22:48:30 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нозирони САҲА: Кафолати одилона шумурдани овозҳо вуҷуд надошт

Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи Тоҷикистон дар як шароити маҳдуди сиёсӣ гузашт. Аммо нозирон аз СНГ ва созмони Шанхай ин маъракаро демократӣ номиданд.

marietta-tidey_54546.jpgНозирони САҲА дар хулосаи пешакии худ аз интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти Тоҷикистон гуфтанд, ин маърака бархе алтернативаҳои сиёсиро пешниҳод кард, вале дар як фазои маҳдуди сиёсӣ гузашт ва натавонист барои номзадҳо майдони муносиби муборизаро фароҳам кунад.

Бино ба хулосаи пешакии нозирони САҲА, ки рӯзи 2 март нашр шуд, ягон кафолати ҳисобу китоби одилонаи овозҳо дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон низ дида нашуд.

Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон рӯзи 2 март дар нишасти хабарии ин ҳайат дар шаҳри Душанбе гуфт, ин интихобот хислати аз боло ба поён дошт. Ба гуфтаи ӯ,  муҳимтарин хилофкориҳое, ки нозирони САҲА мушоҳида кардаанд, яке овоз додани як нафар ба ҷои чанд кас ва дигарӣ - дар шароити ношаффоф шумурдани 70 дарсади қуттиҳо буд. Миклош Ҳарасти ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ кафолате нест, ки дар вақти шумурдани ҳамин 70 дарсади оро овози мардумро мунсифона ҳисоб карда бошанд.

Ҳарасти гуфт, ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷараёни корзори интихоботӣ мавриди ҳамлаҳо қарор дошт ва ин ҳизбро ҳатто ҳизби ҷанг эълон карданд ва дар пешбурди корзори интихоботиаш барояш мониаҳо эҷод шуд. "Дебатҳои интихоботӣ низ дар ин корзор набуд," - афзуд раҳбари ҳайати нозирони САҲА.

Дар гузориши САҲА гуфта мешавад, бо вуҷуди ваъдаи мақомот ба баргузории интихоботи демократӣ ва ислоҳи қонуни интихобот, дар амри риояи ҳуқуқи номзадҳо ва дар амри риояи озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо ва дастрасии номзадҳо ба матбуот маҳдудиятҳо мушоҳида мешуд. Ин, ба ақидаи нозирони САҲА, боиси коҳиши имкони интихоботи озодона ва огоҳонаи мардум дар Тоҷикистон шуд.

Мариэтта Тидей, ҳамоҳангсози вижаи ҳайати нозирони кӯтоҳмуддати САҲА гуфт: "Мутаассифона, ҳатто ҷалби нирӯҳои сиёсии гуногун ба корзори интихоботӣ натавонист фазои кофии пуррақобатро дар ин маърака таъмин кунад. Чунки мақомот нисбат ба ширкаткунандагоин интихобот бархӯрди баробар надоштанд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Тидей, мардуми Тоҷикистон сазовари муҳокимаи воқеии масоили марбут ба ояндаи ин кишвар буд. Аммо ӯҳамчунин таъкид кард, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ба ҳар сурат, дар фазои орому осоишта гузашт.

Нозирони САҲА ба ҷои яанд нафар овоз додани як кас, тақаллуб интихобот, ба хусус вайрон кардани қоидаҳои ҳисоби овозҳоро аз умдатарин тахаллуфоти мушоҳидашуда дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март ном мебаранд. Норберт Нойзер, яке аз нозирони САҲА гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд баргузории интихоботҳои одилона, шаффоф ва мӯътамадро таъмин кунанд.

Тавсифи нозирони СНГ ва Созмони Шанхай аз интихоботи Тоҷикистон

Қаблан нозирон аз кишварҳои СНГ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 2 март аз ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон тавсиф карданд.

Сергей Лебедев, раҳбари ҳайати нозирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар нишасти хабариаш гуфт, шахсан худи вай дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе ва нозиронашон дар дигар ноҳияҳо ҷараёни овоздиҳиро назорат бурда, ин маъракаро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи демократӣ дарёфтаанд. Лебедев гуфт, албатта, талошҳои фаровони ба ҷои аъзои хонавода раъй додани як нафар мушоҳида шуд, вале масъулони интихоботӣ, ба гуфтаи ӯ, тавонистанд аз чунин мавридҳо пешгирӣ кунанд.

Нозирон аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ номидаанд.

Ин нозирон мегӯянд, бештари мардум зимни сӯҳбат гуфтаанд, барояшон дар ин маърака ҳизби суботу амнияти Тоҷикистон муҳим аст, то ғалабаи ин ё он ҳизб.

Бино ба натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон, дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣҳизби ҳокими  халқии демократӣ 65 дарсад, ҳизби аграрӣ 11,8, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7,6 фоиз  ва ҳизби сотсиалист 5,5 дарсад раъй ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд. Аммо аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, сотсиал-демократ ва демократ, тибқи натоиҷи расмии эълоншуда, натавонистаанд садди 5-фоизиро убур кунанд ва ба ин тартиб, аз дарёфти курсӣ дар ҳайати ояндаи Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҳизбӣ маҳрум мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi