17:13:21 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАББОНӢ: “ТАЛОШҲО БАРОИ ЭҶОДИ СУБОТ ВА ИСТИҚРОР ДАР АФҒОНИСТОН ИДОМА ДОРАД”

Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар  рӯзи 20-уми сентябр дар манзили шахсиаш дар Кобул ба шаҳодат расид. Ду рӯз қабл аз шаҳодат дар гуфтугӯи ихтисосие бо хабаргузории “Ирно” ба тасвири чашмандози истиқрори оромиш дар кишвараш пардохта буд.

/images/stories/2011/09/22_burhanuddin_rabbani-1_22.9.jpgТибқи гузориши “Ирно”, Бурҳониддин Раббонӣ, ки чанд рӯз қабл аз шаҳодат барои ҳузур дар нахустин Конфронси Байналмилалии Бедории Исломӣ ба Теҳрон сафар карда буд, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори “Ирно” сӯҳбат карда дар посух ба ин савол, ки раванди музокирот миёни гурӯҳҳои мухталифи афғон барои эҷоди субот ва амният дар ин кишвар дар чӣ шароите қарор дорад, гуфт: Ин музокирот дар ҳоли ҳозир дар ҷараён аст”.

Раҳбари фақиди ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон афзуд: “Афғонистон бояд аз ин марҳила бигузарад то субот ва истиқрор дар он ҳукм шавад”.

Раббонӣ бо ин вуҷуд таъкид карда, ки талошҳо барои эҷоди субот ва истиқрор дар Афонистон идома дорад.

БЕДОРИИ ИСЛОМӢ АЗ НИГОҲИ РАББОНӢ

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар бахши дигаре аз гуфтугӯи худ баргузории аввалин Конфронси Байналмилалии Бедории Исломӣ дар Теҳронро ибтикори сутуданӣ тавсиф кард ва изҳор дошт: “Натоиҷи бисёр хуберо аз ин иҷлос интизор дорем”.

Раббонӣ таъкид кард: “Иҷлоси Бедории Исломӣ дар Теҳрон ибтикори бисёр ба мавқеъ ва хубе буд ва ба таври табиӣ ҳузури ҷамъи зиёде аз шахсиятҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва мутафаккирони исломӣ дар шароити муҳим ва ҳассоси кунунии ҷаҳони ислом, таъсироти бисёр муфиде бар раванди ин таҳаввулот ба нафъи миллатҳои ин минтақа дорад”.

Раиси фақиди Шӯрои олии сулҳи Афғонистон тасреҳ кард: “Интизор дорем натоиҷи бисёр хубе аз ин конфронс ҳосил шавад, лекин умедвор ҳастем, ки баргузории ин гуна конфронсҳо идома пайдо кунад”.

Бурҳониддин Раббонӣ мӯътақид буд, ки бедории исломӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва Шимоли Африқо растохез аст. Ва бояд баргузории нишастҳое монанди аввалин Иҷлоси Байналмилалии Бедории Исломӣ идома ёбад.

Вай ҳамчунин дар посух ба саволи дигаре дар иртибот бо арзёбиаш аз равобити кунунии Эрон ва Афғонистон изҳор дошт, ки равобити ду кишвари ҳамсояи ҳамдин ва ҳамфарҳанги Эрон ва Афғонистон, ҳамеша равобити дӯстона ва бародарона буда ва ин масъала идома пайдо хоҳад кард.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi