АҲМАДИНАЖОД: «САҲЮНИСТҲО НАҚШАҲОЕ БАРОИ ҲАМЛА БА ЭРОНРО ТАРРОҲӢ КАРДАНД»
Аҳмадинажод дар посух ба саволе дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Эрон таъкид карда, ки миллати Эрон аз таҳдидоти низомӣ ҳеҷ гуна нигаронӣ надорад. «Албатта режими саҳюнистӣ ва арбобонаш алоқаи зиёде доранд, ки ба Эрон ҳамла кунанд ва ба Эрон зарба бизананд ва нақшаҳое ҳам дар ин хусус тарроҳӣ карданд, аммо аз посухи миллати Эрон ваҳшат доранд»,- мегӯяд ӯ.
Тибқи хабаргузории «Форс», Аҳмадинажод дар ҳошияи сафар ба мақари Созмони Милали Муттаҳид дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира», дар посух ба саволе дар хусуси эҳтимоли вуҷуди нигаронӣ дар бархе кишварҳои минтақа аз барномаи ҳастаии Эрон изҳор дошт:
«Ин омодагӣ дар Эрон вуҷуд дорад, ки мутахассисини ҳастаии ҳавзаи Халиҷи Форс аз нерӯгоҳҳои ҳастаии Эрон боздид карда ва бо мутахассисини эронӣ гуфтугӯ кунанд. Эрон танҳо кишваре ҳаст, ки ҷузъиёти фаъолиятҳои ҳастаии он дар расонаҳо бар хилофи қонун аз сӯи оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ мунташир шудааст ва ба воситаи ин ифшогарии ғайриқонунӣ теъдоде аз донишмандони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ тавассути афроди саҳюнистҳо ба шаҳодат расиданд».
Вай хотирнишон кард: «Фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан шаффоф ва зери назари дурбинҳои оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ қарор дорад. Аммо мутаассиф аз он ҳастем, ки оҷонсӣ чашми худро ба рӯи чандин ҳазор бомби атомии Амрико ва режими саҳюнистӣ бастааст, дар ҳоле, ки вазифаи ин Оҷонсии байналмилалӣ ин будааст, ки силоҳҳои ҳастаиро аз байн бубарад».
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна