БОЗДОШТИ 4 НАФАР ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАҲОИ МАСТЧОҲ
Мақомоти интизомии Тоҷикистон чаҳор танро ба иттиҳоми хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои гуруҳҳои тундрав, боздошт кардаанд.
Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба мо гуфт, ки кормандони Бахши умури дохилаи вилояти Суғд, дар доираи амалиёти боздошти аъзои гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли кишвар, чаҳор сокини ноҳияи Мастчоҳро барои хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои ин гуруҳ, боздошт карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло бо ин сокинон барои пинҳон доштани ҷои гуруҳҳои тундрав, суҳбатҳо гузаронида мешавад. Феълани ному насаби ин чаҳор нафар ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни таҳқиқоти ҳодисаи ноҳияи Мастчоҳ, фош карда намешавад.
Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти рӯзҳои 9-10 январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, 6 нафар боздошт шудаанд.
Шариф Назаров, раҳбари пулиси вилояти Суғд чанд рӯз пеш дар нишасти хабариаш гуфта буд, амалиёт дар Мастчоҳ ҳанӯз идома дорад. Мақомот 3 тан аз дастгиршудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва 3 тани дигарро ба паноҳ додан ба ин афрод айбдор мекунанд.
Додситонии Суғд қаблан гуфта буд, ки тайи соли 2012 дар ин вилоят 72 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ боздошт шудаанд.
«Озодӣ»