11:29:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУХТАРАКИ СУРИЯГӢ - ДУХТАРХОНДИ НАХУСТВАЗИРИ ТУРКИЯ РАҶАБ ТАЙИБ УРДУҒОН

Дар як иқдоми инсонӣ нисбат ба як тифли суриягӣ, ки падару модараш  ҳангоми фирор аз ҳадафи тир қарор гирифтани нерӯҳои Башор Асад, дар марзи Сурия бо Туркия, кушта шудаанд, Раҷаб Таййиб Урдуғон-нахуствазири Туркия, ин ятими хурдсолро ба фарзандии худ қабул кард ва ба номи «Зайнаб Раҷаб Таййиб Урдуғон»  ба вай шаҳодатномаи шаҳрвандии Туркияро супорид.

erdughan_55566.jpgБа навиштаи хабаргузориҳои туркӣ, наздик ба ҳашт ҳазор фирории Сурия, аз қатли омм ва ваҳшати нерӯҳои амниятӣ ва тарафдорони раиси ҷумҳури кишварашон, Башор Асад, ки бо ҳадафи саркӯб кардани гурӯҳҳои озодихоҳ ва тағйири низоми Сурия, ба манотиқи ҳаммарз бо Туркия ҳуҷум кардаанд, вориди Туркия гардидаанд ва бар асари ин ҳуҷум садҳо нафари дигар кушата, захмӣ ва дастгир шудаанд. Ба ҳамин хотир ҳазорҳо каси «бегуноҳ» ва азияткишидаву ҷафокаши дигар ҷиҳати убури марз ба қасди Туркия интизорӣ мекашанд.

Ба гузориш «Форс» ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия «Соно», дирӯз, Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар  суханоне аз шаҳрвандону бародарон, хоҳарону ҷавонон, мардону занон ва падарону модарони суриягӣ тақдиру ташаккур кард, ки бедорӣ ва огоҳии худро бо ҳифзи иттиҳод ва якпорчагии кишвари хеш иброз ва барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии кишвари худ гаронбаҳотарини чизҳоро, ки ҳамоно ҷони гаронмояи хеш аст, тақдим мекунанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки раиси ҷумҳури Сурия гуфт: «Он чӣ дар Сурия рух медиҳадро бояд дар се маврид мулоҳиза кард: аввал гурӯҳе, ки дархостҳо ва хостаҳое аз давлати худ доранд ва ин алабатта, вазифаи давлат аст, ки бо баррасии онҳо нисбат ба иҷобати онҳо иқдом кунад.

Дувум, гурӯҳе, ки қонуншикан ҳастанд ва бо эҷод ҳараҷу мараҷ ва ошӯб талош доранд ба хостаҳои номашрӯъ ва ғайриқонунии худ даст ёбанд, ки ин амри пазируфта шуда нест ва бояд нисбат ба таҳвили онҳо ба мақомоти судӣ иқдом кард ва севум гурӯҳи соҳибони андешаҳои ифротӣ ва такфирӣ, ки пеш аз ин низ миллати Сурия бо онҳо ва тарфандҳояшон бархӯрд дошт ва бо огоҳӣ ва биниш болои  худ роҳи нуфузи онҳоро ба кишвар масдуд карда буд».

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки Асад  гуфт: «Нахоҳам гузошт тундравҳо бо сипар кардани мардум ба хостаҳои худ даст ёбанд». Вай афзуд: «Имрӯз тундравҳо худро паси шиъорҳое аз қабили ислоҳот, озодӣ ва демокросӣ пинҳон намуда то ҳар ончӣ бихоҳанд бо кишвар анҷом диҳанд ва чун мулоҳиза карданд, ки давлат ба ислоҳот посухи «оре» дод ва онҳо бад-ин васила муваффақ нашуданд ба аҳдофи мадди назари худ даст ёбанд, дидем, ки чӣ гуна ба силоҳ ва иқдомоти низомӣ рӯй оварданд, то бо сипар қарор додани мардум ба хостаҳои худ даст ёбанд ва чун дар ин амр ҳам муваффақ набуданд, силоҳ ба рӯи мардум кашиданд ва теъдоде аз онҳо маҷруҳ ва теъдоде дигарро ба шаҳодат расониданд.

Давлат ҳеҷ гуна гузашт ва тасоҳуле дар баробар ин тундарвҳо нахоҳад кард».

Башор Асад бо ишора ба ин, ки ин хости мардум аст, ки давлат ба муқобила бо иқдомҳои ин харобкорон бархезад, гуфт: «Бешак дар ин бора ҳеч гуна тасоҳул ва гузаште  нахоҳад шуд ва ҳамакнун роҳ барои эътироф ба хато ва иштибоҳ ҳамчунон боз аст. 

Аммо, ин паёми Асад мардумро ором карда натавонист, ба иттилои “Aljazeera.net”,  ин паёми раисҷумҳури Сурияро мардуми кишвараш натанҳо хуш қабул накарданд, балки онро мардуд дониста, баръакс ба ҷои ором шудан, мардумро ба раҳпаймоиҳои ҷамъӣ даъват карданд ва ҳангоми мардум дар аксар шаҳру ноҳия ва манотиқи Сурия баъд аз зӯҳри дирӯз, яъне баъд аз суханронии Асад, ба хиёбонҳо рехтанд, хостаи аксари онҳо  ин буд, ки бояд давлати Башор Асад суқут кунад ва набояд Асад бори дигар ба мардуми Сурия ҳамчун раисиҷумҳур бимонад, чунки ба қавли тазоҳуротгарон омили асосии куштори ҷамъӣ ва захмӣ гардидани 6000 нафар ва ба хусус ба шаҳодат расидани 1600  каси дигар, бар иловаи боздошт шудани 15000 нафар, аз ҷумла падару модари духтарчаи бегуноҳ-Зайнаб, ки нахуствазири Туркия, ӯро ба фарзандӣ қабул кард, Асад мебошад, ба ин хотир бояд Асад мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад…  

Ин дар ҳолест, ки шабакаи 10-уми телевизиони Ирсоил, дар гузорише бо Нер Бумис, як масъули амалиётии Массад-Созмони ҷосусии Исроил, ки  бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия ба таври мустақим дар иртибот аст, мусоҳиба кард. Гузоришгари исроилӣ дар ин хусус гуфт: «Нер Бумис ба таври махфиёна бо раҳбарони гурӯҳҳои фаъоли зидди низоми Сурия дар иртибот аст». Дар ин гузориш омадааст: «Фаъолияти Бумис дар заминаи иртиботи мустамирр бо мардуми он даста аз кишварҳои ҷаҳон, ки бо Исроил хусумат доранд, мутамарказ мешавад.

Ба гузориш ал-Олам, вай-Бумис, рисолаи доктории улуми  сиёсии худро ба аҳаммияти иртибот бо мардуми кишварҳои душман ва мухолифи бо Исроил ва нақши он дар барандозии низомҳои ҳукуматии душман ихтисос додааст.

Гузоришгари исроилӣ дар гуфтугӯ бо Нер Бумис аз вай пурсид: «Ахбори зиёде дар робита бо фаъолиятҳои бевақфаи шумо барои сарнагунии низоми Башор Асад гуфта ва шунида мешавад, назари худатон чист?», ки Бумис дар посух бо ишора ба китоби худ ба номи «Таъаҳуддоти андешмандони саҳюнист» гуфт: «Ин китоб ба ҳама пурсишҳои шумо посух медиҳад».

Дар ҳамин ҳол ин шабакаи телевизионии Исроил, бахше аз иртиботи телефонии яке аз саркардаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия бо Бумисро пахш кард. Ин фарди суриягӣ ба забони англисӣ ба Бумис гуфт: «Имрӯз низ тазоҳурот барпо шуд, аммо нерӯҳои амниятӣ онро саркуб карданд».

Нооромиҳо дар Сурия дар пайи нооромиҳои кишварҳои арабзабони Африқо наздик ба се моҳ қабл оғоз шуда,  бар асари он то кунун садҳо нафар кушта, захмӣ ва дастгир шудаанд. Дар ин нооромиҳо, тавре хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, дасти гурӯҳи сеюм, аз ҷумла  «МАССАД» дида мешавад. Дар Сурия низ, ки яке кишварҳои ҳомии фаластиниён ба шумор мераваду аз мухолифин режими саҳюнистӣ аст, «МАССАД» ба таври густурда фаъолият мекунад.

Амруллоҳои Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi