АМРИКО: ГУРӮҲИ 5+1 ПОСУХИ ЭРОНРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Вазорати умури хориҷаи Амрико таъйид кардааст, ки Эрон посухаш ба пешниҳоди музокираи атомӣ бо Гурӯҳи 5+1-ро ба намояндаи аршади Иттиҳодияи Урупо ирсол кардааст. Хабаргузории донишҷӯёни Эрон рӯзи сешанбе (9 ноябр) хабар дод, ки Шӯрои Олии Амнияти Миллии ин кишвар тайи номае ба Котрин Аштун пешниҳоди Ҷумҳурии Исломиро дар бораи замон ва макони гуфтугӯҳо эълом кардааст.
Филип Кровлӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Амрико, дар Вошингтун ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, эҳтимолан баъд аз зуҳри сешанбе ба вақти Вошингтун аз тариқи телефун бо Кортрин Аштун, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, гуфтугӯ мекунад. Ӯ гуфт ба назар мерасад, ки Эрон бо баргузории нишасте дар ояндаи нисбатан наздик мувофиқат кардааст ва мо саъй мекунем, ки замон ва макони онро таъйин кунем.
Оқои Кровлӣ таъйид накард, ки Туркия мизбони қатъии музокирот хоҳад буд. Давлати Туркия барои мизбонии музокироти Эрон бо қудратҳои бузург эъломи омодагӣ кардааст. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт умедвор аст, ки нишасти ҳастаӣ бо Эрон пеш аз поёни моҳи ҷорӣ анҷом шавад. Ин мақоми Иёлоти Муттаҳида гуфт муъовинони сиёсии вазирони умури хориҷаи кишварҳои Гурӯҳи 5+1 эҳтимолан рӯзи чаҳоршанбе телефунӣ дар бораи посухи Эрон музокира мекунанд.
Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз Амрико, Бритониё, Фаронса, Чин Русия ва Олмон аст, ки соли гузашта низ дар Женеви Суис бо Эрон музокироти атомӣ баргузор кард. Оқои Кровлӣ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ин гурӯҳро чаҳорчӯби аслии музокироти эҳтимолӣ медонад ва афзуд: "Нигаронии аслии мо мусалламан мақосиди ҳастаии Эрон аст. Аммо дар чаҳорчӯби 5+1 бо гуфтугӯ дар бораи масоили дигар мухолифате надорем."
Ин дар ҳолест, ки давлати Эрон ҳамчунон таъкид дорад, ки таъмини сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон мавзӯъи аслии мавриди назари ин кишвар дар ҳар гуна музокира аст. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбе гуфт: "Он чизе ки ба баҳси ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон мурбут мешавад, баҳси табодули сӯхт аст, ки чорчӯби он комилан мушаххас мебошад."
Ба гуфтаи ӯ, "чорчӯби баҳсамон баёнияи Теҳрон аст ва мушаххас аст, ки бандҳо ва ҷузъиёти дақиқ марбут ба мубодилаи сӯхт чи чизе аст, ки ба ҳамаи онҳо ишора шудааст." Он чи Эрон баёнияи Теҳрон тавсиф мекунад, тавофуқи ҳастаӣ аст, ки дар авоили моҳи июни имсол бо талоши Туркия ва Бразил барои ҳаллу фасли муноқишаи атомӣ ҳосил шуд, ки Гурӯҳи 5+1 онро рад кард.
Пеш аз радди ин тавофуқнома Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид чаҳорумин қатъномаи таҳримиро алайҳи Эрон вазъ кард. Ин иқдом таҳримҳои якҷонибаи Амрико, Конодо, Иттиҳодияи Урупо, Устролиё, Жопун ва Куреи Ҷанубиро алайҳи Эрон дар пай доштааст. Ҷумҳурии Исломӣ ин таҳримҳоро бефоида медонад ва мегӯяд, ки бар хатти машйи атомии Эрон таъсире намегузорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3541---51----.html