18:39:58 01-уми Июли 2025 сол

ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶАИ ЭРОН БАРОИ МУЗОКИРОТ БО МАҚОМОТИ РУСИЯ ВОРИДИ МАСКАВ ШУД

Алиакбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, шомгоҳи сешанбе барои анҷоми дидори ду рӯза ва музокирот бо мақомоти Русия дар хусуси равобити дуҷониба ва масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ вориди Мoскав шуд.

/images/stories/2011/08/17_solehi_17.8.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно», Солеҳӣ дар ин сафар қарор аст бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар иртибот бо мавзуъоти мавриди алоқаи ду кишвар, дидор ва музокира кунанд.

Ин сафар ба даъвати ҳамтои русии Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва ба манзури баррасии равобити дуҷониба ва низ ҳамкориҳои густардаи ду кишвар дар арсаи равобити байналмилалӣ ва масоили ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Дидор бо вазири умури хориҷа ва Николай Патрушев – дабири шӯрои амнияти Русия ва ҳамчунин суханроние дар академияи дипломатикаи вобаста ба вазорати умури хориҷаи Русия аз барномаҳои сафари кории ду рӯзаи вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин кишвар эълом  шудааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, дар бораи сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Мoскав ва музокира бо Сергей Лавров ҳамтои русӣ вай изҳор дошт: «Дар ин музокирот, масоили минтақавӣ ҷойгоҳи муҳиме хоҳад дошт».

Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар ин дидор дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, баҳри Хaзaр, вазъи Афғонистон, авзоъи минтақаи Ховари Миёна ва Шимоли Африқо мавриди баррасӣ қарор гирад.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 17.08.2011 17:03
salom ruzgor somonai khub ast ba vija matolibi farhangi-adabi va az hama muhum masoili sulhro khele munsifona mepardozad
baroi hamai in tashakkur
Ammo yak gila dar vakti navishtani akhbor kame dikkat kuned iboraho fe"lho va nomhoro durust navised
misol dar khabari bolo bahri KHIZR
on bahri KHAZAR yo kaspi ast
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ