01:04:16 02-уми Июни 2025 сол

АМРИКО КӮМАКИ МОЛӢ БА ЮНЕСКО-РО ҚАТЪ КАРД

Кохи Сафед маблағгузории ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ-ро муттавақиф кардааст. Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Вошингтон аз ироаи 60 миллион долларе, ки бояд ин моҳ ба ЮНЕСКО мефиристод, худдорӣ намудааст.

/images/stories/2011/11/01_viktoria_nulan_2011.pngТасмими Амрико бо пазируфта шудани Фаластин ба узвияти ЮНЕСКО бастагӣ дорад. Рӯзи 31 октябр дар Анҷумани умумии  ЮНЕСКО дар Порис аз 173 намояндаи кишварҳои олам 107 вакил раъйи мусбат ва 14 вакил раъйи мухолиф доданд. Вакилони 52 кишвар эълом доштанд, ки бетарафанд.

Тасмими Анҷумани умумии ЮНЕСКО-ро садри он Каталин Богяй, ки сафири Венгрия дар ин созмон аст, эълон кард: “Хонумҳо ва ҷанобон, конфронси умумӣ ба ҷонибдории пазируфта шудани тарҳи қатънома раъй дода, ҳамчунин қарор кард, ки Фаластинро ба унвони узви ЮНЕСКО бипазирем.”

Миёни кишварҳое, ки алайҳи узвияти Фаластин райъ доданд, аз ҷумла, Амрико, Олмон, Литва ва Руминия қарор доранд. Сабрӣ Сайдам, мушовири раҳбари Фаластин гуфт, ки қарор дар як рӯзи барои мардуми Фаластин таърихӣ гирифта шудааст.

Аммо сафири Исроил дар ЮНЕСКО Нимрод Баркан тасмими конфронсро маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, “раъйдиҳии имрӯза як фоҷиа барои  ЮНЕСКО аст ва ба қонунҳои байнулмилаливу шонси сулҳ зиёни бузург мерасонад.”

Моҳи гузашта Фаластин дархости узвияти комил дар Созмони Милалро карда буд ва пазируфтани кишвар ба узвияти  ЮНЕСКО бахше аз талошҳои Фаластин мебошад. Мақоми нави узви ЮНЕСКО ба Идораи худгардони Фаластин имкон медиҳад, бархе аз ёдгориҳои таъхирии худро, ки Исроил низ даъвои соҳибии онҳоро дорад, ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил кунад.

​​Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова дар як матлаб дар нашрияи Washington Post навиштааст, ки Бунёдро барои узви он шудани Фаластин муҷозот кардан норавост. Элеонора Митрофанова, намояндаи доимии Русия дар ЮНЕСКО ҳам дар мусоҳиба бо хабаргузории ИТАР-ТАСС аз муҷозоти Бунёд барои узвияти Фаластин изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ шомил шудани Фаластин ба ЮНЕСКО-ро “ҳодисаи таърихӣ” номидааст: “Мо ҳамеша аз Фаластин пуштибонӣ мекардем. Узвият дар ЮНЕСКО ба фаластиниҳо имкон медиҳад, ки ба таври мустақим дар ин созмон кор кунанд, ҳангоми нозири Бунёд будан Фаластин маҷбур буд мушкилоти худро аз тариқи миёнаравҳо ҳал намояд”,-гуфтааст хонум Митрофанова.

Ҷонибдорони узвияти Фаластин дар ЮНЕСКО ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки фаъолияти ин Бунёд дур аз сиёсат аст ва аз ин рӯ набояд ин мавзӯъро ба баҳси сиёсӣ табдил кард.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 01.11.2011 16:07
mana bined iddaoi amerika va evroparo bined . mebined ki onho yane amerika va evropa mardumi falastina katli om mekunand ruze nest ki haddi akal 10 yo 15 xonaro azodor nakunnad . ba kudakoni navzod va piru javon rahm namekunand va hamaro az dami tir meguzaronand.ho lo ki unesko falastinro ba uzviat paziruft mebined ki davlathoe ki sangi sina mezanand va xudro muxtarii hukuki bashar medonand mebined ki chi kor mekunand.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854