08:53:10 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муовини собиқи раиси ҲДТ ҳам депутат шуданист, ҳам доктор

Раҳматулло Валиев узви собиқи раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки тайи чанд соли ахир аз сиёсат канор рафтааст, мегӯяд, аз ақидаҳояш даст накашидааст ва сари пешбарии номзадиаш ба мақоми вакили порлумон фикр мекунад.

rahmatullo-valiev 89564545Раҳматулло Валиев, аз раҳбарони пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ба ҳайси устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор мекунад ва дар ин муддате, ки аз сиёсат канор рафт, чаҳор китоб навиштааст ва барои ҳимояти рисолаи докториаш омодагӣ мегирад.

-Чанд сол боз аст, ки шумо на дар маҳфилҳои сиёсӣ дида мешавед ва на дар матбуот. Сабаб чӣҳаст, аз сиёсат даст кашидед, ё чизи дигар?

-Ман дар Тоҷикистон ҳастам, дар Душанбе ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, ҳамчун дотсенти кафедраи химия кор мекунам. Ростӣ дар ин даврае, ки инҷо кор мекунам, 4 китоб навиштам дар бораи кимиё ва фаъолияти илмиамро идома додам. Ҳоло сари рисолаи докториам кор мекунам, ки як сол баъд мумкин аст, барои ҳимояти рисолаам омода шавад ва ин корам амалӣ шавад. Мавзӯи рисолаи докториам дар бораи баландкунандаҳои фаъолияти иммунологии инсон аст.

-Дар ин муддат яъне сиёсатро канор гузоштед ва танҳо ба илм машғул шудед ва ё фаъолиятҳои сиёсиро ҳамзамон идома медодед?

-Як формула ҳаст, ки инсон ҳар вақт ба сиёсат ворид шуд, дигар аз он баромада наметавонад. Дар Тоҷикистон на мо ба сиёсат, балки сиёсат ба мо даст мезанад. Худи ман аз сиёсат дур нашудаам ва фикр мекунам, ҳеҷ гоҳ дур намешавам. Ман агарчӣ дар васоити ахбори омма зиёд баромад намекунам, вале он ақидаҳои демократӣ, ки ман доштам то ҳол дар ман ҳаст ва ман аз ин ақидаҳоям барнагаштаам. Ман ба ин ақидаи худ собит ҳастам, ки Тоҷикистон бояд давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бошад.

-Шумо гуфтед, ки мо сиёсат даст намезанем, балки сиёсат ба мо даст мезанад. Метавонед, ин гуфтаатонро шарҳ диҳед?

-Мо медонем, ки Тоҷикистон бисёр кишвари камбизоат аст ва гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон кай метавонад, аз ин вазъ берун шавад. Кишвар ҳанӯз ба Русия бисёр вобаста аст, ки муҳоҷирони зиёди мо дар онҷо кор мекунанд ва дар як сол тақрибан 3 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Ба андешаи ман, дар кишвар бояд ҳизби мухолиф бошад, ақидаҳои мухолиф бошанд, чунки “муборизаи ба ҳам зидҳо” ин қонуни табиатаст ва ин барои пешрафту ягонагӣ мусоидат мекунад ва ин чиз бояд вуҷуд дошта бошад, то ки Тоҷикистон ягона ва пешрафта бошад.

-Зимни коратон дар донишгоҳ оё буданд, мавридҳое, ки бинобар ақидаҳои мухолифатон, ё дигарандешиатон дар кори шумо мушкил эҷод карда бошанд?

-Буданд, вале ин чизҳо паси сар шуданд. Чун ман имрӯзҳо  дар корҳои сиёсӣ фаъол нестам мумкин ба ҳамин хотир бошад. Аммо вақте ман дар фаъолиятҳои сиёсӣ фаъолона ширкат мекардам ва дар васоити ахбори омма зиёд изҳори назар мекардам, ошкоро назарамро мегуфтам, буданд ингуна ҳолатҳо, вале имрӯзҳо нест ва фикр мекунам, аз он сабаб аст, ки ман бисёр фаъол нестам.

-Баъди онки Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро, ба зиндон маҳкум карданд, ягон ба суроғаш рафтед?

-Мо ҳамон вақтҳо хостем биравем, вале гуфтанд, ки ба ғайр аз оилашону фарзандонашон дигар ҳеҷ кас ҳуқуқи дидорбинии онҳоро надоранд. Ҳатто бародарашро намонданд. Гуфтанд, ки фақат ҳамсару фарзандонашон ҳуқуқи дидорбинӣ доранд. Ба фикрам ҳамсару модару фарзандонашон рафтанд, вале дигаронро намемонанд.

-Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар пеш аст, ба назари шумо ин корзори сиёсӣ демократӣ шаффофу одилона мегузарад ва ё вонамуд кардани интихоботи демократӣ мешавад?

-Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ҷашни Сарқонун гуфтанд, ки мо ҳамаи кӯшишҳоро мекунем, ки интихоботи оянда бояд шаффоф ва дар чаҳорчӯби қонунҳои демократӣ сурат бигирад. Ман фикр мекунам, ки худи президент ва дигар мутасаддиёни ҳукумат, бисёр нағз фаҳмиданд, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон бояд шаффофу демократӣ сурат бигиранд ва одамони лаёқатманд новобаста аз дину мазҳабу минтақа ба парлумон роҳ ёбанд, на онҳое, ки фақат хостаҳои болонишинонро иҷро мекунанд. То ҳамин чиз сурат нагирад, то интихоботҳо аққалан 50 фисад дар чаҳорчӯби қонун ва шаффоф баргузор нашавад, аз ин варта баровардани Тоҷикистон бисёр душвор мешавад. Порлумон бояд мардумӣ бошад, на ҳукуматӣ, порлумон бояд барои мардум кор кунад.

-Худи шумо майли ширкат дар интихоботро надоред. Сари ин масъала фикр накардед?

-Рости гап, сари ин масъала фикр дорам. Мумкин мо аз тарафи ҳизбҳои мухолиф ба мисли Ҳизби наҳзати ислом ва ё Ҳизби сотсиал-демократ пешниҳод шавем. Фикр мекунам, ки пеш аз интихобот сари ин масъала андеша мекунам.

-Аз сиёсат бигзарем. Фарзандонатон куҷо ҳастанд ва чӣ кор мекунанд?

-Ман 5 фарзанд дорам. Як писару 4 духтар дорам. Писарам Далерҷон Валиев, ҳуқуқшиноси ташкилоти хурди қарздиҳии “Финка” аст . Дуто духтарам Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карданд, табиб ҳастанд. Ду духтари дигарам Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳайси иқтисодчӣ тамом карданд, кор мекунанд. Ҳамаи фарзандонам маълумоти олӣ доранд, кор мекунанд ва ман аз ин чиз бисёр хурсанд ҳастам.

PS: Раҳматулло Валиев, то соли 2006 муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров буд. Баъди ба 23 соли зиндон маҳкум шудани Искандаров, Ҳизби демократ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд ва дар солҳои баъди ҳам ихтилоф дар миёни аъзои он идома кард. Раҳматулло Валиев аз раёсати ҳизб хориҷ шуд ва баъд аз соли 2009 дар маҳфилҳои сиёсиву матбуоти Тоҷикистон дида нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi