06:03:49 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дуглас Макгрегор: ИМА бояд ба суханони Владимир Путин гӯш диҳад!

Полковник Дуглас Макгрегор, мушовири собиқи раиси Пентагон дар мусоҳиба бо YouTube канали Judging Freedom гуфт, Амрико бояд пас аз мутаваққиф шудани ширкати Русия дар Паймони коҳиши аслиҳаи стратегӣ ба суханони Владимир Путин гӯш диҳад, то аз фалокати ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунад.

5_duglas_magregor_874544512.jpg“Биёед, бингарем, ки ҳоло онҳо назар ба мо бисёртар кулоҳакҳои ҳастаӣ доранд. Шояд мошинҳои интиқолдиҳандаи бештаре низ дошта бошанд. Ман дақиқашро намедонам. Мо дар бораи ҳамаи ин рақамҳо ошуфтаем. Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар якҷоягӣ қудрати кофӣ доранд, ки сайёраро несту нобуд кунанд. Шубҳае нест," ҳушдор дод мутахассиси амрикоӣ.

Ба ақидаи ӯ, Вашингтон ба Москав хиёнат кард ва президенти Русия рӯйхати пурраи далелҳоро дорад, ки инро тасдиқ мекунанд.

"Аз ин рӯ, ба манфиати мост, ки паймонро замоне барқарор кунем ва ман фикр мекунам, ки ӯ (Владимир Путин) инро равшан баён кардааст", - хулоса кард Макгрегор.

Қаблан Вячеслав Никонов, вакили Думаи давлатӣ гуфта буд, ки муколама бо Вашингтон дар мавриди “Шартнома дар бораи яроқи стратегии ҳуҷум” имконпазир аст, аммо бо шартҳои Москав.

Рӯзи 21 феврал раҳбари Русия паёме ба Маҷлиси федеролӣ эълом кард, ки дар посух ба ултиматумҳои Амрико Москав ширкат дар паймони коҳиши аслиҳаи стратегиро мутаваққиф мекунад, аммо аз он хориҷ намешавад. Сарвари давлат қайд кард, ки пеш аз баргаштан ба муҳокима фаҳмидан лозим аст, ки аслиҳаи умумии стратегии НАТО, аз ҷумла Фаронса ва Британияи Кабирро чӣ тавр ба назар гирифт.

РИА Новости



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi