16:44:48 02-уми Июни 2025 сол

ПУШТИ САҲНАИ “ТЕРРОРИ БУЗУРГ” КАДОМ СОЗМОН АСТ?

Дар ҳоле, ки рӯз ба рӯз ба имзои паймони стротегии Афғонистон бо Амрико ва Иҷлоси Бонни дуввум наздик мешавем ва фаъолиятҳои дипломативу рафту омадҳои мақомоти ду кишвар ба авҷи худ мерасад, шоҳиди террори рӯзафзун, ҳадафманд ва маънодори раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон ҳастем.

/images/stories/2011/09/22_rabbani_22.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Форс», ҳанӯз хабари шаҳодати фармондеҳони ҷиҳодии номдоре чун генерал Довудхон ва ғайра аз афкори умумӣ пок нашуда, хабари шаҳодати Бурҳонуддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, минтақа ва коршиносони сиёсӣ-амниятиро дар ҳайрат гузошт.

Ба назар мерасад, ки раҳбарон ва фармондеҳони ҷиҳодӣ, ба лиҳози доштани эътиқодот ва тафаккуроти зиддиистеъморӣ ва зиддиишғолгарӣ, ки онро аз гузаштагони худ ва ҳамчунин аз замони муборизоти худ бар зидди Шӯравии собиқ ба мерос  гирифта  дар фазои заҳролуди даврони Толибон низ онро ҳифз кардаанд, аз асос мухолифи паймони роҳбурдӣ бо Иёлоти Муттаҳида буда ва башиддат аз истиқрори пойгоҳҳои доимии Амрико дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва мекунанд.

Аз ин рӯ, коршиносон мӯътақиданд, ки дастҳои пинҳони созмонҳои ҷосусӣ-иттилоотии ғарбӣ дар ин гуна террорҳо комилан пайдост. Нуктаи муҳимме, ки зеҳни ҳар коршиносонро ба худ маътуф медорад, амалкарди нирӯҳои амниятии афғонӣ ва хориҷӣ аст.

Чӣ гуна мешавад минтақаи Вазир Акбар Хон, ки аз муҳимтарин манотиқи Кобул ба ҳисоб меояд ва чанд рӯз пеш низ шоҳиди вуқӯъи рухдоди амниятии чандин соата дар он будем, дубора мавриди ҳамла қарор гирад ва яке аз олитарин шахсиятҳои Афғонистон аз саҳнаи сиёсии ин кишвар ба таври физикӣ ҳазф шавад?

Хуб аст, ки созмонҳои масъул дар саҳнаи байналмилалӣ, барои арзёбии амалкарди худ дар саҳнаи Афғонистон, ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунанд:

Пас аз ҳузури 10 солаи нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, ҳеҷ гуна беҳбудие дар вазъи амниятии ин кишвар эҷод нашуда ва усулан хориҷиҳо дар ҳеҷ марҷаъи расмӣ ва қонунии дохилии ин кишвар посухгӯи аъмоли худ нестанд.

Давлати Афғонистон ва давлатҳои ҳомии он дар конфронси Бонни дуввум, дар бораи нақзи муҳимтарин дастоварди Бонни аввал, ки таъмини амният дар Афғонистон будааст, ҳеч гуна посухи қонеъкунандае барои афкори умумии ҷаҳонӣ ва мардуми мазлуми Афғонистон нахоҳанд дошт.

Дар ҷое ки барои шахсиятҳои муҳим ва калидии Афғонистон, ҳеҷ гуна амнияте вуҷуд надорад, мусалламан наметавон аз хусуси амният ва тавсиъаи он дар Афғонистон дар соири ҳавзаҳо  сухан гуфт. Амнияти соири раҳбарони ҷиҳодӣ мавриди хатар қарор мегирад ва ҳеч созмони дохилӣ ва ё байналмилалӣ масъулияти расмии ҳифзи ҷони раҳбарони ҷиҳодиро бар ӯҳда нагирифтааст.

Агар воқеаи ахир баҳонае барои ҷиддӣ гирифтани нукоти мазкур нашавад, ҳеч гуна ояндаи умедворкунандаеро барои субот ва амнияти Афғонистон тасаввур кардан мумкин нест.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854