17:34:11 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Номзадии Шермуҳаммади Шоҳиён ба мақоми раиси Додгоҳи олӣ

Раиси Комисссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз мақоми худ бозхонд шуда, ба ҷои Нусратулло Абдуллозода раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шудааст.

shermuhammadi-shohiyon-7854.jpgТибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён аз мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бозхонд ва ба мақоми раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд.

Бар тибқи қарори нав, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода ва муовини аввали ӯ Маҳмудҷон Ашӯров бо сабаби расидан ба синни нафақа, аз ин вазифаҳо барканор шуданд. Ҳанӯз маълум нест, ҷои Шоҳиёнро дар вазифаи раиси КМИРТ чӣ касе ишғол хоҳад кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён соли 1962 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Фаъолиятро ҳамчун адвокат дар ноҳияи Ёвон шурӯъ намуда, сипас дар вазифаи судя ва раиси суд дар ноҳияҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1994-1995 муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва сипас шаш сол мушовири давлатии президент ва намояндаи ӯ дар парлумон буд.

Аз соли 2006 то 2010 - раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар интихоботи соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва як сол дар мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният кор кард. Аз моҳи феврали соли 2011 дар мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор мекард.

Аммо Нусратулло Абдуллозода (он замон Нусратулло Абдуллоев) дар моҳи январи соли 2006 дар пайи тағйироти густурда дар системаи судии Тоҷикистон, Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ӯ он замон дар ин мақом ҷойгузини Ҳизбуллоҳ Хоҷаев шуда буд.

Имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нави баланд таъиншударо дар соҳаи додгустарии Тоҷикистон пазируфт. Бар тибқи тайиноти нав, Карим Каримзода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонда ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Абдуллоҷон Абдуллоев бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонда шуда, Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Абдулҳафиз Ашурзода, ки ҳоло муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе аст, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тибқи пешниҳоди дигар, ваколати 7 нафар судяи Суди олии Тоҷикистон бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд ва 6 нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди олӣ пешниҳод гардиданд.

Ваколати муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мародбегим Ширинҷон ва 4 нафар судяи Суди олии иқтисодӣ бо сабаби ба синни нафақа расиданашон, бозхонд карда шуд. Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва 6 нафар судяи ҷавон, ки беш аз 5 сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гардидаанд.

Ҳамин тариқ, тибқи пешниҳодҳо аз Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд. Номзадии 23 кадри ҷавони ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди олӣ ва 7 нафар ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон рост меояд. Рӯйхати мазкурро бояд  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi