12:13:33 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Э.Раҳмон гуфт, ба ҷавонон роҳбариро бовар мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми аз ҷалби ҷавонон ба корҳои идоракунии давлатӣҳимоят кард, аммо аз он таассуф хӯрд, ки, ба гуфтаи ӯ, бархе ҷавонон ба ҷойи илмомӯзӣ ба корҳои номатлуб даст мезананд.

emomali-rahmon-45123256Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми телевизионӣ аз ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар кишвар пуштибонӣ карда, аммо аз он ки бархе ҷавонон, ба қавли ӯ, ба корҳои номатлуб даст мезананд, изҳори таассуф намуд. Ин паёми оқои Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон буд, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад.

Вай ҳангоми ироаи паёмаш афзуд, "рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Аз ин лиҳоз, ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳукумат пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда идома хоҳад дод ва илова кард, "ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем."

Аз ин пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ҳадаф аз барканор кардани мақомдороне, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, аз як сӯ беҳтар кардани сифати хизмати давлатӣ ва аз сӯи дигар роҳ кушодан ба ҷавонон дар идораҳои давлатист. Гурез Қосимзода, муовини раиси Оҷонси хизмати давлатӣ ба мо гуфта буд, "ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, аммо мониторинги охири мо, ки сифати кори хизматчиёни давлатиро санҷид, муайян кард, бисёре аз хизматчиёни давлатӣ бинобар маъюбӣ ва ё пиронсолиашон аз ӯҳдаи иҷрои вазифашон дуруст намебароянд."

Бештар аз 70 дарсади аҳолии 8,2-миллионнафарии Тоҷикистонро ҷавонони то синни 35 ташкил медиҳанд. Имсол барои 17-ум бор аст, ки дар кишвар рӯз ва ҳафтаи ҷавонон баргузор мешавад. Аз назари бисёре аз ҷавонон дар ин муддат вазъи зиндагии онҳо кам тағйир кардааст ва ҳанӯз ҳам бекорӣ, муҳоҷират, шароити номусоид барои таҳсил ва садҳо дарди сари дигар домангири ҷавонҳои замонавии Тоҷикистон аст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар навбати худ аз ҷавонон гилагузорӣ кард, ки ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Вай афзуд, "гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад."

Ин ҳарфҳои президент Раҳмон дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти расмӣ бештар аз 400 шаҳрванди кишвар дар сафи ҷангиён дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Афғонистону Ироқу Сурия қарор доранд. Муҳаммадӣ Сафолов, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, “дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ, яъне 2 сол, ба сафи ин гурӯҳҷавонони зиёде ҷалб гаштанд. Бинобар ин моро зарур аст, тадбирҳоеро бубинем, то ҷавононро аз ин роҳ дур кунем. Зеро дар сархати стратегияи ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи ҷавонон аҳамияти хоса дорад, ва беш аз 41 фоизи хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи ҷавононанд.”

Нигаронии мақомот дар ҳама нишастҳо аз ҷиҳодӣ шудани ҷавонон дар ҳолест, ки имсол дар пайи бӯҳрони иқтисодии Русия ва ихроҷи муҳоҷирон масъалаи бекории ҷавонон боз ҳам умдатар ва тӯдаи одамон ҳам дар бозори мардикорон бештар шудааст. Танҳо дар 4 моҳи ахир сафар ба Русия 16 дарсад коҳиш ёфтааст ва тақрибан 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки аксаран ҷавонони аз 20 то 35-солаанд иҷозаи вуруд ба Русияро надоранд. Сӯҳроб, яке аз чунин ҷавонон аст, ки як сол боз дар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор машғул аст. Ӯ мегӯяд, тамоми талошҳояш бенатиҷа анҷом ёфта ва ҳоло ягона умедаш мулоқоти Тоҷикистону Русия дар мавриди афви муҳоҷирони ихроҷшуда аст.

Тибқи оморӣ расмӣ, мисли Сӯҳроб, феълан ҳудуди 28 ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон ҳамчун бекор сабт шудаанд, вале манобеи мустақил теъдоди чунин афродро садҳо маротиб бештар аз арқоми расмӣ медонанд. Аксари ин ҷавонон соҳибмаълумотанд. Созмони ҷаҳонии кор ҳам ахиран дар пайи як пажӯҳиши худ Тоҷикистонро дар қатори чанд кишвари дигари Осиёи марказӣҳушдор дод, ки ин мушкил метавонад кордониву тавонмандии ҷавононро кам кунад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳамин вазъи бозори меҳнат ва бекориву муҳоҷират аз решаҳои аслии ҷалби ҷавонон ба Сурия ва гурӯҳҳои ифротӣ аст ва бояд қабл аз ҳама мақомот ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi