04:47:58 01-уми Июли 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЛАТИФ ПИДРОМ БО ЗИЁИЁНИ ТОҶИК

 

Латиф Пидром, шоир ва сиёсатмадор, Раиси Ҳизби Кунграи Миллии Афғонистон дар мулоқоти хеш бо аҳли зиёи Тоҷикистон, ки рӯзи 27-и ноябри соли 2009 дар толори маҷлисгузаронии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо ибтикори «Анҷумани байнаналмилалии рӯзноманигорони фарсизабон» баргузор гардид, аз амалкарди  чанде пеши равшанфикрони тоҷик, ки ба хотири ҳимояи ӯ аз тазъиқу фишор ва таҳдидҳои нирӯҳои ифротгаро дар Афғонистон садо баланд карда буданд, ибрози ташаккурӣ намуд.

 

Дар ин дидорбинӣ, ки  маъруфтарин чеҳраҳои илму ҳунар ва фарҳангу адаби Тоҷикистон ширкат варзиданд, як сӯҳбати хеле гарму самимие атрофи дирӯзу имрӯз ва фардои  Афғонистону Тоҷикистон ва минтақа, баргузор гардид, ки иншоаллоҳ, дар ин бора дар наздиктарин фурсат бароятон, муштариёни гиромӣ, иттилои муфассалтаре  хоҳем дод.

 

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ