ИНТИХОБОТИ АФҒОНИСТОНРО БА ТАЪХИР АНДОХТАНД
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, ки интихоботи порлумонии рӯзи 22-юми майро то моҳи сентябр ба таъхир андохтааст. Ба гуфтаи Фозил Аҳмад Маънавӣ, намояндаи комиссия, онҳо 120 миллион доллари зарурӣ барои баргузории интихоботро ба даст наовардаанд, то онро саривақт доир намояд. Вай афзуд, нигарониҳои амниятӣ ва масоили икмолотӣ ва ҳамчунин зарурат ба вақт барои ислоҳи ҷараёни интихобот аз омилҳои дигари таъхир дар интихобот аст.
Интизор меравад, ки ҳомиёни ғарбии Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, аз ин ҳаракат хушнуд шаванд, зеро онҳо хоҳони ислоҳот дар ҷараёни интихобот ҳастанд, то тақаллубкориҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли гузашта, такрор нашавад. Интихоботи порлумонӣ ба рӯзи 18-уми сентябр таъйин шудааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1602-2010-01-24-12-25-51.html