14:17:02 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёдбуди маршал Фаҳим-марди фулодини Ислом - (Видео)

Дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон маросими фотеҳахонӣ ба хотири шодбоши  руҳи маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 9-уми марти соли 2014 бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашта буд, баргузор гардид.

1.fahim 565656Дар ин маҳфил аҳли зиё, донишмандон, низомиён ва сиёсатмадорони тоҷик, азҷумла Эркин Раҳматуллоев, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайдамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати сирри давлатии ҶТ, Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳаёт Неъмат, адиби маъруф, Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоири маъруфи Эрон, Ҷӯрабек Назрӣ, олими шинохтаи тоҷик, Қосимшо Искандаров, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, эшони Абдулбасир, имом хатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъи шаҳри Душанбе ва дигарон ширкат доштанд.

Дар оғози маросим тавассути қориён ба хотири шод кардани арвоҳи марҳум маршал Фаҳим ва дигар гузаштагон пораҳо аз Қуръони азимушшаън тиловат шуд.

2.fahim 565656Доктор Абдулғафури Орзу, сафири ҶИА дар Тоҷикистон дар дар бораи зиндагиномаи Муҳаммадқасими Фаҳим сухан гуфта азҷумла иброз дошт, ки  Муҳаммадқасими Фаҳим дар даврони ҷиҳод ҳамчун марди устувор ва оҳанин дар паҳлӯи Аҳмадшоҳ Масъуди бузург истод ва лаҳзае Қаҳрамони миллии Афғонистонро танҳо нагузошт. Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд  болои касе, ки дар даврони ҷиҳод ҳисоб мекард, ӯ маршал Муҳаммадқасим Фаҳим буд. Шиори Аҳмадшоҳи Масъуд ин буд, ки «агар ба андозаи кулоҳи ман дар Афғонистон ҷой монад, боз ҳам аз Ватан дифоъ мекунам». Ва маршал Фаҳим мегуфт, ки «мо шиори Қаҳрамони миллиро таҳаққуқ мебахшем».

Дар маҳфили ёдбуди маршал Фаҳим яке аз ҳамсангарони ӯ Ҷоруллоҳи Мансурӣ, муовини вазири транспорти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронии хеле таъсирбахше дошт. Ӯ маршал Фаҳимро Холид ибни Валиди асри 21 номид.

«Дунё шоҳиди он аст, ки ду таҷовузи бузургро ин марди фулодини ҷиҳод ва муқовимати Афғонистон ба зону даровард, гуфт ӯ. Маршал Фаҳим ба хотири ҳифзи дин ва ҳифзи Ватан на аз сахтиҳои табиат ҳаросид, на барфу борон  дар он қуллаҳои баланди кӯҳ ва умқи дараҳои Афгонистон ва на оташбориҳои тупхонаҳои душманон тавонистанд ӯро аз сангарҳои ҷиҳод ақиб биронанд.

Маршал Фаҳим ҳар замоне, ки дар баробари душман ру ба рӯ мешуд ин шеъри Саъдиро мехонд:

Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре.

Он ки ҷанг орад ба хуни хеш бозӣ мекунад,

Он ки бигрезад, ба хуни лашкаре.

3.fahim 565656Маршал Фаҳим Озодиро танҳо барои Афғонистон намехост, Ӯ мегуфт Афғонистон қалби Осиёст. Оромишу осоиши Афғонистон боиси оромишу осоишу ободиву имрон дар ҳама Осиё мешавад. Маршал Фаҳим ба ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон як диди ниҳоят дӯстона дошт. Ба ҳамон қисме, ки пешрафти Афғонистонро мехост, барои Эрону Покистону Тоҷикистони азиз низ ҳамон гуна пешрафтро мехост. Ва ҳамеша ин шеъри Иқболи Лоҳуриро мегуфт:

Осиё як пайкари обу гил аст,

Миллати афғон дар ин пайкар дил аст.

Аз гушоди ӯ гушоди Осиё,

Аз фасоди ӯ фасоди Осиё.

Ҳеҷ гоҳе аз ҷанг хуш набуд. Мегуфт мо ҷангро барои ободӣ мекунем. Агар ҷанг накунем ба ободӣ намерасем.

Баъди шаҳодати Қаҳрамони милии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуди бузург моён ғамгин будем, андуҳгин будем, ба хотире, ки баъд аз Худованд ягона соҳиби худро аз даст дода будем. Ҳаросон будем, парешон будем: кӣ  аз Афғонистон дифоъ хоҳад кард. Дере нагузашт, ки Муҳаммадқасими Фаҳим халои Қаҳрамони миллиро пур кард. Мардуми Афғонистон, муҷоҳиддинро мунсаҷам сохт ва ҳамон суханеро ба мардуми Афғонистон гуфт, ки ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт.

4.fahim 565656Замоне, ки паёмбари бузургвори Ислом вафот кард, ҳазрати Умар (р) таҳаммули инро надошт, ки бигӯянд паёмбар вафот кардааст.Шамшерро аз миён берун кард ва гуфт, ки ба Худо қасам агар касе бигӯяд, ки Муҳаммад (с) вафот карда сарашро аз баданаш ҷудо мекунам. Ба ҳазрати Абубакр гуфтанд, ки ба Умар гуфта намешавад, ки паёмбар вафот карда. Ҳазрати Абӯбакр гуфт, ки ман медонам чи гуна Умарро аз ин ғазабу аз ин андӯҳ поён биёрам.

Ҳазрати Абӯбакр ба ҳазрати Умар хитоб карданд, ки касе ки паёмбарро парастиш мекарду ибодат мекард, паёмбар вафот кард. Вале касе, ки Худоро парастиш мекарду Худопараст аст, Худо зотест, ки ҳаргиз намемирад. Маршал Фаҳим ба муҷоҳиддини афғон гуфт: Рисолати Масъуд адо шуд. Масъуд бо адои рисолат ба ҷавори ҳазрати Парвардигор пайваст.

Аммо роҳи Масъуд идома дорад. Касе, ки пайрави Масъуди бузург аст, ин роҳ идома дорад. Ҳамин буд, ки муҷоҳиддини Афғонистон муроли  (руҳия) гумшудаи худро дубора ёфтанд ва дар баробари таҷовузи бегонагон, дар баробари терроризми байналмилалӣ чунон истодагӣ карданд, ки онро ба шикаст мувоҷеҳ сохтанд.

Муҳаммадқасими Фаҳим дар 13 соли гузашта дар низомсозӣ, дар қонунмандӣ, дар ҳукуматдорӣ, дар эҳтиром ва татбиқи арзишҳои демократӣ дар кишвар нақши бориз ва барҷастае ифо кард. Шиори маршал Фаҳим ҳамеша ин буд, ки демокросӣ равиш аст, арзиш нест. Пеши ман арзиш  дин аст. Ҳар равише, ки бо арзишҳои куллии мо мутобиқат дошт, дар таноққуз набуд, мо онро мепазирем. Вале ҳар равише, ки бо арзишҳои мо дар мухолифат буд, мо онро рад мекунем. Тавсияи Муҳаммадқасими Фаҳим ба насли ҷавони Афғонистон ин буд, ки мо муҷоҳиддин дифоъ аз тамомияти Ватан кардем, аммо шумо насли имрӯзӣ  муҷоҳиддини ҷиҳоди созандагии Ватан ҳастед. Шумо муҷоҳиддини майдони созандагии Ватан ҳастед. Ватанро бисозед».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ аз Муҳаммадқасими Фаҳим ҳамчун аз  сутуни миллат, қаҳрамонони даврони ҷиҳод ном бурд ва хизматҳои ӯро дар солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои муҳоҷирини тоҷики  муқими Афғонистон ва  талошҳои ӯро ба хотири барқарории сулҳу субот дар кишвари мо ёдовар шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi