01:32:06 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Полковник Гулмурод Ҳалимов "се рӯз аз пайи кор"-е рафт ва гум шуд

Пайвандони Гулмурод Ҳалимов, полковники гумшудаи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ӯ субҳи 23-уми апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст.

gulmurod-halimov-23564512Хешовандони полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯянд, ӯ аз 23-юми апрел то ҳоло бедарак аст, аммо бовар надоранд, ки Гулмурод ба Сурия рафта бошад. Ин дар ҳолест, ки ғайб задани сарҳанг фарзияҳои гуногунеро ба бор овардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ӯ шаҳодатномаи фармондеҳи нерӯҳои таъиноти махсуси ВКД ва силоҳашро дар коргоҳаш гузошта, ба Сурия рафтааст ва 10 нафар аз афроди бекорро низ дар ивази маблағ бо худ бурдааст. Вазораи корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳанӯз ин хабарҳоро шарҳ надодааст.

Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов имрӯз, 12-уми май дар сӯҳбат ба мо нопадид шудани ӯро тасдиқ кард ва гуфт, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале афзуд, вай нақшаҳои зиёд дошт ва ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад. Вале Гулмурод ба ҳамсараш гуфтааст, ки аз пайи коре меравад ва пас аз 3 рӯз бармегардад.

-Чанд рӯзи ахир расонаҳо аз ғайб задани бародари Шумо ҳарф мезананд. Шумо аз ӯ чӣ хабар доред?

-Мо мепурсем, бароямон мегӯянд, ки командировка рафтааст. Ӯро охирин бор рӯзи чоршанбе, 22-уми апрел, дида будам. Дигар ҳеҷ хабаре надорем, ки куҷост. Ба Дарафонӣ (ноҳияи Варзоб) хонаи падарам омада буд. Ҳар вақте аз кор меомад, омада, аввал падарамро хабар мегирифт. Мо дар деҳаи Дарафонӣ толори варзишӣ барои машқи гуштингирӣ сохта истодаем ва ӯҳар бегоҳ омада, корҳоро назорат мекард, ки кай тамом мекунем.

Нақшаҳое, ки ӯ дошт, ба ин овозаҳои гум шуданаш ва гӯё гурехта рафта бошад, дуруст намеояд. Бовар кунед, ин гум шуданаш ба ҳеҷ чиз рост намеояд. Ҳоло корҳои сохтани толори варзишӣ нимкора монд. Ӯ орзу дошт, ки ин толор зуд сохта шавад. Ҳама масолеҳро ӯ меовард ва тасмим дошт, ки фермаи мурғпарварӣ бисозем. Аллакай, барои сохтани ин ферма баъзе масолеҳро оварда буд. Корҳое, ки ду моҳи охир мекард, ба ин овозаҳо ҳеҷ наздикӣ намекунанд. Агар куҷое рафтанӣ мешуд, ҳеҷ вақт ин хел нақшаҳо барои оянда намекашид.

-Умуман, гуфта мешавад, вақти охир бародаратон зиёд мазҳабӣ шуда буд ва шояд ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста бошад. Андешаҳояш чӣ гуна буд?

-Бовар надорам, ки бародарам ба Сурия рафта бошад. Ин хабарҳоро мо ҳам шунидем, аммо умуман бо рафторҳое, ки ӯ дошт, ин гап рост намеояд. Он қадар сахт мазҳабӣ набуд. Гоҳ намозҳояшро мехонд ва гоҳ намехонд. Дар ҳамаи амалётҳо, Помиру Ғарм бародарам иштирок мекард, он ҷо ба фикрам дар хавфу хатар тамоман ба намозхонӣҳам намерасид. Ин ҷо мисли дигарон намоз мехонд. Ҳатто касеро фишор намеовард, ки намоз хон ё нахон. Агар ақидааш дигар мешуд, моро маҷбур ба намозхонӣ мекард. Бубинед, ки ман додараш ҳастам, вақте намоз мехонд, ман менишастам, аммо боре намегуфт, ки ту чаро намоз намехонӣ.

-Дар бораи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё умуман ифротиҳо чӣ андеша дошт?

-Ягон бор дар ин бора гап намезад. Шахсан ман аз даҳонаш дар ин бора чизе нашунидаам.

-Аз рӯзи 22-уми апрел бо ягон узви хонаводаатон тамосе дошт?

-На! Бо ягон кас на тамоси телефонӣ гирифтааст ва на тамоси интернетӣ. Вақте ман дар Русия будам, якуним соли пеш ӯ тариқи Фейсбук бо ман сӯҳбат мекард. Ман баргаштам ва вақтҳои охир медидам, ки бештар “Вайбер” истифода мекунад. Ҳоло тамоми адресҳояш медароям, вале дар ҳеҷ кадомаш “онлайн” нест. Телефонаш ҳам хомӯш аст.

-Аз манзили зисташ кай берун шудааст ва чизе ба ҳамсару фарзандонаш гуфтааст?

ҳашт фарзанд дорад. Чаҳор писар ва чаҳор духтар. Саҳари 23-уми апрел аз хонааш берун шудааст ва гуфтааст, ки ҷое рафта, се рӯ пас бармегардад. Занаш мегӯяд, ҳар вақте командировка мерафт, барои сарфу харҷи оила аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ пасандоз боқӣ гузошта мерафт. Ин бор ҳамагӣ 900 сомонӣ маблағ гузоштааст. Агар вай командировка мерафт, чунин рафтор намекард. Се рӯз пас меоям, гуфтааст, аммо дигар ҳеҷ хабараш нашуд.

-Ба ин овозаҳо дар нисбат ба бародаратон чӣ баҳо медиҳед?

ҷиб замонае шудааст. Ҳар касе гум шавад, зуд мегӯянд, ки Сурия рафтааст. Охир бародари ман чаро бояд Сурия мерафт? Ӯ аз чӣ кам буд? Ба фикрам ӯҳеҷ вақт намегурезад. На гуноҳ дошт ва на кори хатое карда буд. Аз тарафи дигар, вазифа дошт, обрӯ дошт, зиндагии хуб дошт, чӣ даркор аст, ба ӯ Сурия? То соли дигар чӣ ободӣ бояд мекард, нақша кашида буд. Ҳоло ҳама овозаро бароварданд. Даҳони мардумро пушонида намешавад. Ҳазор кас ҳазор чиз мегӯяд, намедонӣ ба кӣ бовар кунӣ. Зану фарзанди ӯро то кай ман гӯям, ки як ду се рӯз тоқат кунед. Онҳо мехоҳанд, ки аз гум шудани падарашон шикоят кунанд.

-Аз ҳамкоронаш дар борааш напурсидед?

-Пурсидем. Як гапи аниқ намегӯянд. Падари 88-солаам ҳар рӯз мепурсад, ки Гулмурод куҷо ҳаст. Мо барояш мегӯем, ки командировка рафтааст. Падарам мегӯяд, ӯҳар ҷое мешуд, телефон мекард, чаро ҳоло телефон намекунад. Гуфтем, ки ҷое ҳаст, ки телефон намегирад ва бо ратсия сӯҳбат мекунад. Муйсафед сахт хавотир шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi