17:01:18 02-уми Июни 2025 сол

ПИСАРИ БОҚИЕВ ДАР БРИТОНИЁ БОЗДОШТ ШУД

Максим Боқиев, писари раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, дар фурӯдгоҳи Фарнборои Инглистон боздошт шудааст.

 

Бино ба иттилоъи хабаргузории INS-и Бритониё, ин боздошт дар ҷараёни амалиёти маъмурони марзбонии Бритониё дар фурӯдгоҳи Фарнборо, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Ландан, рӯзи якшанбе сурат гирифтааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории “АКИПресс”-и Қирғизистон, Кенешбек Дуйшебоев, раиси Идораи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар сӯҳбат бо телевизиюни ин кишвар хабари боздошти писари Боқиевро таъйид кардааст.

 

Интишори хабари боздошти Максим Боқиев бо нишасти хабарии Наҷот Боқиев, писари бузурги Боқиев, ҳамзамон будааст, ки дар шаҳри Мински Белорус баргузор шуда ва ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба давлати муваққат на, балки ба мардуми Қирғизистон, кумак кунанд.

 

Иттиҳоми сирқат

Максим Боқиеви 33-сола то замони барканории падараш раёсати Ожонси тавсеъа, сармоягузорӣ ва навоварии давлати Қирғизистонро ба ӯҳда дошт. Аз 6 апрели соли ҷорӣ, аз замони задухӯрди миёни тазоҳурагон ва нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Талас, дар шимолу ғарби Қирғизистон, дар бораи маҳалли буду боши ӯ иттилоъе вуҷуд надошт.

 

Тибқи иттилоъи мавҷуда, Максим Боқиев ба манзури анҷоми як дидори расмӣ озими Вошингтун шуда, аммо пас аз он ки мулоқоти вай бо мақомҳои омрикоӣ бургузор нашуд, ҷойи буду боши ӯ дигар маълум набуд. Давлати ҷадиди Қирғизистон иттилоъ дар мавриди Максим Боқиевро ба созмони пулиси байналмилалӣ, Интерпол, ироа кардааст.

 

Бишкек ӯро ба сирқат ва сӯиистифода аз мақомаш муттаҳам кардааст. Додситонии кул мегӯяд, ки Максим Боқиев аз воми 300-милюндулории Русия ҳадди ақал 35 милюн дулорро ба таври ғайриқонунӣ ба чанд ҳисоби бонкии таҳти назораташ интиқол додааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки маблағи боқимонда аз ин вом аз ҷониби Максим Боқиев ва ҳамроҳонаш барои харидории саҳом дар бозори бурси ҷаҳонӣ масраф шудааст.

 

Тибқи иттилоъи хабаргузории INS-и Бритониё, Максим Боқиев ба хотири дархости паноҳандагӣ ба Инглистон омадааст. Фурӯдгоҳи Фарнборо, ки ӯ фуруд омад, бо солунҳои ҳавопаймоии худ дар ҷаҳон маъруф аст ва умдатан аз сӯйи ширкатҳои хусусии ҳавопаймоӣ истифода мешавад. Идораи марзбонии Бритониё ҳадафи боздоштро эълом накардааст. Ин навъи расмиёт дар қиболи афроде, ки бо дархости паноҳандагӣ вориди ин кишвар мешаванд, пешбинӣ шудааст.

 

Вазъияти фирориён

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокист, ки Ӯзбакистон марзи худ бо Қирғизистонро баста ва вуруди паноҳандагони ӯзбак ба ин кишвар мутаваққиф шудааст. Абдулло Орифов, муъовини нахуствазири Ӯзбакистон, ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки ба далели набудани ҷой дар урдӯгоҳи паноҳандагон дар ҳудуди Ӯзбакистон давлати ин кишвар ба иттихози чунин тасмим водор шудааст.

 

Ба гуфтаи вай, мақомоти ӯзбак то кунун 45 ҳазор нафар аз фирориён аз Қирғизистонро сабт кардаанд ва "дигар ҷойе барои фирориён нест." Давлати Ӯзбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҷобаҷо кардани фирориён ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ ниёзманд аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2486-2010-06-15-06-08-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854