16:31:23 02-уми Июни 2025 сол

ҚИРҒИЗИСТОН: ПУШТИ ПАРДАИ ДАРГИРИҲО КИСТ?

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон интишори хабарҳои мабнӣ бар даст доштани тоҷиктаборон дар даргириҳои байниқавмии ахир дар ҷануби Қирғизистонро “иғвоангез” хонда ва маҳкум кард. Ахиран бархе аз расонаҳо аз қавли Кубат Байболов, муъовини раиси Сервиси амниятии Қирғизистон ва масъули вазъияти изтирорӣ дар вилояти Ҷалолободи ин кишвар, хабар додаанд, ки дар даргириҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар “гурӯҳе аз тоҷиктаборон” даст доштаанд.

 

Ин мақоми амниятии Қирғизистон аз ҷумла гуфтааст, ки шавоҳиди ҷиддие дар ин бора дар даст дорад, ки “ин афрод аз сӯйи тарафдорони хонаводаи Боқиев ба кор гирифта шудаанд ва онҳо аз дохили утумубилҳои шишасиёҳ ҳам ба сӯйи сокинони ӯзбактабор ва ҳам ба қирғизҳо тир шилик” мекардаанд.

 

Вай гуфтааст бархе аз ин афрод боздошт шуда ва ба ҷиноёти худ иқрор кардаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 15 июн бо интишори баёнияи тозае аз давлати муваққати Қирғизистон хостааст, ки аз “изҳороти бемасъулона ва иғвогаронаи баъзе аз аъзои ҳукумати муваққатӣҷилавгирӣ кунад.

 

Дар ин баёния омадааст: “Терруристон Ватан ва миллат надоранд, терруристон дар пойгоҳҳои берун аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар пойгоҳҳои Алқоъида барои гузарондани амалиёти тахрибкорона омӯзиш мебинанд. Дар он пойгоҳҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бо роҳҳои гуногун ҷалб шудаанд.”

 

"Байболов - корманди собиқадори КГБ"

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони тоҷик изҳороти оқои Байболовро аз дидгоҳҳои мухталиф арзёбӣ мекунанд. Саймудин Дӯстов, таҳлилгари сиёсӣ, бо ишора ба ин ки Кубат Байболов корманди собиқи Сервиси амниятии Шӯравӣ аст, гуфт, ки вай бозиеро ба роҳ андохтааст ва ин бозиро нерӯҳои сеюм кунтрул мекунанд.

 

Вай гуфт: “Сарфи назар аз ин ки иҷрокунандагон ки ҳастанд, ҳар ташаннуҷе, ки дар минтақаи Осиёи Миёна ба вуҷуд меояд, эҳтимолан бозии дасти ниҳодҳои иттилоъотии кишварҳои дигар аст. Ҷойи баҳс нест, ки дар солҳои 1990 яке аз барангезандагони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷосусони Русия буданд ва ҳатто пас аз гузаштани 18 сол ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҷуръат надорад бигӯяд, ки дар он ҷанг сервиси вижаи Русия даст дошт.”

 

Оқои Дӯстов мӯътақид аст, ки суханони оқои Байболов ба суди давлати муваққати Қирғизистон нест. Аммо Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили равобити Тоҷикистон ва Русия, мӯътақид аст, ки ҳеҷ нерӯи севуме дар даргириҳои ахири қавмӣ дар Қирғизистон даст надорад. Вай сиёсати Ӯзбакистон дар ду даҳаи ахир нисбат ба кишварҳои ҳамсояашро заминаи аслии бурузи муноқишаи қавмӣ дар Қирғизистон медонад.

 

"Сиёсатҳои зиддиинсонии Ӯзбакистон муқассир аст"

Оқои Ӯлмасов бо ишора ба мушкилоти камбуди шадиди барқ дар Тоҷикистон ва қазияи манъи тронзити вогунҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон гуфт, ки Тоҷикистон ба мисли Қирғизистон дастхуши ин сиёсати ба гуфтаи ӯ “зиддиинсонӣ” шудааст.

 

Вай афзуд: “Ҳоло дар Тоҷикистон қимати бензин дар бархе ҷоҳо то 40 дарсад афзоиш ёфтааст, аммо мо хомӯшем. Ӯзбакистон ҳама корро кард, то ки дар Тоҷикистон “Роғун” ва дар Қирғизистон нерӯгоҳи “Қамбарато” сохта нашавад. Аммо касе алайҳи онҳо садо баланд карда натавонист. Вале Ӯзбакистон дар бораи ӯзбакҳое, ки дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, фикр накард. Онҳо акнун дастхуши хашми мардуми қирғиз алайҳи сиёсатҳои Каримов шудаанд ва ҳеҷ кас ҷуз сиёсатҳои Ӯзбакистон омили ин даргириҳо нест.”

 

Бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки давлати Қирғизистон мехоҳад тавассути интишори хабарҳои ба гуфтаи онҳо “дурӯғин” таваҷҷӯҳи умумиро аз мушкили аслӣ ба сӯйи дигар мунҳариф созад. Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос, гуфт: “Агар онҳо як гунаҳкори дигареро пайдо накунанд, маълум аст, ки ҳама ба давлати муваққат дар меафтад.”

 

Бо вуҷуди ин, мавзӯъи даст доштани тоҷиктаборон дар ҳаводиси ахири Қирғизистон дар ҳоли ҳозир мавзӯъи доғ дар кулияи расонаҳои ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ба хусус Русия аст. Ин мавзӯъ акнун дар расонаҳои Русия низ ба мавзӯъи доғе табдил шудааст.

 

МавзӮъи доғ дар Русия

Аркадий Дубнов, рӯзноманигор ва коршиноси масоили Осиёи Миёна дар Русия, дар мусоҳиба ба “Эхо Москви”, родиюи мустақил, гуфтааст, ки манобеъе, ки ӯ мӯътамад медонад хабар додаанд, ки омилони даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон афроди хориҷӣ будаанд.

 

Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки дар миёни омилони ин даргирӣ афроде низ будаанд, ки дар ҷанги дохилии даҳаи 1990 дар Тоҷикистон дар ҳар ду тарафи даргирӣ байни давлат ва мухолифон ширкат кардаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони байналмилалӣ аз қабл пешгӯӣ мекарданд, ки фақр ва бесуботии сиёсӣ дар кишварҳои ба гуфтаи онҳо фасодзадаи Осиёи Марказӣ метавонад омили бурузи мунозеъоти қавмӣ дар минтақа шавад.

 

Пол Куин-Ҷаҷ, раиси намояндагии Гурӯҳи Бӯҳрони Байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, ахиран дар робита бо вазъият дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст: “Гӯрӯҳҳои зиёде, аз ҷумла гурӯҳҳои сиёсии маҳаллӣ, қавмӣ ва ҷинояткор, аз вазъи бесуботии сиёсӣ манфиъатҷӯйӣ мекунанд.”

 

Вай афзудааст, ки дар ҷараёни даргириҳо маъмулан гурӯҳҳои фурсатталаб ба ғоратгарӣ машғул мешаванд, ки ин вазъ ҳоло фазои ҳарҷу марҷ дар Қирғизистонро тиратар кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2490-2010-06-15-17-30-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854