17:04:24 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳабси як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба куштори Умаралӣ Қувватов

Полиси Туркия шахсеро бо номи Сулаймон Қаюмов дар робита ба қатли роҳбари "Гурӯҳи 24" ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон УмаралӣҚувватови 47-сола боздошт кардааст.

u.quvvatov_s.qayoumov_21.jpgРасонаҳои ахбори оми Туркия ба нақл аз манобеи худ дар полиси ин кишвар мегӯянд, УмаралӣҚувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" пеш аз онки бо зарби тир бар сараш кушта шавад, дар як меҳмонӣ аз хӯрок заҳролуд гаштааст. Ҳамчунин се узви оилаи ӯ низ заҳролуд шуда, куштор дар пеши чашми онҳоҳангоми баромадан аз манзил бо мақсади рафтан ба бемористон ба вуқӯъ пайвастааст.

Полис дар ин робита як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба сафи тарафдорони "Гурӯҳи 24" пайвастааст ва шаби 5-уми март барои Қувватов ва аҳли оилааш зиёфат оростааст, ба ҳабс гирифт. Рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия менависад, Қувватов бо аҳли оилааш меҳмони ҳамдиёри худ Сулаймон Қаюмови 30-сола шуд ва аз ғизо заҳролуд гашта, ба кӯча баромадан замон ҳадафи ҳамлақарор гирифт.

Наздикони Қувватов ба полис гуфтаанд, мумкин аст, Сулаймон Қаюмов дар ин куштор даст дорад, зеро ҳангоми меҳмонӣ рафтори шубҳабарангез дошт ва пасиҳам бо телефон сӯҳбат мекард. Вақте ки баъд аз хӯрдани ғизо вазъи ду писар ва ҳамсари Қувватов бад шудааст, онҳо хостаанд, ба бемористон раванд. Дар кӯча шахсе аз пушти сар ба Қувватов наздик шудаву аз фосилаи наздик бо чанд сухани тоҷикӣ ба сари ӯ тир задааст. Ҳангоми ин ҳамла Сулаймон нопадид гашта, дертар аз тарафи полис боздошт шудааст.

Бино бар хабари яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия, Қувватов дар соати даҳуними шаби 5-уми март дар кӯчаи Симсори ноҳияи "Мулло Гуронӣ"-и минтақаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи тир қарор ёфтааст.

Дар гузориши яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия маҳалли сӯиқасд ваҷасаде дида мешавад. Бино бар хабари он, ҳамсари УмаралӣҚувватов Қумринисо Ҳафизова ва фарзандонаш аз ҳодиса ба ваҳшат афтодаанд. Сипас, ҷасад ва аҳли оилаи Қувватов дар мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Яке аз шарикони Қувватов - Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки афроди номаълум ба сари УмаралӣҚувватов тир андохтаанд ва у дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

УмаралӣҚувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт, вале пас аз чанд муҳокима дар додгоҳ озод шуд.

Дертар дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта Қувватоҳ бо се ҳамроҳаш дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истамбул боздошт шуд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз Туркия истирододи ӯро дархост  кардаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст.

Ин дар ҳоле буд, ки даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли 2014 сарусадоҳои зиёд ва ташдиди чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт ба миён овард. Баъдан мақомоти Тоҷикистон забти савтии гуфтугӯи Қувватов бо Шарофиддин Гадоев ва як нафари номаълумро ба расонаҳо доданд, ки дар он дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ донист.

Ба дунболи ин чандин нафар аз тарафдорони Қувватов, аз ҷумла Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Русия низ боздошт ва ба Душанбе истирдод шудаанд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ду рӯз пеш Умедҷон Солиҳовро бо гумони узвият дар "Гурӯҳи 24"-ро бо чанд иттиҳом ба 17,5 соли ҳабс маҳкум кард.

Куштори Қувватов дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар Русия яке аз раҳбарони мухолифи давлат Борис Немтсов дар як сӯиқасд дар кӯчае дар наздики Кремл кушта шуд ва бисёриҳо ҳукумати Русияро дар сар задани ин куштор, дастикам бо сохтани фазои таҳаммулнопазирӣ дар нисбати мухолифон муттаҳам мекунанд.

Пеш аз ин дар моҳи декабри соли 2014 дар минтақаи Зайтунободи шаҳри Истамбул яке аз мухолифони ҳукумати Ислом Каримов, рӯҳонии саршиноси Ӯзбакистон имом Абдуллоҳ Бухорӣ дар кӯча ба қатл расид. Туркия ҷои амне барои мухолифони давлатҳои Осиёи Марказӣ нест, аммо УмаралӣҚувватов дар ин ҷо ба Кумиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ариза дода, интизори кӯчидан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ буд.

ҚумринисоҲафизова дар як номаи саркушода ба Созмони Милали Муттаҳид, Салиби Сурх, Афви байналмилалӣ ва созмони ҳуқуқи башари Туркия рӯзи 3 январи соли равон навишта буд, ки ҳамеша ба УмаралӣҚувватов ва аҳли оилаи ӯ таҳдидҳо сурат мегирад ва ин хонавода бо 5 фарзанди хурдсол акнун соли сеюм аст, дар муҳоҷират ва гурезогурез ба сар мебарад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi