00:52:01 14-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
           

Тақозои 6,5 ва 11 соли зиндон барои "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ"

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ду тан аз муттаҳамоти парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" мутаносибан 6,5 ва 11 соли зиндон тақозо кард.

sudi-ismoili-somoni 2013Зафар Раҳмонов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи душанбеи 22-юми июл дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки "Олим Ғуломов бо моддаи 36, қисми 5 ва 187, қисми 2, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Ҷӯрахон Икромов бо моддаи 307/ 3, қисми 2 барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд".

Ҷаноби Раҳмонов афзуд, ки тафтиши парванда мушаххас кард, ки Олим Ғуломов, аз соли 2004 то 2010 дар манзили истиқоматиаш дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ба таълимоти ифротгароёна машғул шудааст.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати Ҷӯрахон Икромов, гуфт, ки аз манзили истиқоматии вай адабиётҳои ифротгароёна ва наворҳо, аз ҷумла "Фиққул ҷиҳоди исломӣ", "Дифоъ аз Паёмбар" ва "Дифоъ аз Қуръон" кашфу мусодира шудааст. Дар ниҳоят айбдоркунандаи давлатӣ бо овардани далелҳо барои Ҷӯрахон Икромов, 6,5 сол ва барои Олим Ғуломов, 11 соли зиндонро талаб кард.

Дар ҳамин ҳол вакилони дифои муттаҳамон тақозои айбдоркунандаи давлатиро намепазиранд ва мегӯянд, ки зерҳимояаашон гуноҳе надоранд. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Олим Ғуломов мегӯяд, далели тафтишот дар мавриди даст доштани зерҳимояаш дар таълими ифротгароии ҷавонон дуруст нест.

Зеро ба таъкиди ҷаноби Ёров, Олим Ғуломов солҳои 2004 ва 2010 дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ намекардааст. Ин аст, ки вакилони дифоъ дар сухани худ аз додгоҳ хостаанд, ки зерҳимояҳояшон гуноҳе надоранд ва бояд "сафед" ва аз толори додгоҳ озод шаванд.

Зимнан, муттаҳамон Олим Ғуломов, хусур ва Ҷӯрахон Икромов, амаки Дилшоди Косонӣ, ҷавони 33-солае мебошанд, ки мехост дар Афғонистон алайҳи нерӯҳои НАТО биҷангад ва моҳи августи соли гузашта ҳамроҳ бо боҷааш Равшан Нуриддинов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуданд.

Ҳамакнун гуфта мешавад, ки Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов "қурбон" - и ҷинояти содиркардаи домод ва ҷиянашон шудаанд. Интизор меравад додгоҳ ҳукми ниҳоии худро дар нисбати ин афрод рӯзи ҷумъа содир намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi