03:03:03 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

МАРКАЗИ ТОҶИКШИНОСӢ: ХУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН»

«Ҳуввияти миллӣ ва сарчашмаҳои ташаккули он» чунин ном дошт конференсияи илмие, ки он бо ибтикори «Маркази тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) дар яке аз толорҳои маҷлисии ин бузургтарин китобхонаи кишвар баргузор гардид.

/images/stories/2013/01/21_1-majlis-21012013.jpgДар ин ҳамоиш олимону адибон, журналистону дигар қишри ҷомеъаи шаҳрвандии кишвар ширкат намуданд. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ Носирҷон Салимов, директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда дар бораи нақшаву ниятҳои ин муассисаи тозабунёди давлатӣ ва корҳои то ба имрӯза нҷомдодаи он ба ҳозирин иттилооти хеле муфиде ироа кард.

Ҳуриниссо Ализода, муовини директори китобхона иброз дошт, ки «Маркази тоҷикшиносӣ»-и  КМТ тарҳрезӣ намудааст, ки аз ин ба баъд ҳар моҳ бо ширкати фаъоли сиёсатмадорону ҷомеъашиносон, олимону адибон, соҳибназарон дар мавзӯи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ як силсила конференсияҳои илмӣ баргузор намояд.

/images/stories/2013/01/21_2-majlis-21012013.jpgАбдувоҳид Шамолов, директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсия маърӯзаи ҷолибе ироа кард, ки дар атрофи он Кароматуллоҳ Олимов, ноиби Президенти АИ ҶТ, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раҳбари Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназаров, ходими ҷамъиятӣ, ҳуқуқшинос, Зиё Абдуллоҳ, шоир, Комил Бекзода, файласуф, Рустами Ҷонӣ, журналист, Мирзомуҳаммадии Навид, мудири «Маркази тоҷикшиносӣ», Абдуғаффори Камол, шореҳи масоили сиёсии телевизиони тоҷик, Саидмуроди Эмомназар, котиби масъули маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Баҳриддин Ализода, корманди Институти такмили ихтисоси кормандони давлатӣ ва ғайра фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi