23:57:19 25-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОБАМА ВА САРКОЗӢ ДАСТУРИ ҚАТЛИ ҚАЗЗОФИРО СОДИР КАРДАНД

Як нашрияи фаронсавӣ дар гузорише фош карда, ки Амрико ва Фаронса қабл аз кушта шудани Муаммар Қаззофӣ ба ин тавофуқ расиданд, ки вай набояд аз даргирҳои ин кишвар зинда берун биёяд.

/images/stories/2011/10/29_obama-sarkazi_2011.jpgТибқи хабаргузории “Форс”, “Қаззофӣ аз сӯи Вашинтон ва Порис маҳкум ба марг шуд”. Ин сарлавҳаи гузориш дар шумораи 26-уми октябр дар яке аз нашряҳои фаронсавӣ, ки дар зер ба бахшҳое аз он ишора мешавад, аз тавофуқи қаблии Амрико ва Фаронса барои куштани Қаззофӣ парда бармедорад.

Обама ва Саркозӣ аз тарси ифшои асрор ва дар ҳарос аз ин ки Муаммар Қаззофӣ дар ҷараёни муҳокима дар додгоҳи байналмилалии Гаага зиёд ҳарф назанад, намехостанд, ки вай аз Либия зинда берун шавад.

Асри рӯзи чаҳоршанбеи 19 октябр, яъне як рӯз қабл аз кушта шудани Қаззофӣ, як сарҳанги собиқа бо яке аз иртиботи худ дар дастгоҳи иттилоотии низомии Фаронса, ки мавриди пайгирии парвандаи Қаззофӣ ва раҳгири ӯ дар Либия будааст ва ҳамакнун низ аз генералҳои аршади давлати Обама мебошад, телефони тамос гирифта, гуфтааст, ки Қаззофӣ ба воситаи раҳгирии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ, дар минтақае дар шаҳри Сирт муҳосира шуда ва набояд ӯро аз даст дод. Вай сипас гуфтааст, ки агар Қаззофӣ зинда бимонад ба як бомбаи атомии воқеӣ табдил хоҳад шуд.

Пас аз ин суханон мухотаби вай дар дастгоҳи иттилоотии низомии Фаронса низ дармеёбад, ки Кохи сафед дигар ҳукми худро дар бораи Қаззофӣ содир карда ва бояд дар ҳамин марҳила аз ҳузури Қаззофӣ дар додгоҳи байналмилалӣ ва ба ҷараёни афтодани раванди эҳтимолии муҳокимаи вай ҳушдор ба амал биёяд.

Илова бар ин, аз чанд рӯзи қабл аз ин, командаҳои нерӯҳои вижаи амрикоӣ ва фаронсавӣ ба сурати муштарак дар талош барои шикор ва ба дом андохтани Қаззофӣ буданд. Дар Порис дар маркази барномарезӣ ва ҳидояти амалиёт, дар идораи иттилооти низомӣ ва дар бахшҳои амалиёти созмони иттилооти ҷосусии Фаронса, шумори зиёде аз афсарон бо кӯмаки 50 тан аз аъзои фармондеҳи амалиёти вижаи низомиёни ҳозир дар Сиртро мавриди арзёбӣ қарор доданд.

Ҳадафи онҳо аз ин амр кӯмак ба воҳидҳо ва ниёгонҳои Шӯрои миллии интиқоли Либия буд, ки дар он замон минтақа ба минтақае дар шаҳри Сирт мустақар шуда буданд. Ҳатто бархе афроди ин гурӯҳ ба қадри наздики маҳалли даргири буданд, ки чанд нафар аз нерӯҳои он эълом карданд, ки Қаззофӣ ҳамакнун ба асорати нерӯҳои мухолиф даромад.

Дар он замон танҳо як формула аз сӯи Созмони ҷосусии иттилоотии Фаронса ироа мешавад ва он ин ки Қаззофӣ набояд фирор кунад.

“Рӯзгор”



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.10.2011 21:01
salomi gurg be tama nest . in dar borai obama va sarkozi nisbat ba eron komilan sodik ast.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi