12:43:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30      

МУҶОЗОТИ ИДОРӢ БА МАЪМУРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Вазири умури дохилӣ ба ҳудуди 20 раҳбару фармондеҳи БДА ва "Воҳиди махсус"-и вазорат, муҷозоти идорӣ таъйин кардааст.

/images/stories/2012/07/11_bda-milisa-110712.jpgБино ба иттилои маркази матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сардори ситоди «Воҳиди махсус» полковник Маҳмадалӣ Раҳимов, сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии "Воҳиди махсус" полковник Миралӣ Ҷалолов танбеҳ гирифтаанд ва ба фармондеҳи баталиони "Воҳиди махсус" подполковник Азизулло Каримов танбеҳи қатъӣ эълон шудааст.

Ҳамчунин сардорони Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода, муовини сардори БДА дар шаҳри Душанбе низ танбеҳ гирифтаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ раҳбарони БДА ва "Воҳиди махсус"-ро барои фориғболӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат, дуруст ба роҳ намондани фаъолият, интизоми пасти хизматии ҳайати шахсӣ, сари вақт иҷро нашудани талабот, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, натиҷаҳои пасти хизматӣ дар самти кофтукови ҷиноӣ, назорати суст аз болои зердастон, нодуруст татбиқ намудани Қонуни забони давлатӣ ва ғайра танбеҳ додааст.

Қаблан Хокиро Сӯфиев, сарвари БДА-и шаҳри Ваҳдат барои даст доштан дар садамаи нақлиётӣ, аз вазифа сабукдӯш шуда буд. Муҷозоти раҳбарони БДА, "Воҳиди махсус" ва масъули амнияти ҳаракати раисҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони баландмартаба, зимни як ҷаласаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi