05:30:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚАТЛИ ХОҲАР БА ДАСТИ БАРОДАР ДАР КӮЛОБ

Маъмурони пулис як сокини 22-солаи шаҳри Кӯлобро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳараш боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки сокини 22-солаи ин шаҳр Мизробҷони Музаффар, хоҳараш Мизробова Озодамоҳ Музаффаровнаи 17-соларо, ба қатл расонидааст.

/images/stories/2013/01/20_shahri-kulob-20012013.jpgБа гуфтаи ин манбаъ, гумонбаршуда Мизробҷони Музаффар рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ хоҳарашро дар ошхонаи хонаи истиқоматиашон бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст. Мақомоти интизомӣ то кунун сабаби қатли хоҳар аз сӯи бародарро эълон накардаанд, вале гуфтаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад.

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки гумонбар дар қатли Мизробова Озодамоҳ Музаффаровна рӯзи 17-уми январ ва ба дунболи амалиёти фаврӣ-ҷусутӯии мақомоти интизомӣ дастгир шуда ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ҳодисаи қатли хоҳар аз сӯи бародар дар Тоҷикистон барои бори аввал нест ва моҳи августи соли гузашта як сокини шаҳри Турсунзода хоҳарашро барои амалҳои фоҳишагӣ, ба қатл расонида буд.

Куштор дар Тоҷикистон ҳукми сангинро дар пай дорад.Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира  ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi