23:34:17 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Э.Раҳмон: "Тоҷикистон метавонад пуле миёни Чин ва ҳамсояҳо бошад"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибтикори ташкили камарбанди иқтисодии “Роҳи Абрешим” аз сӯи Чинро дорои аҳамияти таърихӣ ва тамаддунӣ номидааст.

janobi-214565656Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором”, ки дар Пекин идома дорад, бо ишора ба нақши ҳамсояи дар ба девори худ Чин дар ташкили камарбанди иқтисодии “Роҳи Абрешим” гуфт, “мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.

Дар ҳамоиши Пекин сарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8  кишвари қораи Осиё - Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъйкид кардааст, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, ниҳоят муҳим аст: «Барои кишварҳои камрушдёфта, хусусан барои кишварҳое, ки роҳи баромадан ба баҳрро надоранд, ҳифзи мустақилияти худ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини устуворияти рушду густариши давлат мақоми асосӣ дорад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш дар яке аз чорроҳаҳои ҷоддаҳои Осиё қарор дошта, метавонад мақоми пули пайвасткунандаи байни Чин ва кишварҳои дигари ҳаммарзи минтақаро дошта бошад. Ӯ дар ин росто аз ҷумла ба бунёди роҳи мустақим миёни Чину Тоҷикистон дар даҳ соли пеш ишора кардааст, ки ҳоло беш аз 60 дарсади муомилоти дуҷонибаи мол аз гузаргоҳи “Қулма-Қарасу” сурат мегирад.

Оқои Раҳмон бо ишора ба кӯҳистони будани кишвараш гуфтааст, ки яке аз вазоифи мушкили онҳо, таъмини равуо ва дастрасии сокинон ба ҳар гӯшаи он дар ҳар фасли сол аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ба бунёди шабакҳои роҳҳои мошингард ва ҳамчунин роҳҳои оҳани дохиливу байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа дорад. Аз ин хотири вай гуфтааст, ки дарҳои Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии молӣ боз аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба осебпазир мондани минтақа ва таҳдидҳои терроризм, ҷудоиталаб ва ҷинояткорӣ дар марз ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гуфтааст, ки ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ заминаҳои таъмини сулҳу оромиро фароҳам мекунад.

Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором 21 иқтисоди ин минтақаро бо ҳадафи тиҷорати озод ва содда кардани сармоягузорӣ муттаҳид мекунад. Ин созмон 40% - и аҳолӣ, 54% - и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)  и 44% - и тиҷорати ҷаҳониро муттаҳид мекунад.

Узвияти онро 21 давлат, ки дар соҳилҳои Уқёнус Ором ҷойгиранд (Австралия, Бруней, Канада, Индонезия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Зеландияи нав, Филиппин, Сингапур, Таиланд, ИМА, Чин, Тайбей ва Ҳонконг (Чин), Мексика, Гвинеяи нав, Чили, Перу, Русия ва Ветнамро муттаҳид мекунад. Ягона созмони байнулмилалӣ аст, ки Тайван бо ризоияти Чин узвияташро ба даст овардааст.

Ин иттиҳод соли 1989 дар Канберра бо ташаббуси сарвазирони Австралия ва Зеландияи нав ташкил шуда, котиботаш дар Сингапур ҷойгир аст ва дар он 23 дипломат ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором ва 20 корманди кирояи маҳаллӣ кор мекунанд.

Соли 1998 пас аз вуруди Русия, Ветнам ва Перу мораторияи 10-сола барои пайдо кардани узвияти дар ин созмон эълон шуда буд. Ҳоло Ҳиндустон ва Муғулистон барои узвият дархост пешниҳод кардаанд. Ин ду кишвари осиёӣҳастанд, аммо дар соҳили Уқёнуси Ором нестанд.

Ҳадафи стратегии Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором, ки соли 1994 муайян шудааст, то соли 2020 ба вуҷуд овардани низоми тиҷорати озоду шаффоф ва сохтори сармоягузории либералӣ аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi