17:06:03 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲНИТ тасмим гирифт, ки Кабирӣ муваққатан барнагардад

Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ муваққатан ба Тоҷикистон барнагардад. Ҷаноби Кабирӣ аз чанд моҳ ба ин сӯ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.

muhiddin-kabiri_1265245665.jpgШӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти ахири худ тасмим гирифтааст, ки Муҳиддин Кабирӣ муваққатан ба Тоҷикистон барнагардад. Зубайдуллоҳи Розиқ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин тасмим бо дарназардошти шароити феълии кишвар гирифта шудааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ афзуд, ин тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҷиддӣ аст ва ин ба он маъност, ки шояд ҷаноби Кабирӣ дар зарфи як ё якуним моҳ баъд ва пас анҷоми табобат ва мулоқотҳояш дар хориҷ, ба кишвар баргардад. Аммо ҲНИТ шарҳ надод, ки сабаби аслии муваққатан ба Тоҷикистон наомадани Муҳиддин Кабирӣ аз чӣ иборат аст.

Муҳиддин Кабирӣ пас аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Туркия рафт ва дар авоили моҳи май ба мо гуфт, барои табобату конфронсҳо дар хориҷқарор дорад ва ба Душанбе бархоҳад гашт.

Овозаҳо дар мавриди дудилагии омадани Кабирӣ ба Тоҷикистон баъд аз пешниҳоди баста шудани ҲНИТ аз сӯи имомхатибон пайдо шуд ва пас аз пахши навори таҳдидомез дар Интернет аз сӯи аъзои гурӯҳи тундрави "Ансоруллоҳ", авҷ гирифт.

Дар ин навор нафаре, ки худро Мавлавӣ Салмон муаррифӣ мекард, ниқоб дар рӯй бо муроҷиат ба Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, аз сиёсатҳои ба қавли ин ҷавон "куфр"-аш даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, Кабирӣ хато мекунад, ки "ҷиҳод дар Сурияву Ироқ"-ро хушунат ва ҷанги бемаънӣ мешуморад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Муҳиддин Кабирӣ бо қисме аз аҳли хонаводааш дар Туркия зиндагӣ мекунад ва дар гузашта низ зиёд ба он кишвар зиёд сафар мекард. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду ҳафта баъд аз интихоботи парлумонии 1-уми март, аз Душанбе рафт.

Муҳиддин Кабирӣ 20 июли соли 1965 дар қишлоқи Қасамдараи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1983 техникуми статистикии (омори) ш. Орҷоникидзеободро хатм намуда, дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда кор кардааст. Аз соли 1983 то 1985 дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кард. Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда фаъолият дошт.

Соли 1987 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси коромӯз дар Ҷумҳурии Яман будааст. Соли 1993 ба академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро хатм намуда, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мегардад. Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси президенти Маркази фарҳангии «Сино» (ш. Москва) ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» (ш. Москва) фаъолият намудааст.

Соли 1997 ба вазифаи ёрдамчии раиси Комиссияи Оштии Миллӣ таъйин шуда, соли 1999 узви КОМ дар зеркомиссияи оиди масъалаҳои сиёсӣ фаъолият кардааст. Соли 1999 узви Раёсати Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад ва соли 2003 дар Анҷумани навбатии ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шудааст. Соли 2000 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис додааст. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст. Соли 2006 пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳ Нурӣ раҳбари ҲНИТ интихоб шуд. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, оиладор соҳиби 6 фарзанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi