УСОМА БИН ЛОДИН КӢ БУД?
Усома бин Лодин ба унвони бунёнгузор ва раҳбари Алқоъида барои солҳо номе ошно буд. Бисёре дар кишварҳои ғарбӣ ӯро, ки созмондиҳандаи ҳамалоти ёздаҳи сентябр буд, таҷассуме аз терурисми ҷаҳонӣ медонанд. Барои баъзе дигар Усома бин Лодин як қаҳрамон буд, як мусулмони диндор, ки бо ду қудрати бузурги дунё вориди ҷангу ҷиҳод шуд.
Ӯ, ки мутаваллиди даҳи марти 1957-и мелодӣ аст, дар як хонаводаи сарватманди саъудӣ ба дунё омад ва падараш Муҳаммад бини Аваз бини Лодин, ки дар бахши сохтмонсозӣ дар Арабистони Саъудӣ фаъолият дошт, зиндагии мураффаҳе баро ӯ фароҳам карда буд.
Вале каме баъд аз ҳамлаи нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон, Усома бин Лодин ба гурӯҳи муҷоҳиддин дар Афғонистон пайваст ва бо ҳамроҳии гурӯҳе аз ароде, ки аз ӯ пайравӣ мекарданд ва баъдҳо ҳастаи аслии Алқоъидаро ташкил доданд, дар канори муҷоҳиддин ҷангид.
Вақте Усома бин Лодин аз Афғонистон ба Арабистони Саъудӣ баргашт, аз ин ки режими ҳоким дар ин кишвар артиши Омрикоро ба хоки Арабистон даъват карда буд, то нерӯҳои Садом Ҳусейнро аз Кувейт берун кунад, ба хашм омад ва ба мухолифат бо ҳокимони Арабистони Саъудӣ бархост.
Ӯ дар соли 1998-и мелодӣ алайҳи тамоми омрикоиҳо дар дунё эъломи ҷанг кард ва гуфт, ки ба бовари мо имрӯз бадтарин дуздон ва бадтарин теруристҳои дунё омрикоиҳо ҳастанд ва ҳеҷ чиз ҷуз талофӣ ва амали муқобил наметавонад ҷилави онҳоро бигирад. Мо набояд байни нерӯҳои низомӣ ва ғайринизомии Омрико ҳам тафовуте қоил шавем ва то ҷое, ки ба мо марбут аст, тамоми онҳо аҳдофи мо ҳастанд."
Дар он сол бисёре бар ин ақида буданд, ки Усома бин Лодин дар бумбгузориҳое, ки дар сафоратҳои Омрико дар кишварҳои шарқи Офриқо рух доданд, даст дорад. Он замон Бил Клинтун раиси ҷумҳури Омрико буд. Ба дунболи вокуниши нерӯҳои низомии Омрико ва ҳамлаи мушакии онҳо ба пойгоҳи Усома бин Лодин дар Афғонистон, ӯ маҳалли иқоматашро тарк кард.
Дар соли 2000-и мелодӣ созмони Алқоъида, ки ба раҳбарии ӯ ташкил шуда буд, тавонист ҳамлаи муваффақе ба як киштии ҷангии якмилёрддулории Омрико анҷом диҳад. Ин ҳамла дар бандари Адан анҷом шуд. Баъд аз он буд, ки ҳамлаҳои Алқоъида дар Ню-Йурк ва Вошингтун анҷом шуд ва ҳаводиси маргбори ёздаҳуми сентябри соли 2011-ро дар таърих сабт кард.
Бо он ки 27 милюн дулор подош барои "сари Бин Лодин" таъйин шуда буд, ӯ тавонист барои чандин сол аз дасти касоне, ки ба дунболаш буданд, махфӣ бимонад. Гуфта шудааст, ки қабоили сокини марзҳои Афғонистон ва Покистон, аслитарин паноҳдиҳандагон ба Усома бин Лодин буданд. Усома бини Муҳаммад бини Аваз бин Лодин дар ниҳоят рӯзи якшанбе, 1 май, ба дасти кумондуҳои омрикоӣ дар паноҳгоҳе дар Покистон кушта шуд ва ҷасадаш дар ихтиёри Омрико қарор гирифт.
Би-Би-Си