15:20:56 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони Ҳамад: Нурӣ агар зинда мебуд дар паҳлӯи ҳукумат мебуд

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита бо ҳодисаҳои хунбори аввали моҳи сентябри cоли 2015 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат бо чанд савол ба коршиноси масоили сиёсӣ, собиқ котиби матбуотии раҳбари ИНОТ Султони Ҳамад суҳбате анҷом дод, ки муҳтавои онро пешкаши Шумо менамоем.

sulton-hamad-musohibaАМИТ «Ховар»: -Ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ дар масъалаи ҳамлаҳои хунини аввали сентябри соли 2015 ба бинои дастгоҳи марказии вазорати дифоъ ва бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат аз сӯи собиқ муовини вазири дифои кишвар Абдуҳалим Назарзода ва ҳамраҳонаш чӣ гуфта метавонед? Дар паси ин ҳамлаҳои маргбор кадом қувваҳо буда метавонанд? Кадом омилҳо онҳоро ба содир кардани ин ҷиноятҳои мудҳиш водор кардаанд?

Султони Ҳамад: -Ҳар амале, ки ба рехтани хуни инсонҳо ва марги онҳо мунҷар мешавад, сазовори на танҳо шадидан маҳкум кардан аст, балки зарур аст, ки омилони он тибқи қонунҳои мавҷуда ба ҷазои аъмоли худ бирасанд. Вагарна дар ҷомеъа фазои ҳамдигарбадбинӣ, тарсу ваҳшат, қонуншиканиҳо боло гирифта, оқибатҳои фоҷиабореро дар пай хоҳанд дошт. Мутаассифона, мардуми азияткашидаи мо дар гузаштаи на чандон дур чунин сенарияи даҳшатноку фоҷиаборро таҳти раҳбарии коргардонҳои мухталиф дар ҳаёти худ пиёда карда буданд.

Ҳамлаи собиқ муовини вазири дифои мамлакат ҲоҷӣҲалим Назарзода ва онҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ кардаанд, албатта аз ҷумлаи чунин амалҳои бад аст. Кӣ ва чӣ онҳоро маҷбур сохтааст, ки даст ба чунин ҷинояти мудҳиш бизананд? Инро мақомот дар рафти тафтишот муайян хоҳанд кард. Вале ҳаминаш имрӯз ҳам аниқ маълум аст, ки ин кори нафарҳое буда метавонад, ки онҳо хайрхоҳи ин мардум, ин миллат, ин марзу бум ва ин сулҳу амният нестанд. Мутаассифона, онҳо ҳам дӯстони нодон буда метавонанду ҳам душманони доно.

Бале, дар ҳаёти мо имрӯз мушкилот кам нестанд. Мутаассифона, дар сари мансабҳо баъзан нафароне ҳастанд, ки ба ҷои салла калларо меоранд. Вале ин мушкилоту ин камбудиҳо ба мо ҳақ намедиҳад, ки даст ба силоҳ  ва чунин ҷиноятҳои хунин бизанем, ҷомеъаро ноором кунем, кишварро ба гирдоби бало бикашем. Маълумоти мавҷуда, ки аз тариқи расонаҳои ахбори омма ба даст омадааст, ба мо то андозае имкон медиҳад ҳадс бизанем, ки омилҳои сар задани ин ҷиноятро ҳам дар баъзе мушкилоти дохилӣ бояд ҷуст ва ҳам дар таҳрик ва дахолати нирӯҳои хориҷӣ, ки барояшон нооромӣ ва бесуботӣ дар Тоҷикистон ин баробар бо бароварда кардани  ҳадафҳои стратегиашон аст. Масалан, онҳое, ки ДИИШ-ро сохтаанд, маълум аст, ки танҳо бо Сурияву Ироқ иктифо карданӣ нестанд.

АМИТ «Ховар»: -Шумо замоне бо амри тақдир ба ҳайси котиби матбуотии Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозитсиони тоҷик низ фаъолият кардаед. Табиист, ки раҳбарият ва фармондеҳони собиқи мухолифинро хуб мешинохтед. Мешавад, ки дар бораи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров, ки аз фармондеҳони собиқ мухолифин буда, даст бар ҷиноят задаанд, чанд сухан бигӯед?

Султони Ҳамад: -Рости гап, ҲоҷӣҲалим Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ Умаров (эшони Ҷунайдуллоҳ) аз ҷумлаи ҳамон фармондеҳони собиқ мухолифин ҳастанд, ки бо онҳо ҳатто боре ҳам сухане чанд  дар ягон мавзӯъ раду бадал накардаам. Ҳатто баъди ҷангҳо ҳам, вақте онҳо дар вазифаҳои баланди низомӣ, дар вазорати дифоъ буданд, бо онҳо суҳбат накардаам. Зарурат надоштам. Аз рӯи шунидам ҲоҷӣҲалим Назарзода, дар солҳои ҷангҳои дохилӣҳамеша дар кишварҳои муштракулманофеъ зиндагонӣ карда, асосан бо тиҷорат машғул будааст. Эшони Ҷунайдуллоҳ Умаров бошад, дар ҳамон давраи ҷанг дар Афғонистон паноҳанда шуда буд. Яке аз қумандонҳои собиқ фармондеҳи нируҳои мусаллаҳи наҳзати исломии Тоҷикистон Ризвон Садиров ба шумор мерафт. Баъд аз он ки раҳбарияти ИНОТ Ризвонро хоин эълон кард, Ҷунайдуллоҳ аз Ризвон ҷудо шуд ва бевосита ба худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ итоат мекард. Баъди имзои Созишномаи Сулҳҳарду, яъне ҲоҷӣҲалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ, аз ҷумлаи ҳамон фармондеҳоне буданд, ки ин тавофуқи сулҳу оштиро гарм истиқбол карданд ва барои татбиқи он талош варзиданд. То рӯзи ҳодиса онҳо дар вазифаҳои баланд буданд. Яке муовини вазири дифоъ буд, дигаре коменданти низомии шаҳри Душанбе. Дар бораи инҳо феълан ҳамин қадар гуфта метавонам.

АМИТ «Ховар»: -Имрӯз ҲНИТ дар ҳолати парокандашавӣқарор дорад. Тибқи маълумоти Вазорати адлия дар аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сабабҳои гуногун фаъолияти хешро қатъ кардаанд. Вале бо вуҷуди ин ахиран дар вокуниш ба ҳодисаҳои 4-уми сентябр раёсати ҲНИТ изҳоротеро пахш кард. Дар он дар баробари ибрози ташвиш кардан аз ин ҳодисаҳо боз ҳукуматдорон ба зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Шумо  ҳамчун собиқ котиби матбуотии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин мавқеъро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Агар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳаёт мебуданд, чӣ иқдоме мекарданд?

Султони Ҳамад: -Агар устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар қайди ҳаёт мебуданд, албатта чун ҳамеша аз сулҳу манофеи кишвар дифоъ мекарданд. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои сулҳу субот ва оромии миллат, кишвар манфиатҷӯии ҳизбӣ ва гурӯҳиро як сӯ гузошта, аз манофеи миллӣ ва давлатӣ дифоъ мекарданд. Ман дар ин хусус даҳҳо мисол оварда метавонам. Масалан, декабри 1996 ва феврали 1997 гурӯҳи Ризвон дар дохили Тоҷикистон даст ба як силсилаи гаравгонгириву террорҳо зад. Вазъият ноором шуд. Ҳанӯз Созишномаи Сулҳ ба имзо нарасида буд. Эътимод ба якдигар чандон таҳким наёфта буд.

Дар чунин вазъият устод ба ҷониби ҳукумат пешниҳод кард, ки алайҳи ин гурӯҳ муштаракан мубориза баранд. Чунин тавофуқ дар мулоқоти Машҳад байни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид. Муштаракан алайҳи ин гурӯҳ мубориза оғоз шуд ва билохира он гурӯҳ маҳв гардид. Ё худ вақте  гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев аввалҳои ноябри соли 1998 аз хоки давлати ҳамсоя ба шимоли кишварамон ҳамла бурд, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси раҳбари ИНОТ ва Раиси КОМ баёнияе пахш кард, ки дар он сареҳан гуфта мешуд, ки нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин (ҳанӯз ба сохторҳои қудратии ҳукумат шомил нашуда буданд) омодаанд, дар паҳлӯи нируҳои ҳукумат бар зидди дастаи Маҳмуд Худойбердиев биҷанганд.

Баъдан амалиёти якҷоя сурат гирифт ва муҳоҷимин дар як муддати кӯтоҳ торумор карда шуданд. Ё худ чанде пештар аз ин воқеаҳо, яъне моҳи июли 1998, дар мавзеи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод, чаҳор нафар корманди СММ кушта шуданд. Устод Нурӣ аз фармондеҳи  нируҳои мусаллаҳи мухолифин Мирзо Зиёев, ки он мавзеъро дар таҳти назорат дошт, талаб кард, ки қотилонро дастгир намуда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлат бисупорад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷинояткорон ба ҷазои аъмоли худ расиданд. Хулоса ҳамин ки устод Нурӣ  ҳамеша тарафдори волоияти қонун буд. Имрӯз ҳам агар зинда мебуданд, бовар дорам, ки дар паҳлӯи ҳукумат мебуданд. Дар изҳороти ҲНИТ, мутаассифона, ин нукта дида намешавад.

АМИТ «Ховар»: -Ба ҳар ҳол дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба ин назаранд, ки ҳарду, яъне Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдулло Умаров аъзои ҲНИТ мебошанд. Шояд сабаби даст ба чунин  ҷинояти «Хиёнат ба Ватан» задани онҳо ҳамин фурӯпошии ҲНИТ-ро онҳо кори дасти ҳукумат дониста, қасос гирифта бошанд?

Султони Ҳамад: -Шумо ба ин саволатон аз посухи ман ба саволи нахустинатон ҷавоб пайдо карда метавонед. Дар бораи аъзои ҲНИТ будан ва ё набудани онҳо маълумоти дақиқе надорам. Аз он ки онҳо ба изҳороти басташавии ҲНИТ имзо кардаанд, мантиқан набояд аъзои ҲНИТ бошанд. Баъдан басташавии як ҳизб агарчи барои як гурӯҳ нокомии сиёсӣ бошад, аммо набояд то ин ҳадде бошад, ки дар вокуниш ба он даст ба ҷиноят бизанӣ ва муҳимтар аз ҳама хуни ноҳақ бирезӣ, одамони бегуноҳро ба ҳалокат бирасонӣ. Худоро аз ин хуш намеояд. Ҳизбе, ки баста шуд, имкон дорад, ки боз кушода шавад. Вале ҷони инсон, ки аз даст рафт, дигар барнамегардад.

АМИТ «Ховар»: -Ташаккур барои як суҳбати ошкоро. Аз фурсат истифода бурда шуморо бо ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамон табрик мегӯям ва бароятон хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

Султони Ҳамад: -Ташаккури зиёд. Ман ҳам Шумо, ходимони АМИТ «Ховар» ва тамоми хонандагону ҳамватанони азизро бо фарорасии бузургтарин ҷашни миллат «Рӯзи истиқлолияти давлатӣ» табрик гуфта аз Худованди Таборак ва Таъоло орзуманди он ҳастам, ки дар Ватани азизи мо ҳамеша сулҳу субот пойдор бимонаду мардуми шарифи мо дигар ба макри душманон фирефта нашаванду ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша аз балоҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи Парвардигори азимушшаън бошанд.

Мусоҳибаи Акрам Сангов

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi