10:19:36 01-уми Июли 2025 сол

ТАШДИДИ ТАДОБИРИ АМНИЯТӢ БАРОИ МУҲОФИЗАТИ КАЛИСОҲО ДАР МИСР

Давлати Миср эълом карда, ки тадобири шадиди амниятӣ барои муҳофизат аз калисоҳои ин кишварро афзоиш додааст. Иттихози тадобири ҷадид дар пайи ҳамла ба як калисои масеҳиёни қибтӣ дар Искандария сурат мегирад.

 

egyptДар ин ҳамла, ки дар шаби соли ҷадиди мелодӣ рух дод, бисту як нафар кушта ва шумори зиёде маҷруҳ шуданд. Бо ташдиди муқаррароти амниятӣ гордҳои мусаллаҳ ва низ пулисҳои либоси шахсӣ дар атрофи сохтмонҳо мустақар шудаанд ва дар ҷодаҳои истротежик истгоҳҳои бозрасӣ доир шудааст. Ҳамла ба калисои масеҳиёни қибтӣ дар Искандария бо интиқодҳои густарда дар дохил ва хориҷи Миср рӯбарӯ шуд. Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии Миср ин ҳамларо маҳкум карда ва онро кори терреуристҳои шаруре донист, ки мехоҳанд Мисрро бесубот кунанд.

 

Ихвонулмуслимин, ки бузургтарин гурӯҳи мухолифи давлат аст дар вокуниш ба ин бумбгузорӣ гуфт ҳеҷ махҳабе наметавонад як чунин ҷиноятеро таъйид кунад. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико низ ҳамла ба калисои масеҳиёни қибтиро як ҷинояти зишт тавсиф кард.

 

Дар гузоришҳои аввалия инфиҷор ношӣ аз бумбгузорӣ дар як худрав эълом шуда буд, вале мақомоти Миср акнун мегӯянд омили ҳамла ба эҳтимоли зиёд як бумбгузори интиҳорӣ будааст. Масеҳиёни қибтӣ 10 дарсади ҷамъияти Мисрро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон афзоиши нуфузи исломи сиёсӣ ва кӯтоҳии ҳукумати Миср дар рафъи норизоятиҳои масеҳиёни қибтӣ ба афзоиши таниши мазҳабӣ доман задааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4037-2011-01-02-16-37-29.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ