21:30:52 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин ҳамлаи террористӣ дар «Крокус»-ро маҳкум кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

president_45548755121665Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид намуданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуданд.

Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ намуданд.

Дар ин замина аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо байни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо таъкид гардид.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi