00:05:13 03-уми Июни 2025 сол

"ТЕЪДОДИ КУШТАШУДАГОН ДАР СУРИЯ АФЗОИШ ЁФТ"

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯянд дар ҳоле ки нерӯҳои амниятӣ талош доштаанд эътирозоти зиддидавлатӣ дар ин кишварро саркӯб кунанд, куштори бештаре дар шаҳри Даръо сурат гирифтааст.

siriaЯке аз ин гурӯҳҳо гуфт, ки аз марги дастикам сӣ нафар дар ҷараёни эътирозоте, ки тақрибан як ҳафта аз оғози он мегузарад, мутмаин аст. Ҳудуди ниме аз ин афрод дар эътирозоти рӯзи чаҳоршанбе (23 март) кушта шудаанд. Бархе аз онҳо замоне ҷони худро аз даст доданд, ки нерӯҳои амниятӣ мустақим ба рӯйи тазоҳуркунандагон оташ гушуд.

Фаъолони ҳуқуқи башар бар ин боваранд, ки омори воқеъии кушташудагон мумкин аст хеле бештар бошад чун бисёре аз маҷруҳон тавассути нерӯҳои амниятии Сурия аз хиёбонҳо ҷамъоварӣ ва ба маконҳои номаълуме мунтақил шудаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд дар тирандозии маъмурони амниятӣ ба садҳо ҷавони тазоҳуркунанда, ки аз рустоҳои атрофи шаҳри Даръо ба самти маркази он роҳпаймоӣ мекардаанд, дастикам 10 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд. Тазоҳуркунандагон дар эътироз ба куштори мухолифони давлати Сурия ба хиёбонҳо омада буданд, ки ба гуфтаи онҳо бо оташи силоҳи нерӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Сурия, сарбозони давлатӣ ҳамчунин ба тарафи мардуме, ки дар маросими ташйиъи ҷанозаи кушташудагони масҷиди Умарӣ ширкат карда буданд, тирандозӣ карданд. Пеш аз хушунатҳои баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе, дастикам дувоздаҳ нафар дар задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Даръо, дар ҷануби Сурия, кушта шуда буданд.

Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, хостори анҷоми таҳқиқоти шаффоф дар бораи таҳаввулоти ахир дар Сурия шуда ва гуфтааст, ки касоне, ки масъули кушта шудани муътаризон ҳастанд, посухгӯ бошанд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфта, ки аз ин ки давлати Сурия алайҳи мӯътаризон даст ба хушунат зада, онҳоро тарсонда ва дастгир карда, амиқан нигарон аст. Мақомоти Омрико гуфтанд иқдомоти давлати Сурия монеъ аз он шуда, ки мардуми ин кишвар битавонанд озодона хостаҳои худро иброз кунанд., ҳаққе, ки хостаи ҳамагӣ аст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд кам баъд аз нимашаб, барқи маҳаллӣ дар хиёбонҳои атрофи масҷиди Умарӣ қатъ шуд ва маъмурони пулис тирандозӣ бо муҳимоти воқеъӣ ва гози ашковар ба самти мӯътаризонро оғоз карданд.

Яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Сурия ба Би-би-сии арабӣ гуфт шаҳрвандони ғайринизомии бедифоъ ва бегуноҳ, ки ба таври сулҳомез таҷаммуъ кардаанд ва ҳатто ба санг муҷаҳҳаз нестанд, ки ба маъмурон партоб кунанд, "қатли ом" шудаанд.

Телевизиюни давлатии Сурия гуфтааст, ки як гурӯҳи мусаллаҳ аз дохили масҷиди Умарӣ амалиёти худро анҷом медиҳад ва тасовире аз силоҳ ва муҳимоте, ки дар ин макон анбор шудааст, нишон дод. Телевизиюни давлатӣ ҳамчунин ин гурӯҳро муттаҳам кард, ки кӯдаконро рабуда ва аз онҳо ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунад.

Бино ба гузориши телевизиюнии давлати Сурия, нерӯҳои амниятӣ муваффақ шудаанд чаҳор нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳро аз пой дароваранд. Дар ҳоле ки расонаҳои Эрон ахбори ҷадид аз хушунатҳо дар Сурияро мунъаккис накардаанд, хабаргузории "Форс" ба нақл аз як мақоми расмии Сурия гузориш карда, ки то кунун беш аз як милюн паёми кӯтоҳ аз хориҷ аз Сурия ба мардуми Сурия ирсол шуда ва онҳоро ба иғтишош фаро хондааст.

Хабаргузории "Форс" мегӯяд ин мақом, ки намехоста номаш фош шавад, манбаъи бисёре аз ин паёмҳои кӯтоҳро Исроил муъаррифӣ кардааст. Новӣ Пилой, кумиссари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, аз давлати Сурия хостааст аз ба коргирии хушунат худдорӣ кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854