10:16:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Шинохти тоҷикият ва исломияти Кабирӣ

 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили он дар парлумони кишвар дар вохӯрии ахири худ бо ҷавонон, ки 1-уми марти соли 2014, дар дафтари марказии ин ҳизб, дар шаҳри Душанбе зери унвони "Исломият ва Тоҷикият" баргузор шуд, бо иқтибос аз суханони собиқ раис ва муассиси ин ҳизб марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт: "Тоҷикияти мо айни исломияти мост ва исломияти мо айни тоҷикияти мо".

 

muhiddin-kabiri00202002Ин мавзӯъ дар ҳоле матраҳ шуд, ки ахиран гурӯҳҳои мухталиф аз ҷумла ҷавонони кишвар бо равишҳое барои худ хос барои шинохти асли ҳувияти хеш чунин баҳсҳоеро дар маҳофили гуногун ва бавижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ доман зада, қисме аз онҳо ҳатто сари номҳои ба истилоҳ "тоҷикӣ" ва "исломӣ" низ бо василаи калом ба ҳам дарафтодаанд. Табиист, ки ҳар гурӯҳ бо ҳисси мазҳабӣ ва ё миллие, ки доранд, далелҳои ақлӣ ва нақлии худро ироа кардаанд, вале то ҳол ба ин баҳсҳо нуктаи ниҳоӣ гузошта нашудааст.

 

Кабирӣ низ дар рафти ин вохӯрӣ бо истинод ба ояти 13 сураи Ҳуҷурот, ки таъкид шудааст: "Эй мардум Мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо ба қабилаҳо ва миллатҳое ҷудо кардем, то бо якдигар таъоруф-шинохт дошта бошед, ҳамоно беҳтарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумо аст", гуфт: "тоҷикият" ва "исломият" аз нигоҳи ман ба маънои он аст, ки касе аз ман бипурсад, ки кадоме аз ду чашмонатонро муқаддам ва ё беҳтар медонед; чашми чап ё чашми рост?

 

Дар ин маҳфил ҳамчунин вобаста ба шароит ва имкониятҳои миллӣ ва исломӣ қайд карда шуд, ки исломият ва тоҷикияти Кабирӣ ва ҳизбаш баъзан дар масоли миллӣ ва исломӣ имкони тағйири авлавиятро пайдо хоҳанд кард. Кабирӣ гуфт: барои мисол мо дар масоили миллӣ-марзу буми Тоҷикистону Қирғизистон бо ин, ки медонем ҳар ду ҷониб мусалмон ҳастанд, вале тоҷикияти мо дар ин маврид дар ҷои аввал қарор мегирад ва дифоъ аз сарҳаду сарзамин ва марзу бумро вазифаи миллии худ медонем, вале дар кишваре мисли Африқои марказӣ ва ҷои дигаре, ки мардумро маҳз бо ҷурми мусалмон будан бераҳмона ба қатл мерасонанд, ҳимоят аз онҳоро вазифаи имонӣ-исломии худ медонем.

 

Кабирӣ дар ин нишасти худ дар бораи номгузории ба истилоҳ "исломӣ" ва "тоҷикӣ" низ дахл кард ва бо истинод ба ояти дар боло зикр шудаи сураи Ҳуҷурот, гуфт: Ман тағйири номҳои ба истилоҳ "тоҷикӣ" ва ё миллатҳои дигарро ба номҳои ба истилоҳ "исломӣ" зарур намеҳисобам, зеро дар ривоятҳои саҳеҳи исломӣ омадааст, ки яке аз вижагиҳои рақобати солими Паёмбарон дар рӯзи қиёмат ин ифтихор кардани эшон бо пайравони худ аз қавму миллатҳои гуногун аст. Вай таъкид дошт, ки ман низ ҷонибдори он ҳастам, ки фардо дар рӯзи қиёмат Паёмбари бузургвори ислом (с) бо садҳо ва ҳазорҳо Ҷамшеду Хуршеди тоҷик, Ивану Михаили рус ва ё Ҷону Майкли англис ва дигар дигарҳо, ки ҳама мусалмон бошанд дар рӯ ба рӯи дигар паёмбарон бо ин умматонашон ифтихор дошта бошанд.

 

Ба назари Кабирӣ, мусалмон будану парҳезкорӣ кардан аз муҳаррамот бо маротиб авлотар аз он аст, ки кас ному насаби исломӣ дошта бошад, вале бар хилофи ислому алайҳи мусалмонон амал намояд. Вай гуфт, ки дар замони Паёмбар(с) даҳҳо касонеро метавон ёфт, ки исломро қабул карданд, вале номҳои қабилагии хешро тағйир надоданд. Барои мисол, Ваҳшӣ, қотили Ҳамза ва Мусайламаи каззоб-дурӯғрӯ, пеш аз исломовардан ва баъди мусалмон шудан бо ҳамон ном шинохта мешавад, на чизе дигар! Дар адабиёти исломӣ низ бар алайҳи тағйири ном накардани чунин афрод чизе гуфта нашудааст. Яъне, Ҳар чанд дар ривоёти ислом таъкид шудааст, ки беҳтарини номҳо онҳоеанд, ки дорои "Ҳамд" ва "Абд" бошанд, мисол: Аҳмаду Маҳмуд ва Абдуллоҳу Абдурраҳмон ва ғайра, лекин Ислом инсонро бо аъмолу рафтор ва хулуси нияташ бартарӣ медиҳад, на бо доштани номҳои зебову шинам ва маҳз исломӣ.

 

Дар ҳамин нишаст, раиси ҲНИТ ба маросими миллӣ ва оийинҳои мардумӣ низ дахл кард ва иброз дошт, ки ислом ба расму ойине, ки хилофи муътақодот ва муқаддасоти он набошанд, мухолафат накардааст. Ин вусъатнигарӣ ва осонгирии мусалмонони пешин буд, ки дини мубини ислом ба ақсои олам интишор ёфт ва мардумоне аз қавму қабилаҳои гуногун ва миллатҳои мухталиф онро қабул карданд ва ислом азиз низ ба воситаи онҳо ба ин кишвар доман паҳн кард. Ин андешаи худро бо истинод ба ривояте, ки рӯзе мусалмонони ҳабашитабор дар Масҷиди Мадинаи Мунаввара яке аз маросимҳои миллии худро бо ҳаракатҳои мавзуне иҷро мекарданду Паёмбари ислом модарамон Оишаи Сиддиқаро, ки девори ҳуҷраашон ба девори масҷид пайваст буд, болои китфашон бардошт, то бозии онҳоро тамошо кунад ва Оиша(р) ҳам то хаста шудан бозии эшонро тамошо кард, ҳуҷҷат бахшид.

 

Ҳамчунин Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар поёни ин нишаст ба шарҳи вожаи "ТАЪОРУФ"-и дар ояти зикршуда пардохт ва гуфт, ки яке аз маъниҳои ин калима шинохтан ва аз худ кардани тамоми илму технологияи навини ақвом ва миллатҳои ғайр аст, ки ҳар фарди мусалмони тавонмандро зарур аст рафта дар баробари шинохтани расму оийн ва донистани забони миллатҳои дигар ва барои мисол амрикоиҳо ва донистани забони англисӣ бояд илму фан ва технологияи навини онҳоро низ аз худ карда, барои пешрафт ва ободонии кишвар ва миллатҳои худ омада хидмат кунанд.

 

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои "Рӯзгор"

 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi