03:46:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСЛОМ КАРИМОВ: ПАДАРИ МИЛЛАТ Ё ДИКТОТУРИ ЗОЛИМ?

Ислом Каримов, собиқадортарин раҳбар дар қаламрави Шӯравии пешин, ки тайи 24 соли ахир зимоми умурро дар Узбакистон дар даст дорад, рӯзи 30 январ 75-солагии худро ҷашн гирифт.

/images/stories/2013/01/31_karimov-31012013.jpgНашрияҳои расмии Узбакистон оқои Каримовро аз поягузорони истиқлоли ин кишвар ва "Падари миллат" хонда ва дастоварду пешрафтҳое дар кишварашонро ба ӯ марбут донистаанд. Аммо мухолифон ва мунтақидони оқои Каримов ӯро "диктотуре золим" унвон мекунанд, ки то ба ҳол давраи раёсаташро дар Узбакистон борҳо бо дасткорӣ дар қонун тамдид кардааст.

Узбакистон бо ҷамъияти болиғ бар 28 милюн нафар бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози нуфус маҳсуб мешавад. Аммо ба далели аз фаъъолият бозмондани корхонаҳои санъатӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар Узбакистон беш аз панҷ милюн тан аз атбоъи ин кишвар ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия ва Қазоқистон ба сар мебаранд.

Бино ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Узбакистон мукарраран нақз шуда ва дар пайи ҷойгузини сирилик шудани алифбои лотинӣ бештари сокинони рустабор ин кишварро дар солҳои ахир тарк кардаанд.

Ҳамчунин, дар мавриди коҳиши теъдоди мактабҳои тоҷикӣ ва мушкилоти тадрис ба забони тоҷикӣ дар Узбакистон гузоришҳои ҳамвора мунташир мешаванд. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, дар ин кишвар тақрибан 8-10 милюн тоҷик аст, ки ғолибан дар шиносномаҳояшон "узбак" сабт шудаанд.

Воқеъан, Ислом Каримов чи гуна шахсият аст ва дар сиёатҳои минтақа ва таҳаввулот дар Узбакистону Осиёи Марказӣ чи нақше дорад?

Муҳаммадҷон Обидов, хабарнигори ӯзбакистонӣ ва узви пешини порлумони ин кишвар, дар суҳбат бо бахши ӯзбакии Би-би-сӣ гуфтааст: "Ислом Каримов пас аз Михаил Горбачёв дуюмин раиси ҷумҳурӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ буда ва дар раванди касби истиқлоли Узбакистон нақши калидӣ дошт."

Аммо Камолиддин Раббимов, корманди пешини Маркази мутолеъоти роҳбурдии Узбакистон, ки феълан дар шаҳри Порис ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин иддаъоро бепоя хондааст.

Оқои Раббимов гуфтааст: "Дар раъйпурсии моҳи марти соли 1991 дар мавриди бақои Иттиҳоди Шӯравӣ Президент Каримов мардуми Узбакистонро барои раъй додан ба бақои Иттиҳоди Шӯравӣ фаро хонда буд. Аз сӯйи дигар, истиқлол барои Узбакистон ба иллати фурӯпошии имперотурии Шӯравӣ ва бидуни мубориза ба даст омад."

Оқои Обидов дар ин мусоҳиба аз Президент Каримов ба унвони "раҳбаре ҷасур" ном бурдааст, ки дар тазоҳуроти шаҳри Намангон дар соли 1992, ки ба раҳбарии Тоҳир Йӯлдош ва Ҷумъа Намангонӣ баргузор шуд ва дар он беш аз 30 ҳазор нафар бо шиъорҳои "Оллоҳу акбар!" гирдиҳам омада буданд, ӯ бидуни тарс ширкат ва суханронӣ кардааст.

Ҳамчунин, ӯ, оқои Каримовро аз омилони сабот дар Узбакистон хондааст, ки дар муқоиса бо Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари дигари кӯчактар дар минтақа, даргири мухолифатҳои мусаллаҳона ва инқилобҳои рангин нашудааст.

Камолиддин Раббимов ба навбаи худ гуфта, ки оқои Каримов тавассути роҳандозии сиёсати "фишору тазйиқ ва таъқиб" рақибони сиёсӣ ва чеҳраҳои саршиноси мухолифро кушта, зиндонӣ карда ва ё водор ба тарки кишварашон кардааст.

Ба гуфтаи оқои Раббимов, аз авоили даҳаи 1990 ба ин сӯ, интихобот дар Узбакистон ба "як бозии сиёсӣ" мубаддал шуда ва раҳбарони аҳзоби ба истилоҳ "кисагӣ" дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ бо Ислом Каримов "рақобат" кардаанд.

Даниил Кислов, сардабири сойти хабарии "fergananews", низ ба Би-би-сӣ гуфт: "Сабот дар кишварро аз дастовардҳои аслии Ислом Каримов медонанд. Хуб, ин сабот аз кадом тариқ таъмин шуд? Афроди дорои афкори мухолиф азияту таъқиб шуданд ва раҳбарони мухолифон нобуд гардиданд. Дар натиҷа, Ислом Каримов дар саҳнаи сиёсӣ танҳо монд. Аз ин лиҳоз, дар кишвар хомӯшӣ ҳукмфармост, касе садо баланд намекунад."

Зимнан, чанде қабл оқои Кислов дар матлабе зери унвони "Воҳимаи ислом: Каримов худ ва кишварро вориди бунбаст кардааст" аз сиёсати оқои Каримов ва наҳваи раҳбарии ӯ шадидан интиқод карда буд.

Аз ҷумла, дар мақолаи ӯ ба собит набудани сиёсати хориҷии Ислом Каримов ва зуд-зуд иваз шудани самти ҳамкориҳояш бо Русия ва кишварҳои Ғарб ишора шудааст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ислом Каримов бо Омрико ва кишварҳои урупоӣ равобити танготанге ба роҳ андохта буд. Узбакистон бо захоири бузурги гозаш барои Ғарб ҷаззоб буд.

Аммо пас аз ҳаводиси шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005, ки ба интиқодҳои густардаи кишварҳои ғарбӣ доман зад, ӯ дубора худро ба "оғӯш"-и Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ андохт. Соли гузашта Узбакистон дубора аз ин созмони таҳти нуфузи Русия хориҷ шуд.

Ин кишвар ҳамчунин бо даштҳои фароху ҳосилхезаш, ки дар даврони Шӯравӣ бахши аъзаме аз онҳо обёрӣ шуданд, аз содиркунандагони умдаи панба дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аммо мавзӯъи истифода аз кори кӯдакон дар мазоръеи панбаи Узбакистон тайи солҳои ахир аз мавзӯъоти дигари ҷанҷолбарангез дар арсаи байналмилалӣ будааст.

Узбакистон тайи солҳои истиқлоли худ бо ҳамсоягонаш дар Осиёи Миёна ҳам равобити чандон устуворе надошта ва гоҳгоҳе бо онон ба мухолифат пардохтааст.

Бавижа Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари фақиру кӯҳистонӣ ва аз захоири нафту гоз маҳрум, бо барномарезии тарҳҳои бузурги энержии обӣ дар рӯдхонаҳои саршор аз оби Сирдарё ва Омӯдарё хашми Тошкандро барангехтаанд.

Мақомоти узбак нигаронанд, ки ин ду кишвар маҷроҳои рӯдхонаҳои фаромарзиро кунтрул хоҳанд кард ва ин амр ба арсаи кишоварзии Узбакистон латмаи ҷиддӣ мезанад, аммо Тоҷикистону Қирӯизистон ин иддаъоро рад мекунанд.

Тайи ду даҳаи ахир равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон пайваста рӯ ба сардӣ гаройида ва мақомоти ин кишвар мубтакири роҳандозии низоми раводид, мингузорӣ дар манотиқи марзӣ ва қатъи ҳама гуна иртибототи ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо Тоҷикистон будаанд.

Сӯҳроб Шарифов, узви порлумони Тоҷикистон, Ислом Каримовро аз сиёсатмадорони ботаҷруба ва собиқадори Осиёи Марказӣ хонд, ки аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси Дабири аввали Ҳизби кумунист ва баъдан ба унвони раиси ҷумҳурӣ раҳбарии Узбакистонро дар даст доштааст.

Ба эътиқоди оқои Шарифов, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар авохири соли 1991 Узбакистон худро як давлати абарқудрати минтақа тасаввур карда ва хостори он буд, ки бояд ҳар иқдоми кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз машварат ва бо ризояти ин кишвар анҷом шавад.

Ӯ гуфт: "Таъсири Ислом Каримов дар давраи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон зиёд буд. Бо кумаки ӯ ҳукумати феълии Тоҷикистон ба қудрат расид. Аммо талошҳои давлати Тоҷикистон барои музокироти сулҳ бо мухолифон ба Узбакистон хуш наомад. Дар миёни кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон Узбакистон танҳо давлате буд, ки дар мувофиқатномаи сулҳ имзо нагузошт."

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ин намояндаи порлумони Тоҷикистон, Ислом Каримов фикр мекунад, ки Раҳмон "шогирди ӯ буда ва бо кумаки ӯ ба қудрат расидааст ва аАз ин лиҳоз бояд то охири умр миннатдор бошад. "

Оқои Шарифов афзуд: "Ҳамин рӯҳияи психологӣ ба Каримов имкон надод, ки равобитро бо Тоҷикистон беҳбуд кунад. Сардии равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон аз шурӯъи музокирот бо мухолифони тоҷик шурӯъ шуд ва баъдан ба сардии комил табдил ёфт."

Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази мутолеъоти ҷомеъашиносии "Бозтоб", низ муътақид аст, муносиботи шахсӣ миёни раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон дар чигунагии равобити миёни ин кишварҳо асароти ҷиддӣ дорад.

Оқои Мирзо мегӯяд: "Эмомалӣ Раҳмон бо кумаки Ислом Каримов ба сари қудрат омад. Аввал, Раҳмон дар сиёсат таҷруба надошт ва таҳти таъсири Каримов буд. Вақте аз ӯ итоати Ислом Каримов баромад, муносибати ду кишвар сард шуд. Асли буҳрони Тоҷикистону Узакистон муносиботи миёни раҳбарони ин ду кишвар аст."

Ӯ дар бораи дурнамои равобити Тоҷикистон ва Узбакистон гуфт, ки дар назар аст дар зарфи як соли оянда дар ҳар ду кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда ва дар соли оянда нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон хориҷ шаванд. Ин авомил метавонад ба чигунагии муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон асари ҷиддӣ гузорад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки фишору муҳосираи иқтисодии Узбакистон ва қатъи интиқоли нерӯи барқу гоз аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҷанбаи мусбате низ дошта ва Тоҷикистонро водор сохтааст, ки роҳҳои олтернотиви ҳалли мушкилро пайдо кунад.

Гуфта мешавад, маҳз бо исрору пофишории президент Каримов Тоҷикистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ хориҷ шуда, вале тавонистааст дар муддати кӯтоҳе хатти баландшиддати "Ҷануб-Шимол"-ро бунёд ва системи воҳиди энержии кишварро эҷод кунад.

Бо ин ҳол, ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, ҳатто дар сурати аз қудрат канор рафтани раҳбарони феълии Тоҷикистону Узбакистон низ рақобати жеупулутикӣ миёни ин ду кишвар боқӣ хоҳад монд.

Феълан Узбакистон дар бозори фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ рақиби ҷиддӣ дар минтақа надорад. Аммо дар пайи бунёди эҳтимолии нерӯгоҳи "Роғун" ва хутути интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон вазъияти ин бозор иваз хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi