01:44:38 02-уми Июли 2025 сол

ВОКУНИШИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҲДУДИЯТИ НАВИ УЗБАКИСТОН

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иқдоми Узбакистон дар мавриди манъи ҳаракати мошинҳои боркаш аз қаламрави ин кишвар бе иҷозатномаи махсусро хилофи қонунҳои байналмиллалӣ номид.

Абдулфайз Ҷалилов мовини сардори сарраёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба мо гуфт, маҳдудиятҳое, ки Узбакистон мехоҳад аз 1-уми август ҷорӣ кунад, ба интиқоли бору коло ба Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Дар дастури Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфта мешавад, пас аз 1-уми август мошинҳои боркаше, ки барои гузаштан аз қаламрави Узбакистон иҷозатнома надоранд, ба кишвар роҳ дода намешаванд.

Дар гузашта чунин иҷозатнома дар марз дода мешуд, вале акнун онро танҳо мақомоти марказии Узбакистон дода метавонанд. Ҷаноби Ҷалилов гуфт, бо ин иқдоми Тошканд вуруди мошинҳои ҳомили маводи ғизо ба Тоҷикистон, ки аз Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар меоянд ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ