17:01:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султон Мирзошоев: "Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҷавон аст..."

Раиси пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияташ дар шинохти кадрҳо ҳирфаитар ва даркаш ба масоили иқтисодӣ амиқтар шудааст.

sulton-mirzoshoev_78564512.jpgСултон Мирзошоев , собиқ раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 май дар нишасти навбатии маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар посух ба суоли хабарнигорон оиди баҳогузорӣ ба фаъолияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияташ аллакай дар шинохти кадрҳо ҳирфаитар ва даркаш ба масоили иқтисодӣ амиқтар шудааст. Ӯ дар ин замина афзуд, ки президенти Тоҷикистон дар заминаи сӯҳбату мулоқотҳои рӯбарӯ бо мардум наздиктар шудааст.

Ин баҳои вазири пешини фарҳанг ва аз раҳбарони ҳизби ҳоким ба фаъолияти раиси ҷуҳмур дар ҳоле садо медиҳад, ки коршиносон ба тавонии ҳукумати ӯ баҳои балан намедиҳанд ва мегӯянд, ки  мушкили асосии Тоҷикистон, яъне рушди иқтисодӣ дар даҳсолаҳо ҳалношуда боқӣ мондааст. Иқтисодшиносон барномаи зидди бӯҳронии перзидентро низ нокофӣ арзёбӣ мекунанд.

Раҳбари пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди додани унвони “пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт,  беҳтарин унвон ин аст, ки мардум ӯро ҳамчун президент интихоб карданд. Ӯ гуфт агар дар мулоқоте мӯйсафедон ба президент ҳамчун ба "подшоҳ" муроҷиат мекунанд, ин хости дили онҳост. Аммо ба ақидаи коршиносон, сафару мулоқотҳои раисиҷумҳурро мақомоти маҳаллӣ тавре ташкил мекунанд, ки президент вазъи воқеиро набинад ва танҳо бо зоҳири созмонёфта ошно гардад. Ҳамчунин сокинон шикоят мекунанд, ки дар ҷараёни чунин сафарҳо имкони гуфтугӯи озодона бо раисиҷумҳури худро надоранд.

Султон Мирзошоев ба пурсиш дар мавриди муддатҳои тӯлонӣ сари қудрат мондани раҳбарони Узбакистон Тоҷикистон ва Қазоқистон гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва агар чандин бори дигар интихоб шавад ҳам, сазовори ин мақом аст.

Султон Мирзошоев дар ин нишаст гуфт, ки кофтани сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ бас шавад. Мирзошоев пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро сабаби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон донист. Ӯҳамзамон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар сулҳи тоҷикон саҳми баробар доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi