17:28:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боздошти "чанд нафари дигар" дар парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов

Пулиси Туркия дар чаҳорчӯби бозҷӯии парвандаи куштори УмаралӣҚувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" чанд нафари дигарро низ дастгир кардааст. Исми ин афрод ҳанӯз эълон нашудааст.

umarali-quvvatov_4496997845.jpgПулиси Туркия, ки ба думболи куштори УмаралӣҚувватов ҳудуди се нафарро ҳамчун гумонбарони таҳия ва татбиқи куштори Қувватов боздошт карда буд, акнун гуфта мешавад, чанд тани дигарро бо гумони ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ боздошт кардааст.

Хабарҳо дар бораи боздоштҳои тоза аз манбаъҳое дастрас шудаанд, ки дар қазияи куштор ҳамчун шоҳид бозпурсӣ ва бо гумонбарҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Пулиси Туркия то кунун ягон боздоштро дар чорчӯби тафтиши парвандаи сӯиқасд ба ҷони УмаралӣҚувватов тасдиқ ё рад накардааст.

Сӯҳроб Тӯраев, ки яке аз шоҳидони сӯиқасд ба ҷони Қувватов унвон мешавад, рӯзи 11 март дар сӯҳбати телефонӣ аз Истамбул ба мо гуфт, ки  пулиси Туркия ифшои шумори дақиқи боздоштшудаҳоро ба онҳо манъ кардааст, вале “сухан дар бораи теъдоди хеле бештар аз он 3 нафари эълоншуда меравад.”

Сӯҳроб Тӯраев гуфт, ӯ ва нафарони дигар, ки дар шаби сӯиқасд ба ҷони УмаралӣҚувватов дар саҳнаи куштор буданд, 3 рӯз боз барои кумак ба ҷараёни тафтиш ба воҳиди зиддитеррори  пулиси Истамбул даъват мешаванд ва дар чандин амалиёти рӯбарӯкунӣ бо афроди боздоштшуда ширкат кардаанд: “Ман шуморашонро дақиқ гуфта наметавонам, вале хеле бештар аз он 3 нафари 2 рӯз пеш эълоншудаанд. Моро бо онҳо рӯбарӯ карданд. Бархеашро мешиносем, бархеашро таҳқиқ карда истодаем, ки бо кӣробита доштанду бо чӣ роҳе ба қатли Ҳоҷӣ (УмаралӣҚувватов) ҷалб шудаанд.”

Ба гуфтаи Сӯҳроб Тӯраев ва якеи дигар аз афроди огоҳ аз ҷараёни тафтши парванда қатли УмаралӣҚувватов, яке аз боздоштшудаҳо ҳамон Сулаймон Қаюмов, нафарест, ки Қувватов шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз манзили иҷораи вай ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бино ба иддаои ин наздикони Қувватов, Сулаймон Қаюмов дар ҷараёни тафтишот аллакай нақши худро дар ин сӯъиқасд эътироф кардааст. Сӯҳроб Тӯраев гуфт: “Сулаймон ҳам хеле чизҳоро ба тафтишот гуфт, дигар нафарони боздоштшуда ҳам. Фикр мекунам, пулиси Туркия, ки дар ҳақиқат хеле кордон будааст, метавонад то 2 ё 3 рӯзи дигар ин ҷиноятро пурра ошкор ва исми ҳамаи нафарони дар он дастдоштаро маълум кунад.”

Як рӯз қаблҚумринисо Ҳафизова, ҳамсари УмаралӣҚувватов, ба мо гуфт, рӯзи 9 март, баъди маросими дафни шавҳараш писари 11-солаи ӯ Абӯбакрро дар пулис бо боздоштшудаҳо  рӯбарӯ кардаанд ва Абӯбакр гуфтааст, дар баробари Сулаймон Қаюмов, инчунин, як марди дигарро шинохтааст, ки “ба қотил монанд буд.”

Матбуоти Туркия рӯзи 9 март бо такя ба манобеи худ дар воҳиди вижаи зиддитеррори пулиси Истамбул аз боздошти 3 нафар, аз ҷумла як нафар бо номи Сулаймон дар робита ба қатли УмаралӣҚувватов хабар дод. Бино ба ин гузоришҳо, ҳарсе боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке (Сулаймон) нақши ба фиреб ба дом овардани Қувватов, дувумӣ нақши назоратчиро иҷро кардаанд ва сеюмӣ бевосита Қувватовро бо тири туфангча ба қатл расондааст.

Матбуоти Туркия мегӯяд, писари 11-солаи УмаралӣҚувватов шаби 5 март чеҳраи нафареро, ки ба тарафи падараш тир андохта буд, дидааст ва пулиси Туркия бар асоси шаҳодатҳои ӯ фотороботи қотилро сохтааст. Бархе расонаҳои туркӣ навиштанд, ки ин афрод дар ивази пул даст ба қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” задаанд. Пулиси Туркия расман ин хабарҳоро низ то ҳол шарҳ надодааст.

Сулаймон Қаюмов, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ аз рӯзи аввали қатли УмаралӣҚувватов аз тарафи наздикони ӯ мавриди шубҳа қарор гирифт, чунки Қувватов шаби 5 март маҳз ҳангоми берун рафтан аз манзили ӯ кушта шуд. Ба гуфтаи наздикони раҳбари "Гурӯҳи 24", Сулаймон он шаб Қувватов ва зану фарзандони вайро гӯё барои ёдбуди марги падараш ба манзили худ даъват карда буд.

Вале тавре баъдан Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов ба мо нақл кард, онҳо ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом дар манзили Қаюмов эҳсос кардаанд, ки тамоми ғизоҳои ин зиёдфат, бо шумул ҳатто шарбатҳо таъми фавқулодда талхе доранд ва онҳо зоҳиран заҳролуд шудаанд. Қувватов баъди дарки ин ҳамроҳи муҳофиз ва зану фарзандонаш аз манзил берун рафт, вале дар кӯча ба сӯяш тир андохтанд.

Наздикони Сулаймон Қаюмов дар ноҳияи Восеъ эҳтимоли дар куштори Қувватов даст доштани ӯро рад мекунанд. Хоҳар ва бародари ӯ ба мо гуфтанд, ки Сулаймон Қаюмов тиҷорати хурде дошт ва, ба гуфтаи хоҳараш,3 моҳ пеш барои харидани як дастгоҳи монанд ба яхдон ба Туркия рафта буд.

Аммо муаззини тоҷики як масҷид дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул мегӯяд, Сулаймон Қаюмов ҳанӯз соле пеш бо зану фарзандаш дар Истамбул пайдо шуда буд ва азбаски пулу ҷои хоб надошт, ӯро дар ҳамин масҷид ҷо карданд ва Сулаймон дар иваз рӯбучини саҳн ва дохили масҷидро бар ӯҳда гирифта буд. УмаралӣҚувватов низ иттифоқан бисёр вақт барои адои намоз ба ҳамин масҷид мерафт ва дар ҳамин ҷо бо Сулаймон Қаюмов ошно шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi