16:41:40 02-уми Июни 2025 сол

ШӮРОИ АМНИЯТ ХУШУНАТ ДАР ҚИРҒИЗИСТОНРО МАҲКУМ КАРД

Шӯрои Амнияти СММ идомаи хушунатҳо дар Қирғизистонро маҳкум карда ва хостори поён додан ба хунрезӣ ва таъмини масири имдодрасонӣ барои осебдидагони даргириҳои қавмӣ шудааст. Лин Паско, муъовини дабири кулии СММ, зимни баррасии ин мавзӯъ ар Шӯрои Амният ҳамчунин хостори кумак ба Ӯзбакистон барои расидагӣ ба ниёзҳои фирориёне шудааст, ки аз Қирғизистон ба ин кишвар сарозер шудаанд.

 

Тибқи гузоришҳо, ҳазорон нафар аз ӯзбактаборони Қирғизистон аз даргириҳои қавмии чанд рӯзи ахир дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ба қаламрави Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд ва ҳазорон нафари дигар дар марзи миёни ду кишвар ҷамъ шудаанд. Вазорати беҳдошти Қирғизистонм егӯяд дар асари даргириҳои қавмӣ, ки аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта шурӯъ шуд, ҳудуди 170 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Дар баёнияи хабарии ин вазоратхона омадааст, ки аз замони оғози даргириҳо то кунун 1762 нафар барои кумак ба пизишкон муроҷеъа кардаанд, ки аз миёни онҳо 826 нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Райҳон Димитрие, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ӯш, мегӯяд, ки даргириҳо шаби гузашта низ идома дошт ва ҳеч нишонае аз мутаваққиф шудани хушунатҳо нест.

 

Давлати муваққати Қиризистон, ки пас аз сарнагунии раиси ҷумҳурии собиқ Қурбонбек Боқиев дар тазоҳуроте хушунатомез ба қудрат расид, тарафдорони Боқиевро ба даст доштан дар бурузи даргириҳои қавмӣ муттаҳам кардааст. Оқои Боқиев, ки ҳоло дар Белорус ба сар мебарад, дар ҷануби Қирғизистон аз маҳбубияти густардае бархурдор аст, аммо вай барангехтани даргириҳо аз сӯйи тарафдоронашро рад кардааст.

 

Аҷсоди хобида дар хиёбонҳо

Лин Паско пас аз ҷаласаи Шӯрои Амният ба хабарнигорон гуфтааст, ки вай зимни баррасии ин мавзӯъ бар зарурати имдодрасонии сареъ ба осебдидагон таъкид кардааст. Вай гуфт: "Вазъияти фирориён ва ин ки оё онҳо метавонанд аз марз убур кунанд, мавриди нигаронии амиқи мост. Мо талош мекунем ба Ӯзбакистон кумак кунем, то битавонад фирориёни бештареро дар қаламрави худ ҷой диҳад."

 

Гузоришҳо ҳокист, ки Ӯзбакистон мавзӯъи бастани марзи худ бо Қирғизистонро баррасӣ мекунад. Тақрибан 80 ҳазор нафар аз фирориён вориди ин кишвар шудаанд ва ҳазорон нафари дигар дар марз мунтазири убур ба ин кишвар ҳастанд. Шоҳидони айнӣ дар Ӯш ва Ҷалолобод мегӯянд, ки манозили зиёде ба оташ кашида шудаанд ва аҷсоди хобидаи мурдагон дар хиёбонҳо ба мушоҳида мерасад.

 

Аммо Навӣ Пиллей, кумиссари ҳуқуқи башари СММ, аз давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон хостааст, ки марзҳои худ бо Қирғизистонро кушода нигоҳ доранд ва фирориёнро, сарфи назар аз сиину сол ва ҷинсияташон, паноҳ диҳанд. Вай пештар гуфта буд, ки мадорике аз қатлҳои яксара, бо шумули кӯдакон ва таҷовузҳои ҷинсӣ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод вуҷуд дорад.

 

Руперт Колвил, сухангӯйи хонуми Пилей ба Би-би-сӣ гуфт: "Мо иттилоъоте дар даст дорем, ки қатлҳо на тасодуфӣ, балки ҳамоҳангшуда, ҳадафмандона ва барномарезишуда сурат мегиранд. Дар ҳоли ҳозир мо наметавонем ин хабарро собит кунем, вале шавоҳиде барои ин фарзия вуҷуд дорад."

 

Фирориёни ӯзбак мегӯянд, ки мошинҳои зиреҳпӯш дар Ӯш дар маҳаллоти ӯзбакнишин гаштугузор карда ва ба шаҳрвандон тир меандозанд. Сипас гурӯҳҳои ҷиноӣ аз паси онҳо вориди ин маҳаллот мешаванд.

 

Паскал Мейг Вагнер, як масъули Салиби Сурхи Байналмилалӣ, мегӯяд, ки омории расмии талафоти ҷонӣ бо воқеъият созгор нест: "Мо шунидем, ки бисёре аз аҷсоди мурдагон дар Ӯш ва Ҷалолобод ҳануз пайдо нашудаанд. Мо мӯътақидем замоне ки вазъият дар ин ду шаҳр беҳтар шавад, мо тасвири воқеъие аз абъоди ин буҳрон хоҳем дошт."

 

Ӯзбакаборон 15 дарсади ҷамъияти 5,5-милюннафарии Қирғизистонро ташкил медиҳанд. Мақомҳои СММ нақшаи ақвоми Осиёи Миёнаро, ки барои дороиҳо ва захоири мавҷуд бо ҳам рақобат мекунанд, ба "қуттии гӯгирде" ташбеҳ кардаанд, ки ҳар лаҳза мумкин аст битаркад.

 

Онҳо мӯътақиданд даргириҳои Ӯш ва Ҷалолобод, ки бадтарин хушунат аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то кунун дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, ҳарчи сареътар бояд мутаваққиф шавад, вагарна он метавонад дар муддати кӯтоҳе ба бахшҳои дигари минтақа низ густариш ёбад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2489-2010-06-15-17-26-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854