07:23:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚАЗИЯИ ҶӮРАЕВ ПОИ ЯК МАҚОМИ ОҶОНСИРО НИЗ БА МИЁН КАШИД

Ходимони Оҷонси мубориза бо фасод ваколатдори калони ин ниҳодро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт намудаанд

/images/stories/2012/06/18_arest-18062012.jpgОҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Сайидаҳтам Мудинов, ваколатдори калони ин ниҳодро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин Оҷонсӣ   подполковник Сайидаҳтам Мудинов бо истифода аз мақоми хидматӣ аз ёвари Низомхон Ҷӯраев, мудири кулли корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара дар соли 2007-ум, як мошини хориҷии тамғаи "Ниссан-Максима"-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта ва аз они худ кардааст.

Соҳибмулки асосии ин мошина Низомхон Ҷӯраев будааст, ки Мудинов Сайдаҳтам онро ба тасарруфи худ даровардаст. Дар соли 2007-ум Мудинов Сайидаҳтам ба ҳайси сардори шӯъбачаи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД-и Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамзамон узви гурӯҳи тафтишотии қазияи Низомхон Ҷӯраев будааст.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Мудинов Сайдаҳтам ба ҳайси шахси мансабдор аз мақоми хидматиаш истифода карда, Ғаниев Осимхон, ёвари мудири кулли корхонаи кимиёвии Исфараро фиреб медиҳад, ки алайҳи ӯ низ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст ва агар мошинаи мазкурро диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудани ӯ ёрӣ хоҳад кард.

Бар пояи тафтишоти пешакӣ Мудинов бо ин амали худ ба Низом Ҷӯраев ба маблағи 20 ҳазор доллар зарар расонидааст. Ҳоло нисбат ба Сайдаҳтам Мудинов, подполконики адлия ва ваколатдори калони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда ва тафтишот идома дорад.

Ҳамакнун дар парвандаи пурсарусадои "исфарагиҳо" баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Маскави Русия ҳолатҳои наве пеш меоянд. Аз ҷумла, дар як моҳи охир вобаста ба қазияи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар аз исфарагиҳо ду вакили дифоъ ва як корманди пешини додситонӣ шуданд.

Истеъфои додситони пешини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари додситони вилояти Суғд Очил Одилов низ ба ин қазия марбут дониста мешавад. Инчунин ба ин қазия пойи Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ низ кашида шуд ва аъзои Маҷлиси Миллӣ низ ӯро аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум карданд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.06.2012 14:04
хамин хел мешавадда! низомхон бо ду дасти адаб худро таслим мекунаду хамаро асири худ мегардонад бовар кунед ин холо аз нуги хамир фатир аст холо навигарихо дар пеш
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi