 4 декабри соли 2015 қайд намуд: “Мо бояд нисбати собиқадорони ҳизб бетафовут набошем. Таҷрибаи онҳоро ҳамаҷониба истифода карда, дар синни нафақа нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем. Бояд собиқадорон дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд ва дар мактаби маҳорату истеъдодашон кадрҳои ҷавон тарбия гиранд.”

Тибқи дастури раиси ҲХДТ фаъолияти Шўро бояд ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар бобати тарбияи ҷавонон, тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар мавриди истифода қарор дода шавад.

Вобаста ба талаботҳои Низомнома ин ниҳоди ҷамъиятии ҳизб фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо Дастгохи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Бовари дорем, ки Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарбияи сиёсию маърифатӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон дар руҳияи  баланди ватандӯстӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи Оиннома ва барномаҳои ҳизб бо фаъолияти ибратомўз, истифодаи таҷрибаю малака ва кордонии аъзоёни худ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳми муносиби худро мегузоранд, афзуд С. Фаттоҳзода.

Баъдан дар ҷаласа дар асоси Низомномаи Шўро масъалаҳо оид ба ҳайати Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи таъини раис, муовинон ва котиби Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди ахлоқу маънавиёт ва пешгирии омилҳои ифротгароии ҷавонон мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Бо маслиҳат ва пешниҳоди Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Руқия Қурбонова раиси Шўрои собиқадорони ҳизб, Амиршо Миралиев, Давлаталӣ Давлатзода, Сафар Сафаров муовинони раиси Шўро ва Латофат Шарифова котиби Шўрои собиқадорон интихоб шуданд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi