18:19:40 20-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

7 акси Э.Раҳмон дар саҳифаи аввали "Женмин Жибао"

Бино ба як "раддабандӣ", аксҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта 7 бор саҳифаи авввали "Женмин Жибао" - рӯзномаи асосии Чинро "зеб" додаанд.

joornal-china-545466.jpgСомонаи Ecns.cn, сомонаи англисии CNS, Хадамоти хабарии Чин дар матлабе бо номи “Ҷилои раҳбарони хориҷӣ дар саҳифаи аввали рӯзномаи ҳизб” як навъ “рейтинг”-и ғайрирасмии сарони кишварҳои хориҷиро аз нигоҳи чанд бор нашр шудани акси онҳо дар саҳифаи аввали "Жэнмин Жибао" сохтааст. "Жэнмин Жибао" нашрияи асосии Ҳизби коммунист дар Чин мебошад.

Бино бар ин гузориш, дар соли 2014 бештар аз ҳамаи дигар раҳбарони кишварҳо дар саҳифаи аввали "Женмин Жибао" акси раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро нашр кардаанд. Акси Путин дар як соли охир 14 маротиба муқоваи рӯзномаи асосии Чинро "зеб" додааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳинд Нарендра Моди дар ин "раддабандӣ" баъд аз Путин дар ҷои дувум қарор гирифтаанд. «Женмин Жибао» дар соли 2014 дар муқовааш 7 маротиба акси Раҳмон ва 7 бор акси Модиро ҷой кардааст.

Дигар раҳбарони кишварҳо, ки дар соли гузашта ба чунин ифтихори роҳ ёфтан ба саҳифаи аввали рӯзномаи асосии ҳизби коммунисти Чин зиёд даст ёфтаанд, яке раиси ҷумҳури Муғулистон Тсахиагин Элдердорҷ, дувумӣ сарвазири Австралия Тони Эббот, ҳамчунин президентҳои Кореяи ҷанубӣ Пак Геун Ҳйи ва Африқои ҷанубӣҶакоб Зума будаанд.

CNS, Хадамоти хабарии Чин баъди Синхуа бувумин хабаргузории бузурги давлатии Чин аст, ки бештар ба таблиғи дастовардҳои ин «фабрикаи ҷаҳонӣ» дар хориҷ машғул аст.

Аммо «Женмин Жибао» (тарҷумааш – «Рӯзномаи мардумӣ») як ниҳоди муҳим дар арсаи сиёсии Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб меравад ва маъмулан ҳар ҳарфе, ки дар ин нашрия рӯи чоп меояд, қабл аз нашр аз сӯи сутуҳи мухталифи мақомоти Чин санҷида мешавад ва ба навъе назари расмии ҳокимони ин кишварро ифода мекунад. Нозирони умур ҳамеша аз матолиби нашршуда дар «Женмин Жибао» маъноҳои пинҳонеро меҷӯянд, ки ба бовари онҳо, ончиро ки дар дохили доираҳои ҳокими Пекин мегузарад, метавонад бозгӯ кунад. Чигуна иқтибос шудани суханронии ягон мақоми баландпоя ё ба кадом сурату ба кадом андоза нашр шудани акси ӯ дар «Женмин Жибао» ва ҳамин тавр, чанд маротиба дар бораи ин ё он нафар навиштани ин рӯзнома, ба ақидаи таҳлилгарони масоили Чин, бозгӯи ончист, ки дар роҳравҳои ҳукумати ин кишвари умури давлатиаш бар рӯи дигарон бастаи коммунистӣ мегузарад.

«Женмин Жибао» ҳар рӯз бо 14 забон ва бо теъдоди 2 миллиону 800 ҳазор нусха нашр мешавад ва дар арсаи сиёсиву давлатии Чин тақрибан ҳамон нақшеро бозӣ мекунад, ки рӯзномаи «Правда» - нашрияи КПСС, ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ - дар замони султаи ин ҳизб бар СССР бозӣ мекард.

Аз ин нигоҳ, дар ҷои дуюм ва баъди танҳо Владимир Путин – раҳбари яке аз кишварҳои шарики умдаи тиҷоративу иқтисодии Чин – омадани исми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «рейтинг»-и раҳбарони хориҷӣ дар муқоваи «Женмин Жибао» метавонад ба қаробате, ки байни раҳбари аввали Чин СӣҶинпин ва ҳамтои тоҷикаш ба вуҷуд омадааст, далолат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи майи соли 2014 ба Чин сафари расмӣ дошт. СӣҶинпин дар моҳи сентябри соли гузашта, баъд аз анҷоми нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар моҳи сентябри соли гузашта сафари давлатиаш ба Тоҷикистонро анҷом дод. Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба таври бесобиқа барои СӣҶинпин ва ҳамсари ӯ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиёфат ташкил кард.

Дар чорчӯби ин сафар Чин ба Тоҷикистон дар 3 соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармоя дод, ки беш аз 3 миллиарди он, қарор аст, барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикитонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин сарф шавад. Ин лӯлаи газ конҳои гази Туркманистонро ба вилоятҳои ғарбии Чин мепайванд, вале тибқи тавофуқ, Тоҷикистон танҳо пули транзити газро мегирад ва ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯла барои таъмини иқтисодашро надорад.

Ин ваъдаи сармояҳои бузург дар ҳолест, ки аллакай беш аз 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистонро маҳз қарзҳояш аз Чин ташкил медиҳанд ва бархе иқтисоддонҳо изҳори ташвиш мекунанд, ки агар Душанбе дар пардохти ин қарзҳои афзояндааш дасткӯтоҳӣ кунад, маҷбур мешавад, шартҳои Пекин, аз ҷумла дар мавриди дар бозори кораш пазируфтани шумори бештари коргарон аз он кишварро бипазирад. Ин масъала дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақизеро ба бор овардааст.

Бо онки беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд, бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон ва асосан дар сохтмони роҳҳо ва дар бозорҳо то 5000 нафар аз Чин кор мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi