БОЗДОШТИ ГЕНЕРАЛ - ПОЛКОВНИК БО ҶУРМИ ҶОСУСӢ
Дар вилояти Суғд фарде боздошт шудааст, ки худро “женерол-полковник” ва намояндаи Интерпол дар Осиёи Миёна муъаррифӣ мекардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки маъмурони амниятӣ ин фардро ҳамчунин дар иртикоби ҷосусӣ ба суди кишваре ҳамсоя мазнун донистаанд.
Фирӯз Боқиев, сухангӯйи пулиси вилояти Суғд, рӯзи 25 сентябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран ниҳодҳои амниятӣ Қурбоналӣ Табаров, сокини шаҳри Чкаловскро боздошт кардаанд. Оқои Боқиев бо такя ба иттилоъи манобеъи амниятӣ гуфт, ки зимни боздошт аз манзили Қурбоналӣ Табаров либоси низомӣ бо рутбаи “женерол-полковник” ва як шаҳодатномаи тақаллубӣ кашф ва мусодира шудааст.
Ин манобеъ ҳамчунин хабар додаанд, ки аз манзили оқои Табаров ҳамчунин шаҳодатномае бо исми вай кашф шуда, ки нишон медод вай гӯё “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” аст ва ҳамчунин намояндаи вижаи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Уруосиё мебошад.
Гуфта мешавад бо истифода аз ин мадорик оқои Табаров бо мақомоти маҳаллӣ ошноӣ пайдо карда ва аз ин асноди тақаллубӣ барои манфаъатҷӯйӣ истифода мекард. Ҳамчунин, бо истифода аз ин мадорик ва либоси низомӣ “ба боварии мардум даромада, ба қаллобӣ машғул" будааст.
Ниҳодҳои амниятӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кардаанд ашхосе, ки аз “фаъолиятҳои ин женероли тақаллубӣ” зарар дидаанд, ба пулис ва ё ниҳодҳои дигари интизомӣ муроҷеъа кунанд.
Ин дар ҳолест ки иддаъо мешавад, ки Қурбоналӣ Табаров ҳамчунин бо истифода аз равобити худ бо мақомоти маҳаллӣ, иттилоъ ҷамъоварӣ мекард ва ба ниҳодҳои зирабти кишвари ҳамсоя интиқол медод. Манобеъи амниятӣ мегӯянд онҳо собит кардаанд, ки оқои Табаров чанд маротиба бо истифода аз мадорики тақаллубӣ аз марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон убур кардааст.
Боздошт ва муҷозоти “ҷосусон” дар кишварҳои минтақа дар чанд соли ахир ба мавзӯъи доғе табдил шудааст. Феълан дар додгоҳе дар вилояти Суғд муҳокимаи масъулони корхонаи “Востокредмет”, ки дар гузашта ба коркарди маъодини урониюм машғул буд, идома дорад. Ин афрод ба “ҷосусӣ” ба суди кишваре дигар муттаҳам шудаанд.
Ахиран дар Тоҷикистон Муҳаммад Салимзода, як шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, низ ба ҷурми ҷосусӣ барои 29 сол равонаи зиндон шуд. Дар гузашта низ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбакистон аз чанд мавриди муҷозоти атбоъи тоҷику ӯзбак ба иттиҳоми ҷосусӣ гузориш шуда буд.
Вале барои бори нахуст аст, ки иддаъо мешавад “ҷосусон” барои анҷоми фаъолиятҳои худ аз мадорики тақаллубӣ ва либоси низомӣ бо рутбаи “женерол” ва ё масъули Интерпол истифода мекунанд.
Би-Би-Си