06:33:21 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз 17-уми феврали соли 2015, таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шуд.

jalasai-shuroi-amniyat-2015.jpgДар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, ҳайати роҳбарии Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва як қатор вазорату идораҳои дигар иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро “кирдори хатарноки зиддидавлатӣ” номида, таъкид дошт, ки ин амали нангин обурӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст.

Барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин соҳа пурзӯр намудани интизоми молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткории коррупсионӣ зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, ба он муборизаи беамон эълон намуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин дар таъин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир карда шуд.

Дастур дода шуд, ки барои пурра баргардондани маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда чораҳои муассир амалӣ карда шаванд. Гузашта аз ин, супориш дода шуд, ки аз як модда ба моддаи дигари хароҷотӣ гузарондани маблағҳои буҷетӣ манъ карда шавад ва маблағҳои зиёдатии дар чунин моддаҳо боқимонда ба буҷети давлатӣ баргардонда шаванд.

Дар ҷараёни маҷлиси имрӯзаи Шӯрои амният, ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар сохторҳои марбута низ шунида шуд.

Зимни ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ду соли фаъолияти ин сохтори навтаъсис қариб 340 санҷиш гузаронда ва беш аз 85 миллион сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ баргардонда шудааст. Танҳо зимни як санҷиш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор ва 10 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Корҳои зиёд дар самти санҷиши лоиҳаи Буҷети давлатии кишвар, ки аз вазифаҳои асосии Палатаи ҳисоб ба шумор меравад, анҷом дода шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳар сол санҷида шавад.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб доир ба фаъолияти панҷсолаи ин сохтор ҳисобот дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин муддат ба андозаи қариб 1 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва наздики 600 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда бояд баргардонда шавад, вале на ба ҳисоби бонкии ҳамон сохторҳо, балки ба Буҷети давлат.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонов зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар мубориза бо коррупсия саҳми ин сохтор низ намоён аст, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.

Бо назардошти камбудиҳоиҷиддӣ дар ин соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муовини якум ва ҳамаи муовинони Прокурори генералӣ ва прокурорҳои вилоятҳо иваз карда шаванд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки тайи 5 соли гузашта аз 11741 ҷинояти коррупсионии сабтшуда 4453 тоаш аз ҷониби мақомти корҳои дохилӣ ошкор гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳоиҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо доир намояд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд. Таъкид гардид, ки “барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун бояд бо мардум дар алоқаи доимию бевосита бошед”.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров доир ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пеш аз ҳама барои сохтмони манзили истиқоматӣҳисобот дод.

Зимни ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода аз ӯ доир ба 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, ки тайи 5 сол дар ин соҳа ошкор шудааст, пурсида шуд. Тавре зикр гардид, 15 миллион сомонӣ зарар дар ин соҳа танҳо дар соли 2014 ошкор карда шудааст.

Дар ҳисоботи вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин соҳа 12 лоиҳаи инвеститсонӣ бо маблағи 892 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки рафти иҷрои ин лоиҳаҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ бояд қарор дошта бошад.

Дар маҷлиси Шӯрои амният, ҳамчунин вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ҳисобот доданд.

Доир ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҳамчунин ба вазири адлия Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллозода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва роҳбарони дигар сохторҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi