16:39:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАРОСИМИ АДОИ САВГАНДИ АҲМАДИНАЖОД

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи чоршанбе, 5 август, дар баробари вакилони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, парлумони Эрон, ва меҳмонони баландпояи хориҷӣ дар як шароити мутантан адои савганд кард: “Ман ба унвони раисиҷумҳур дар пешгоҳи Қуръони карим ва дар баробари миллати Эрон ба Худованди қодири мутаъол савганд ёд мекунам, ки посдори мазҳаби расмӣ ва низоми Ҷумҳурии исломӣ ва Қонуни асосии кишвар бошам.”

Аммо авзоъ ва шароит дар хориҷ аз сохтмони парлумон аз он чӣ ки дар дохил мегузашт, фарқ мекард. Дар беруни сохтмон садҳо тан аз Ба Худованди қодири мутаъол савганд ёд мекунам, ки посдори мазҳаби расмӣ ва низоми Ҷумҳурии исломӣ ва Қонуни асосии кишвар бошам.тарафдорони мухолифин ҷамъ шуда буданд, вале нирӯҳои пулис ва шибҳанизомиёни Басиҷ роҳи вуруд ба бинои парлумонро ба рӯи тазоҳургарон баста буданд.

Пулиси Эрон эҳтимоли бурузи беназмиҳо дар рӯзи адои савганди Аҳмадинажодро дар назар дошта ва ба чунин таҳаввули вазъ омодагӣ низ дида буд, вале то кунун танҳо дар бораи як мавриди бархӯрди тазоҳургарон бо пулис гузориш шудааст. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли як шоҳид навишт, ки пулис ба хотири пароканда кардани издиҳоме, ки бар зидди Маҳмуди Аҳмадинажод шиор мезаданд, аз гази ашковар истифода бурдааст. 

Раҳбарони ҷиноҳҳои мӯътадил, аз ҷумла ду раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамӣ, ва ҳамин тавр, рақиби аслии Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн Мирҳусайни Мӯсавӣ дар маросими адои савганди Аҳмадинажод ҳузур надоштанд. 
Аҳмадинажод дар суханрониаш ба эътирозҳои густардае, ки ба дунболи эълони пирӯзии ӯ дар интихобот тайи чанд ҳафта идома дошт, ишораи мустақиме накард. Вале ӯ ба мазаммати кишварҳои хориҷие пардохт, ки талош карданд, норозигии худ ба шеваҳои шадиди алайҳи тазоҳургарон бакорбурдаи мақомоти Эрон изҳор кунанд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла гуфт: 

“Шунидед, ки баъзе аз онҳо эълом карданд, ки интихобот ва давлатро ба расмият мешиносем, аммо табрик нахоҳем гуфт. Маънои ин рафтор чист? Паёми равшани ин рафтор ин аст, ки онҳо демокросиро фақат дар хидмати манофеъи худ меписанданд. Онҳо ба раъй ва ҳуқуқи миллатҳо эҳтиром намегузоранд. Онҳо худро меъёри демокросӣ ва шохиси демокросӣ мешиносанд. Иттифоқан, миллати мо бо ҳамин ахлоқ ва бо ҳамин рӯҳия мухолиф аст ва дар баробари он истодааст. Ун вақт лозим аст, ки бидонед: Касе дар Эрон мунтазири табрик гуфтани шумо нест.”

Ишораи раисиҷумҳури Эрон ғолибан ба мавзеъгирии маъмурияти Амрико дар қиболи интихоботи Эрон ва пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маърака буд. Дар Вошингтон, вақте хабарнигорон аз сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс пурсиданд, ки оё Кохи Сафед Маҳмуди Аҳмадинажодро ҳамчун раисиҷумҳури қонунии Эрон мешиносад?, оқои Гиббс гуфт: “Ӯ раҳбари интихобшуда аст.” Аммо Роберт Гиббс аз ташреҳи бештари масъала худдорӣ варзид.

Тавре ба назар мерасад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки мехоҳад дар мавриди пайдо кардани як роҳи ҳалли баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон роҳи музокирот ва гуфтугӯро бо Теҳрон пеш бигирад, дар қиболи таҳаввулоти ахири он кишвар мӯҳтотона бархӯрд мекунад.

Аммо “Amnesty International” (“Афви байналмилалӣ”), як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, ба муносибати рӯзи адои савганди Маҳмуди Аҳмадинажод изҳороти шадидуллаҳне нашр кард, ки дар он мегӯяд, вокуниши шадид ба тазоҳуроти эътирозии мухолифин “давраи нави таъқибот”-ро дар Эрон ба бор меорад. Дабири кулли “Афви байналмилалӣ” Ирэн Хан гуфт, маросими адои савганди Аҳмадинажод бояд барои раҳбарони Эрон нуқтаи атфе шавад, ки саҳифаи хушунатҳои сангини ҳафтаҳои ахирро дар он кишвар бипӯшад. 

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар авалли ҳафтаи равон Аҳмадинажодро ҳушдор дода буд, ки “мухолифини хашмгин ва захмӣ” талошҳои худ барои ба чолиш кашонидани давлати ӯро идома хоҳанд дод. 

Расми адои савганди Маҳмуди Аҳмадинажод ва оғози расмии давраи дуввуми раёсатҷумҳурии ӯ ҳамагӣ як рӯз қабл аз оғози дубораи додгоҳи беш аз 100 нафар, бо шумули шахсиятҳои маъруфи ҷиноҳи ислоҳталабон, баргузор шуд. Ин афрод ба даст доштан дар эътирозҳои пасоинтихоботӣ ва мухолифат ба низом муттаҳам мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi