05:54:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

МУХОЛИФОНИ АСАД: "БА КӮМАКИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРЕМ"

Ҷорҷ Сабра, раҳбари нави Шӯрои миллии Сурия, аз кам будани кӯмакҳои ҳампаймонҳои ғарбӣ ва арабӣ изҳори норозигӣ кард. Баъд аз анҷоми нишасти Шӯрои миллии Сурия дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, ӯ гуфт, ки “мутаассифона, мо ба ҷуз бархе изҳорот ва пуштибонии андак чизе намегирем, дар ҳоле, ки ҳампаймонҳои Башор Асад барои ӯ чизеро дареғ намедоранд”.

/images/stories/2012/11/11_nmukholifoni-asad-111112.jpgҶорҷ Сабра, дигарандеши маъруф, ки, зимнан, масеҳист ва дар гузашта аз ақидаҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, рӯзи ҷумъа раҳбари Шӯрои миллии Сурия интихоб шуд ва билофосила ба музокирот бо дигар гурӯҳи ниҳодҳо ба хотири муттаҳидсозии ҳама нерӯҳои мухолифин пардохт.

Раҳбари Шӯрои милли Сурия, афзуд, “мо умедворем, ки дар кишвари мо интихоботи демократӣ баргузор мешавад ва он ба мардуми дорои ақидаҳои гуногуни сиёсаиву мазҳабӣ ва ба қишрҳои гуногуни ҷомеъа имкон медиҳад то дар интихобот озодона ширкат кунанд ва давлати нави худро бунёд кунанд, давлатеро, ки мардуми Сурия барои он даҳҳо ҳазор қурбонӣ додааст”.

Ба Шӯрои миллии Сурия асосан суриягиҳое шомиланд, ки солҳои гуногун аз кишвар фирор кардаанд. Коршиносон мегӯянд, дар садри ин созмон баргузидани масеҳӣ – посух ба интиқод дар бораи нуфузи ҳарчӣ бештари исломгароҳо дар нерӯҳои мухолифини Сурия аст.

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна мегӯяд, ИМА ва кишварҳои ғарбиву арабӣ аз мухолифини Башор Асад мехоҳанд, онҳо як созмони нерӯманде таъсис кунанд, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Ин созмон бояд бо ошӯбгарони мусаллаҳ ва фаъолони мухолифини муқими Сурия дар тамоси пайваста бошад ва барои ташкили ҳукумати давраи гузариш омода шавад.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, “мухолифин зери фишори Ғарб ва давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия дар Довҳа ҳозир шудан як миқдор имтиёз ба ҳамдигар диҳанд ва чаҳорчӯби як ҷабҳаи воҳидро бирезанд”. Алиризо Нуризода меафзояд, “акнун бояд дид, ки аз ин чӣ ҳосил мешавад, чун қатариҳо гуфтанд, ки омодаанд миллионҳо доллар кӯмак кунанд, амрикоиҳо ва саудиҳо низ. Агар дасти Туркияро боз бигзоранд, қодир аст, ки ба ин нерӯҳо аслиҳа бирасонад”.

​Нишасти мухолифини Сурия дар Доҳа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба иттилои СММ, фақат шабонарӯзи гузашта Сурияро тақрибан 11 ҳазор нафар тарк намуда, асосан дар қаламрави Туркия паноҳ ёфтаанд. Айни ҳол дар Туркия, Лубнон, Ироқ ва кишварҳои шимоли Африқо беш аз 400 ҳазор суриягиҳои аз ҷанг фироркарда ба сар мебаранд.

Ахиран ИМА эълом дошт, ки барои кӯмак ба паноҳандагони суриягӣ 34 миллион доллар ихтисос додааст. Маблағи умумие, ки то имрӯз Вошинтон барои фирориён аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ҷудо кардааст, беш аз 165 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии ИМА гуфта шудааст, ки бахши навбати кӯмаки башардӯстона аз либоси гарм ва болопӯшҳо иборат аст, то паноҳандагон аз сардӣ азият накашанд.

Ба иттилои фаъолони суриягӣ, баъд аз шурӯи ошӯби зиддиҳукуматӣ дар кишвар дар моҳи марти соли 2011 беш аз 37 ҳазор нафар – сокинони осоишта, ошӯбгарон ва низомиёну ҷонибдорони ҳукумати Башор Асад ба ҳалокат расиданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi